Нусхаи чопи
Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  9  сентябри  соли  1991  дар Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эъломияи  Истиқлоли  кишвар  қабул  шуд, ки ин барои мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон азизтарин ва пурарзиштарин дастовард маҳсуб меёбад. Аз ҳамон давр то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ба  Ҷашни муқаддас мубаддал ёфтааст. Истиқлоли давлатӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлоли давлатӣ рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Аз баракати Истиқлоли давлатӣ кулли мардуми сайёра миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон мешиносанд. Зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем ба ҷаҳониён исбот намоем, ки тоҷикон миллати куҳанбунёд буда, дорои фарҳанги бою қадимӣ мебошанд. Самараи неки истиқлол аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.
   Даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеъӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ муқаддастарин неъмати дунё буда, шукргузорӣ аз он менамоянд, ки миллати тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидааст. Ва ҳар фарзанди фарзонаи ин сарзамин барои ҳифз ва устувор нигоҳ доштани пояҳои истиқлоли миллӣ масъулияти бузурге бар дӯш доранд. Мо танҳо бо меҳнати якдилона метавонем истиқлолияти давлатии худро  маҳфуз дорем ва ба хотири таъмини ваҳдати миллӣ пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худро  таҳким диҳем. Ободу зебо намудани сарзамини аҷдодӣ ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани азизи хеш масъулияти бузургеро талаб менамояд. Дар хақиқат  самараи фазои босуботу ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои фарҳангиву илмӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа кор ва фаъолият менамоем.
  Оромию осоиштагии ҳар як давлату миллат ба масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди он, махсусан ҷавонон вобастагӣ дорад. Ояндаи кишвар, пешрафти мамлакат, шукуфоии сарзамини аҷдодӣ аз мавҷудияти зиракии сиёсӣ, меҳру муҳаббати ҷавонон нисбат ба Ватани азиз ва фарҳангу суннати он  иртиботи зиёд дорад. Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чунин баён намуда буданд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва аз забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд». Дар ҳақиқат ҷавонони имрӯз, дар муқоиса бо наслҳои пешина бо савияи дониш ва одобу ахлоқ, маърифату ҷаҳонбинӣ куллан фарқ мекунанд.
   Яке аз дастоварди муҳими Истиқлоли давлатӣ барои ҷавонон аз он иборат аст, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа мунтазам меафзояд. Дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мудаввом таъкид  мегардад, ки    «ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои Ватандӯстиву Ватанпарастӣ мебошад».
  Имрӯз нақши илм дар рушду шукуфоии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз афзуда, аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат нисбати он диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ҷиҳати ҳавасманд гардонидани ҷавонон дар давоми соҳибистиқлолӣ як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияи президентӣ, инчунин баланд намудани стипендияҳои магистрон, аспирантон ва докторантон, ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз тарафи Ҳукумати мамлакат амалӣ карда мешавад.
 Ҷавонони  кишвар  аз  вохӯриву  мулоқотҳои ҳарсола  бо  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои худ сабақи судманд гирифтаву дар роҳи  ба  ҳаёт татбиқ  намудани  он  ҳамеша  садоқату  фидокорӣ  зоҳир  мекунанд,  ки  мо онро дар мисоли ҳаёти муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баръало  мушоҳида мекунем. Тайи солҳои охир бо ташаббуси  муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабиниҳои  мухталифи  сиёсиву  фарҳангӣ,  маърифатию  ахлоқӣ  ва  илмию  маданӣ  аз  қабили конференсияи  анъанавии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм ва инноватсия»  баргузор мегардад. Инчунин ҳарсола конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Саҳми занон дар рушди илм» гузаронида мешавад, ки дар амалисозии он саҳми олимони ҷавон хеле назаррас аст.
  Истиқлоли давлатӣ алалхусус барои бонувону духтарони кишвар дар амалисозии ҳуқуқашон шароити мусоид фароҳам овард ва  дар тули  30-соли соҳибистиқлоли Тоҷикистон онҳо мавқеи хосаеро дар ҷомеа пайдо намуданд. Бонувони тоҷик хусусан дар самти илмомӯзӣ ва фаъолият дар соҳаҳои гуногун аз ҷониби  Пешвои миллат ва ҳукумати кишвар ҷонибдорӣ шуданд. Мавқеи бонувон дар натиҷаи сиёсати муваффақи кадрии Президенти кишвар дар ҷомеа баланд гардид ва ин дастгириҳо ба онҳо нерӯи тоза бахшид. Онҳо тавонистанд баробари мардон созанда бошанду бунёдкор. Чун сухан дар мавриди илмомӯзӣ ва фаъолияти бонувон рафт, ҳаминро бояд зикр кунам, ки масалан аз солҳои 2010 хатми ҳимояи рисолаи номзадии аспирантон ва унвонҷӯёни Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд - ИФСҲ АМИТ) то инҷониб зиёда аз 114 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 30% - ро бонувону духтарон ташкил медиҳанд. Баъд аз дифои рисолаи номзадӣ  муҳаққиқони ҷавон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият карда истодаанд. Зиёда аз 40 нафар онҳо баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба ИФСҲ АМИТ ба кор омада,  фаъолияти илмӣ – таҳқиқотии худро идома  доданд. Ҳамасола ИФСҲ АМИТ аз рӯи 4 бахш (фалсафа, сиёсатшиносӣ, сотсиология ва ҳуқуқшиносӣ) ва  25 ихтисос унвонҷӯёни ватаниро барои дарёфти дараҷаҳои  илмӣ қабул менамояд.
Роҳбарият ва мутахассисони ИФСҲ АМИТ барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то шогирдони ин даргоҳ оянда ба Ватани азизи хеш  содиқона хизмат намоянд. Ҷавонон, ки қишри асосӣ дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд, бояд  дар рӯҳияи ватандӯстиву маърифатпарварӣ, илму фарҳангдӯстӣ тарбия ёбанд.
  Дар робита ба рушди илмомӯзӣ ва фаъолияти ҷавонон ёдрас мешавем, ки таваҷҷӯҳ ва умеди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон буд, ки соли 2017- ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд.
  Ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонони кишвар дар ҳама соҳаҳо хоҷагии халқ фаъолият намуда истодаанд. Ҳар як ҷавони бофазлу хиради ватандӯст дар пайравӣ ба иқдому талошҳои Сарвари давлати худ кушиш дорад, ки соҳибилму созанда бошад ва дар ободонӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ нақши боризе дошта бошад.


Иброҳимова С.Ҳ
 
номзади илмҳои фалсафа,
мутахассис оид ба кор бо аспирантон
ва унвонҷӯёни Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А.Баҳоваддинови Академияи миллии
 илмҳои Тоҷикистон