casino malaysia
casino malaysia
Муҳаққиқи нуктасанҷ ва донишманди соҳибкитоб ( ё сухане чанд дар мавриди осору фаъолияти Шерзод Абдуллоев)

wrapper

  Фарзонае мақоми олиму донишмандро дар ҷомеа ба риштаи таҳқиқ кашидаву онҳоро зарифона «нуқтаи паргори суҷуд» номидааст, ки фикр мекунам, ин муболиға набуда, баҳогузорие саҳеҳу воқеӣ мебошад. Илму дониш зербинои ҳастӣ, манбаи навовариву пешрафт ва мояи шукӯҳу шаҳомати ҳар ҷомеа мебошад. Инчунин, танҳо ҷомеае муваффақу пешрав аст, ки ба дастовардҳои илму дониш такя кардаву хирадмандону донишмандонаш дар меҳвари рӯзгору иҷтимояш қарор доранд. Дар муҳити маънавию фарҳангии тоҷик бошад, аз бомдоди он ҳамеша донишу хирад мақому манзалати хосса доштааст. Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба мақом ва нақши илм дар рушду тараққии ҷомеа диққати махсус дода, истифодаи дастовардҳои илмиро дар пешрафти ҷоме аз самтҳои афзалиятдоштаи сиёсати хеш қарор додаст ва баҳри густариши он кӯшиши ҳаматарафа ба харҷ медиҳад. Баромадҳои пайвастаи Сарвари давлат дар мавриди боз ҳам баланд бардоштани ҷойгоҳи илму дониш ва мақоми он дар ҷомеаи муосир ва махсусан баромади охирашон дар Рӯзи дониш далели ин гуфтаҳост. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар заминаи ҳамин сиёсати илмпарварона ва бунёдкорона кишвари мо ба марҳилаи нави рушди худ ворид гаштаву натиҷаҳои он барои ҳама рӯшан аст, ки дастовардҳои баланди 30 – соли даврони итиқлол далели он мебошад. Ҳоло низ шоҳиди он ҳастем, ки сарвари давлат бунёдкориву созандагиро аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти худ ва рушди кишвар қарор дода, барои пешрафти Ватани азизамон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Ба ҳамагон аён аст, ки дар амалӣ намудани ин сиёсати созандагӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои ба он рабтдошта саҳми олимону донишмандон ва шахсиятҳои ҷамъиятии кишвар хеле назаррас аст.
   Ба қатори чунин афрод, ки ҳаёту зиндагӣ ва донишу малакаи худро барои пешрафти илм ва ободии кишвар равона намудаанд, номзади илми фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устод Шерзод Абдуллоевро номбар кардан мумкин аст. Устод Шерзод Абдуллоев аз шахсиятҳои шинохта  ва маъруфи муҳити илмии кишвар ба шумор меравад. Ӯ ба ҳайси олими варзида, муҳаққиқи мӯшикофу нуктасанҷ, омӯзгори пуртаҷриба ва роҳбару роҳнамои насли нави олимони ҷавони мамлакат кайҳо боз соҳиби обурӯву эътибор мебошад.
   Шерзод Абдуллоев соли 1970 факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) -ро хатм кардааст. Солҳои 1970—1972 дар Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон ба ҳайси ходими илмӣ кору фаолият намуда,  солҳои 1972—1976 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аз фанни таъриху назарияи дин ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Солҳои 1976—1979 дар Ҷумҳурии Эрон ба сифати тарҷумон ҳамроҳи мутахассисони шӯравии собиқ кору фаъолият кардааст. Абдуллоев баъди ин солҳои 1979—1982 дар аспирантураи Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶТ таҳсил намуда, рисолаи илмияшро дар мавзӯи “Оқибатҳои иҷтимоии инқилоби илмию  техникӣ дар таъбири уламои ислом” дар Маскав бомуваффақият ҳимоя менамояд.
   Баъди ин солҳои 1992—2009 вазифаи мудири Шӯъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафаи АИ ҶТ -ро ба ӯҳда дошта, дар таҳқиқи лоиҳаҳои давлатии ин муассисаи илмӣ саҳми босазо гирифтааст. Солҳои 1989—2002 ӯ ба ҳайси ҳамкор дар кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон фаолият мекунад. Солҳои 2009 – 2014 бошад, вазифаи муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ – ро ба ӯҳда доштаву ҳоло бошад, вазифаи ходими пешбари илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ–ро  ба зимма дорад. Муллифи бештар аз 200 номгӯй асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.
   Доираи таҳқиқот ва таълифоти илмии Шерзод Абдуллоев хеле васеъю густарда буда, он дарбаргирандаи масъалаҳои умуминазарии фалсафӣ, таърихи фалсафа, масъалаҳои фарҳангӣ ва махсусан қисмати диншиносии он, шурӯъ аз таърихи дин ва фалсафаи дин то масъалаҳои исломшиносии фалсафии муосирро фаро мегирад.
