Нусхаи чопи
Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Соли 2021 мардуми шарафманду сулҳхоҳу ватанпарасти миллати тоҷик 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии худро дар фазои  созандагию бунёдкорӣ, дӯстию якдигарфаҳмӣ таҷлил менамояд.
  Таъкид намудан ба маврид аст, ки маҳз Истиқлоли миллӣ роҳнамои дурахшони  мо  буд  ва  бо шарофати он мо дар давоми 30 сол қадам ба қадам марҳилаҳои зиёдеро дар эъмори давлати миллиамон тай намудем. Дар натиҷа ба муяссар гашт, ки ба  ҳадафҳои созандаи худ бирасем ва замини устуворро барои рушди минбаъдаи кишвар эҷод намоем.  Чуноне ки Сарвари давлати мо қайд мекунад: “ ҳамаи ин корҳоро мо ба хотири беҳтар намудани шароити зиндагии халқи шарафманди тоҷик ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ анҷом додем.
   Ва ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем.
   Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пуршебу фарози миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем”.
  Бояд ёдовар шавем, ки барои расидан ба ин Рўзи саид миллати тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, бо шарофати дарки манфиатҳои миллӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки мо метавонем таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида дар фазои сулҳу субот умр ба сар барем ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талошҳои ватандӯстона ободу зебо гардонем.
Боиси ифтихори мо ҷавонон аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2017 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуд, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шавад. Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки ҷавонон ояндаи миллату давлат ҳастанд: «ҷавонони мо бо тафаккури сатҳи саводнокӣ ба куллӣ фарқ доранд. Ман ҷавононро ба насли солҳои 90- ум муқоиса карда, ифтихор мекунам»
  Ҷои баҳс нест, ки ояндаи  ҳар як миллату давлат дар дасти ин қишри ҷомеа мебошад.  Аз ҳамин нуқтаи назар, то чи андоза бархўрдор будани ҷавонон аз фарҳанги миллӣ ва доштани ҳувияти миллӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Воқеан ин қишри ҷомеа дорои зарфияти бузурги зеҳнӣ ҳастанд. Пешвои миллат муҳтарам Э.Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид менамояд, ки дарки моҳияти истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби ҷавонон, гиромидошт ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва огоҳ будани ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллат рисолати насли ҷавони  тоҷик аст.
  Истиқлолият дар баробари ин, ки  ормону орзуи  деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузаштаи пурифтихорамон ва кору фаъолияти созанда барои имрўзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки аксари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон неруи бузург буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа мебошад. Дар ҷомеаи имрўза дар кору пешбурди соҳаҳои мухталиф мавқеи ҷавонон  хеле  муҳим аст.
  Мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки тақдири ояндаи халқу миллат ба души мо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустӣ кўшишу талошҳои зиёд намоем.
  Барои он, ки дар замири ҷавонон ҳисси ватандўстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан дошта бошад, онҳо пеш аз ҳама бояд аз таърих ва фарҳанти куҳанбунёдамон бархурдор гарданд. Ҳамчунин моҳияти истиқлолияти давлати худро  дақиқ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром дошта бошанд.
   Дар назди мо - ҷавонон масъалаҳои мубрами рушди ҷомеаи муосир  пайдо шудаанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дўст доштани ватанро талаб мекунад.
   Ҳадафҳои асосии имрўзаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ин расидан ба  таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 30 – соли соҳибистиқлолии худ бидуни душвориҳо  ба ин ҳадафҳои стратегии худ ноил гашта истодааст.
   Қобили зикр аст, ки барои ба даст овардани Истиқлоли миллӣ ва маҳфуз доштани давлатдории миллӣ  нақши худи миллати тоҷик хеле бузург аст. Дарк кардани хавфу хатар ва таҳдидҳои гуногуни замони муосир ба манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ албатта, на ба ҳар як миллату халқиятҳо муяссар мегардад. Миллати тоҷик дар ин масъалаи бисёр ҳассос аз имтиҳони ҷиддии таърихӣ гузаштааст. Бинобар ин моро лозим аст, ки ба ин неъмати бебаҳо ва муқаддас- Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва Сарвари шуҷои  миллат  ба қадри ин сарзамини биҳиштосо бирасему ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар тарбия намоем, то ки  онҳо  дар оянда  Истиқлоли давлатӣ - ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт карда тавонанд.
 
Давлатмуродзода Балхия Давлатмурод
 
ходими хурди илмии
 Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
 ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