   Марҳилаи аввалини таҳқиқоти илмии Ш. Абдуллоев аз замони таҳсили донишгоҳияш оғоз ёфта,  бо чандин мақолаву ҷузвияҳо дар мавзӯи омӯзиши ислом бо таҳқиқи яке аз муҳимтарин падидаҳо ва мавзӯъҳои мубрами илмии нимаи дуюми асри XX - “Инқилоби илмию техникӣ ва ислом” пеш рафтааст. Ин марҳалаи фаъолияти олим баъдтар бо дифои рисолаи илмӣ дар мавзӯи зикршуда, чунончи қайд шуд ва нашри як зумра мақолот ва ҷузвияву рисолаҳои дигар,  аз қабили «Илм ва дин дар бораи маънӣ ва мақсади ҳаёт» соли 1976, «Инқилоби илмию техникӣ ва ислом» соли 1984, «Воқеият ва ислом»  соли 1984, «Исломи муосир дар арсаи сиёсат ва идеология»  соли  1990  ва ғайра идома ёфтааст. Таҳқиқоти илмӣ дар ин самт ҷиҳати шинохти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаҳои исломӣ дар давраи инқилоби илмию техникӣ ва таъсири оқибатҳои иҷтимоии он ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии онҳо ва омӯхтани аксуламали уламои соҳаи илоҳиёти ин кишварҳо ба ин раванд дар он замон хеле мубраму баҳснок ва инчунин аҳамияти ҷиддӣ дошт. Зикр намудан ба маврид аст, ки ин аввалин таҳқиқоту пажӯҳиши илмие буд, ки оид ба ин мавзӯъ ва масоили марбут ба он дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ сурат мегирифт. Ҳамзамон, мавзӯи номбурда то имрӯз низ, дар шароити инқилоби иттилоотию технологӣ мубрамияти худро аз даст надодааст ва ҳоло ҳам  таҳқиқотҳо дар ин соҳа бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ  муҳим мебошанд. 
   Марҳилаи баъдина ва доираи дигари таҳқиқоти илмии Шерзод Абдуллоев бо омӯхтани ҳаракати маорифпарварӣ ва озодфикрӣ, бо назардошти ислоҳи шуури мазҳабӣ ва таҷдиди тафаккури динии шаҳрвандон дар Осиёи Марказӣ ва махсусан таърихи фарҳанги тоҷикон вобаста аст. Доираи ин мавзӯъ дар асоси эҷодиёти аллома Аҳмади Дониш ва пайравонаш ва вазъи онрӯзаи олами ислом ба тарзи муқоисавӣ баррасӣ шудааст. Ҳарчанд то ин замон дар доираи мавзӯи номбурда, алалхусус дар атрофи эҷодиёти илмию адабии Аҳмади Дониш корҳои зиёди илмию таҳқиқотӣ ба анҷом расида буданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо ба таври ҷиддӣ масъалаи иртиботи ғояҳои маорифпарварии Аҳмади Донишро бо зарурати ислоҳи тафаккури динии шахшудамонда ва ислоҳи шуури мазҳабии ҷомеа баррасӣ накарда буданд. Инчунин, дар ягон таҳқиқоти дигар Аҳмади Дониш чун аввалин асосгузори ҳаракати ислоҳи тафаккури динӣ дар Осиёи Марказӣ  матраҳ нашуда буд. Ин масъалаву ғояҳоро муҳаққиқ дар рисолаи илмияш «Маорифпарварӣ ва озодфикрӣ: афкори динию фалсафӣ ва ислоҳотии Аҳмади Дониш» нашри соли 1994   ба риштаи таҳқиқ кашидаву паҳлуҳои гуногуни онро марвриди ҷидди омӯзиш қарор додааст. Зикр намудан лозим аст, ки рисолаи мазкурро муаллиф дар рӯҳияи фазои замони аввали истиқлолияти миллию давлатии мо бо назардошти худшиносии миллӣ ва бедории хотираи таърихии миллатамон таълиф намуда буд. Он дар муҳити илмию фарҳангии кишвар ҳамовозии баландеро соҳиб гашта буд. Сарфи назар аз он, ки баъдар ҳам боз чандин рисолаҳои илмӣ дар атрофи ақидаҳои иҷтимоии Аҳмади Дониш ба табъ расиданд, вале  бештар таваҷҷуҳе ба ин мавзӯъ баробари рисолаи Абдуллоев то ҳанӯз ба чашм намехӯрад. Таҳқиқи ин мавзӯъ воқеан идомаи мавзӯоти пешинаи муаллиф дар муқоиса бо фаъолияти боқимонда намояндагони ҳаракати ислоҳи олами ислом дар дигар минтақаҳо буд.  
    Дигар доираи таҳқиқот ва марҳилаи навбатии эҷодиёти илмии Абдуллоев, ки ба замони истиқлолияти комили кишварамон рост меояд, бо коркард ва таҳқиқи системавию фундаменталӣ-бунёдии мавзӯъҳои исломшиносӣ ва диншиносӣ ва навиштани китобҳои таълимии ин фанҳо вобастагӣ дорад. Дар иртиботи ин фанҳо донишманд китобҳои таълимии  «Асосҳои диншиносӣ» соли 1996 ва 2016, ки аз ду китоб - «Таърихи дин» ва «Фалсафаи дин»  иборат мебошанд, инчунин «Муқаддимаи фалсафа» соли 2004, «Асосҳои фалсафа» соли 2013 дар ҳаммуаллифӣ, «Маърифати исломшиносӣ» соли 2015, «Таърихи дин» соли 2016 дар ҳаммуаллифӣ ва ғайраҳоро ба нашр расонидааст, ки ҳам ҷанбаи қавии илмӣ дошта ва ҳам имрӯз яке аз китобҳои асосии таълимӣ дар макотибу донишгоҳҳои кишвар ба ҳисоб мераванд.
     Дар баробари ин китобҳои дарсӣ, китоби дигари Абдуллоев «Фалсафаи одамият: дин ва гуманизм»  нашри соли 2003 як таҳқиқоти тозаи илмӣ дар инсоншиносиву диншиносист. Дар он баҳсҳои ҷолибе ҳам дар мавриди фалсафаи гуманизм ва ҳам дар мавриди таносуби гуманизм ва дин вуҷуд дорад. Ин китоб бо ҳамроҳи китоби «Асосҳои диншиносӣ» соли 2004 барандаи ҷоизаи олии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ гардид. Маврид ба зикр аст,  Ш. Абдуллоев идомадиҳандаи анъанаи мактаби фалсафии тоҷик, ки ба кишвар чандин олимону файласуфонро аз қабили А. М. Баҳоваддинов, Ғ. Ашуров, М. Диноршоев, А. Турсунов, М. Раҷабов, К. Олимов, А. Муҳаммадхоҷаев, Н. Одилов, Х. Додихудоев, М. Музаффарӣ ва дигарон  мебошад, ки барои равнақи илму маорифи ватанӣ хизмати арзанда намудаанд.
    Ҳамзамон,  он кас дар атрофи мавзӯъҳои гарми ҷомеаи муосири мо, аз қабили рванди ташаккулёбии худшииносии миллӣ, заминаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарварию ватандӯстӣ, пешгирӣ аз афзоиши ифротгароии динӣ ва ғайраҳо ҷузвия ва мақолаҳои зиёди илмио оммавӣ ба нашр расонидааст. Мақолаҳои илмӣ – оммавии муаллиф дар мавзӯъҳои доғи ҷомеа баробари таълифоти илмияш аҳамияту мубрамияти хосро доро мебошанд ва аз тарафи хонанда бисёр гарм истиқбол мешаванд. Дар баробари ин, Абдуллоев дар симпозиуму конфронсҳои  гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар дохили кишвар ва хориҷ аз он иштироку баромад намуда, кишвари моро дар байни олимони ҷаҳон муаррифӣ намудааст.
    Самти дигари бисёр муҳими фаолияти устод Шерзод Абдуллоев кори таълимию омӯзгории он кас аст. Дар баробари кори омӯзгорияш дар донишгоҳ, зери роҳбарии ӯ чандин нафар олимони ҷавон рисолаҳои илмии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд. Инчунин, унвоҷӯёну донишҷӯёни самтҳои дигар низ пайваста аз маслиҳату машварати муфиду васеи он кас баҳравар мебошанд.
   Зикр намудан ба маврид аст, ки дар баробари кори илмӣ ва ҷамъиятияш устод  Шерзод Абдуллоев дар хонадон падари меҳрубон ва сарвари оилаи хушбахт мебошад. Ҳама фарзандонаш соҳиби маълумот ва касбу ихтисоси хуб буда, дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ содиқона ба халқу Ватан хизмат мекунанд.  
   Имрӯзҳо устод Шерзод Абдуллоев ба синни мубораки 75-солагӣ қадам мениҳад. Ин саннаи ҷашнии устод ба рӯзҳои ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти Ватани азизамон  мувофиқ омадааст. Аз ин рӯ,  устоди арҷманди хешро ба зодрӯзи фархундаашон ва ҷашни 30 – солагии Истиқлоли кишвар муборакбод гуфта, ба эшон тамоми хушиҳои зиндагӣ, муваффақияти ояндаи илмиву эҷодӣ ва комёбиҳои бардавомро таманно менамоем.
                                     Ҷуз ин дуо-т нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфта,
                                     Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ.
 
                                        Ғаффор Мирзоев,  
доктори илмҳои фалсафа,
                                    мудири  кафедраи фалсафаи назди Раёсати АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia