Нусхаи чопи
  Ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ ин ҳуқуқҳои субъективии граждание мебошад, ки баҳри таъмини манфиатҳои як субъект оид ба  танҳо истифода намудан, яъне ки истифодаи ашёи як шахси дигар бидуни ихтиёрдорӣ ва соҳибият, ашёи бо нишони инфиродӣ мушаххасе, ки ба дигар субъект дар ҳуқуқи моликият қарор дорад, равона карда шудааст. Бояд қайд намуд, ки ягона ҳуқуқи субъективии граждании ашёӣ - ин ҳуқуқи моликият мебошад, ки ба дорандаи моликият, яъне соҳибмулк се ваколатро-  соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани моликияташро медиҳад. Аз ин бармеояд, ки танҳо ва танҳо ҳуқуқи моликият ҳамчун ҳуқуқи пурраи ашёӣ эътироф карда мешавад. Вале аз қадимулайём дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳолатҳое дида мешуданд, ки соҳибмулк субъекти дигар асту истифодаи ашёи он ба субъекти дигар гузаштааст. 
  Тавре ки Ф.С. Сулаймонов ибрози тафоҳум доштаанд, барои дарки ҳуқуқ ба ашёи бегона ба саволҳое, ки  саргиҷкунанда мебошанд, ба мисли:  “Нисбати ашёи мушаххас, ки ба сифати объекти ҳуқуқи моликияти як субъект баромад  менамояд, магар дигар субъект ҳуқуқ дошта метавонад? Агар посух ба саволи гузошташуда мусбӣ бошад, пас ин ҳуқуқи субъекти дигар дорои кадом хусусиятҳо мебошад? Магар дар чунин ҳолат ҳуқуқи моликияти соҳибмулк  маҳдуд карда мешавад?” [2,179] бояд ҷавоби аниқу дақиқро дарёфт намуд.
  Аз замонҳои қадим оғози ҷавоби ин суолҳои гузошташударо лозим меояд, ки дида бароем. Аз Рими қадим агар мо оғоз намоем, алаккай ба зеҳнамон Дигестаи Юстиниан меояд. Чунин ҳуқуқҳои зикргардида, яъне истифода намудани ашёи субъект- соҳибҳуқуқ  аз ҷониби субъекти дигар дар ҳамон замонҳо аллакай рӯйи кор омадаву дар қонун (Дигестаи Юстиниан) мустаҳакам гардонида шуда буд. Он ҳуқуқҳоро ба мисли сервитут, узуфрукт,  изус ва ғайраҳо ташкил медоданд, ки дар байни омма бештар паҳнгашта ба ҳисоб мерафтанд. Сервитутҳо ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешуданд: сервитутҳои оммавӣ ва сервитутҳои хусусӣ. Шакли маъмултарин ва паҳншудатарини сервитут ин сервитутҳои хусусӣ ба шумор мерафтанд. 
  Дар зери маҳфуми сервитутҳои хусусӣ ҳуқуқи истифодаи якумра аз ашёи бегона фаҳмида мешавад. Намудҳои асосии сервитутҳои хусусӣ инҳо ба шумор мерафтанд: Ususfructus, usus, habitation, opera servorum vel animalium [4,170].
  Пеш аз он ки мавзуи зеринро таҳлил намоем, ба мо зарур меояд, ки худи мафҳуми узуфруктро дида бароем. Узуфрукт  (аз калимаи лотинии usus —истифодабарӣ ва  fructus —даромад, фоида) —ҳуқуқи ашёие  мебошад, ки ба истифодаи ашёи бегона рабт дошта, аз он ба даст овардани фоида, лекин бо шарти нигоҳ доштани худи ашё, арзиши ашё нигаронида шудааст [6] . 
  Пайдоиши узуфрукт ба қарнҳои сеи пеш аз мелод – бо коркарди консепсияи ius in re aliena рост меояд[3,415].  Узуфрукт аз ҳама маъмултарин ва паҳншудатарини ҳуқуқ ба ашёи бегона ба шумор меравад. Ваколатгирандаи ин ҳуқуқ узуфруктуарий ба ҳисоб рафта, метавонист аз узуфрукт ҳамчун ҳуқуқ ба ашё истифода барад, ҳамчунин самараи ба дастомадаро истифода кунад[5, 208]. Дар баробари ин узуфруктуарий уҳдадор мешуд, ки дар баробари гирифтани самара ва истифода аз он узуфруктро дар ҳолати муқарарӣ нигоҳ дошта, ба вай осебе нарасонад. Узуфрукт ҳуқуқи истифода ва гирифтани самара аз ашёи бегона бо дарназардошти нигоҳдории дахлнопазирии соҳибмулк ба ашёро ифода мекунад. Дорандаи ин ҳуқуқ уҳдадор буд, ки бо ашё ҳамчун соҳибмулки хуб муносибат намуда, тамоми қоидаҳои истифодабариро риоя намояд. Истифодабарандаи ҳуқуқ соҳибмулки самараи ба дастовардашуда аз замони ҷамъкунии самара аз худи ҳамин ашё ба ҳисоб меравад. Ҳангоми амали узуфрукт соҳибмулк ҳуқуқ ба даромад аз ашёро надошт, ва соҳибмулкии у ба ифодаи дигар “Соҳибмулкии урён”  ҳисобида мешуд. Соҳибмулки аслӣ метавонист, ки ҳуқуқи соҳибияшро ба шахси дигар диҳад, ба иҷора гузорад ва монанди инҳо, танҳо аз ин амали ӯ узуфрукт зараре набинад. Предмети узуфрукт ашёе шуда метавонист, ки истифодаи он беталабот ва нестнашаванда бошад.
  Узуфруктуарий уҳдадориҳои муайяни дар шартномаи шифоҳӣ дарҷгардидаро ба зимма дошт.  Ӯ бояд аз несту нобудшавӣ ашёро эмин нигоҳ дошта, барои пурсамарии даромад ғамхорӣ менамуд. Тамоми сарфаҳоро узуфруктуарий ба уҳда дошт аз ҷумла гунаҳкорӣ ва ҷавобгариро. Ҳангоми бар гардонидани ашё ашё бояд дар ҳолати хуб ва барои истифодаи солҳои тулонии дигар ҷавобгӯ бошад. Барои таъмини иҷрои ин уҳдадориҳо инчунин баргардонидани узуфрукт баъди марги узуфруктуарий таъмини  преторӣ (преторское) ба роҳ монда мешуд, ки ин бо тариқи стипулятсия, яъне уҳдадориҳои падар ҳангоми марги ӯ ба писараш мегузашт.
  Дар Дигестаи Юстиниан узуфрукт чунин фаҳмонида шудааст: “Узуфрукт ин ҳуқуқи истифода аз ашёи бегона ва ба даст овардани самара аз он бо нигоҳдошти пурраи мавҷудияти ашё мебошад” (D.7.1.1) Узуфрукт- ин ҳуқуқи истифодаи якумра ё ин ки бо муҳлати муайян аз ашёи бегона буд, ки он ба меросӣ намегузашт, ҳамчунин ҳуқуқи бегона кардани онро узуфруктуарий надошт [3,415.]. Истифодаи нодурусти ашё уҳдадории узуфруктурийро ба миён меовард.  Дар ҳуқуқи хусусии римӣ уҳдадориҳои ба вуҷудоянда, ё  ин ки иваз шудани таъминоти узуфрукт нишон дода шудааст. Масалан ҳангоми хушк гардидани кул уҳдадорӣ ба зиммаи узуфруктуарий вогузор намешуд, лекин узуфруктурий бо мақсади дигар узуфруктро истифода карда наметавонист. Ин боиси қатъ гардидани узуфрукт мегашт ва узуфрукт ба соҳибмулк баргардонида мешуд. Дигар ҳолатҳои ба вуҷуд меомада дар шартномаи шифоҳие дарҷ карда мешуданд, ки соҳибмулк бо узуфруктуарий он шартномаро бастаанд.
  Истифодаи самара ё ин ки узуфрукт сервитути хусусӣ ба ҳисоб рафта, ба шахси ваколатдор ё ин ки истифодабарандаи самара ҳуқуқи ройгон ба даст овардани онро медод ва ҳамчун қоида қуқуқи  истифодаи якумраи ашёи бегона ва гирифтани самара аз он бо дарбаргирандаи уҳдадориҳои ба ӯ вогузоршуда то ба анҷомрасии истифода аз самараи узуфрукт  ба ҳисоб рафта, дар охири мӯҳлат  ашё бояд ба соҳибмулк дар ҳолати пештара ва коршоям бе ягон зарар баргардонида мешуд.
  Узуфрукт ҳамчун шакли асосии ҳуқуқ ба ашёи бегона дар охирҳои давлатдории Рими қадим ба вуҷуд омадааст. Дар он вақт предмети узуфрукт танҳо ашёҳое шуда метавонистанд, ки таъминоташонро гум намекарданд. Чунки ин ашёҳо, яъне узуфрукт бояд ки ба соҳибмулк баъди ба анҷомрасии шартнома баргардонида мешуд. Ашёҳое,ки таъминоташонро гум мекарданд ба сифати предмети узуфрукт баромад карда наметавонистанд. Узуфрукт дар Рими қадим ба ду зернамуд ҷудо мешуд:
а) узуфрукт ба маънои дақиқ;
б) узуфрукт ба маънои маҷозӣ.
  Дар зернамуди якум, яъне дар узуфрукт ба маънои дақиқ ҳолате фаҳмида мешуд, ки узуфруктуарий предмети узуфруктро бо шарти истифода намудани самараи он қабул мекард. Ӯ ҳуқуқ дошт, ки аз тамоми самараҳои табиӣ ва граждание, ки ба даст меомад, истифода кунад. Соҳибмулкӣ ба самараро ӯ аз персепсия ба даст меовард ва он то ба марги ӯ давом мекард. Аз ҳамин лиҳоз ин узуфрукт ба маънои дақиқ фаҳмида мешуд. Инчунин он метавонист, ки ба шахсе сеюм баъди марги узуфруктуарий барои истифода гузарад. Лекин ин ҳуқуқ то ба анҷомрасии муҳлати қайдшуда давом карда метавонисту халос. Аз замони ба итмом расидани муҳлати узуфрукт ашё ба соҳибмулки аслӣ бармегашт.
  Уҳдадориҳои асосии узуфруктуарий инҳо шуда метавонистанд: бояд субстансияи узуфрукт нигоҳ дошта мешуд, узуфруктуарий ашёро бояд бо мақсад истифода мекард, амалҳои муайянеро барои ба даст овардани самараи хуб ба анҷом мерасонид, самараи узуфруктро бояд бо мақсади иқтисодие, ки пеш аз гирифтани узуфрукт дар назар дошт ва ин боиси гирифтани узуфрукт гардид, истифода мекард, ба соҳибмулк кафолатнокии ашёяшро ваъда медод, инчунин тамоми чораҳои заруриро меандешид, то ки узуфрукт дар ҳолати пештара ба соҳибмулкаш баргардонида шавад. Узуфруктуарий, ҳуқуқи бад кардани ҳолати ашё як тараф истад, ҳатто ҳуқуқи беҳтар кардани  ҳолати ашёро надошт [3,416].
  Дар фаҳмиши квазиузуфрукт, яъне узуфрукт ба маънои маҷозиаш, узуфруктуарий предмети узуфруктро ба соҳибӣ мегирифт. Ҳангоми ба анҷом расидани муҳлат ӯ уҳдадор мешуд, ки ба соҳибмулк миқдори ашёи ҳамон намуд ё ин ки аққалан қиммати  ҳамон ашёро баргардонад.
  Ба саволҳои гузошташудаи худ ҷавоби дақиқро гирифтем, акнун мегузарем ба умқи мавзуъ, яъне узуфрукт чун ҳуқуқи маҳдуди ашёӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуқуқи молумулкии шахсоне,ки молик намебошанд  як қатор ҳуқуқҳои маҳдуди ашёӣ оварда шудааст[1,241].  Дар баробари ҳуқуқи моликият Кодекси граждании кишварамон як қатор  ҳуқуқҳое, ки ба молу мулк алоқамандии ногусастанӣ доранд, нишон  дода ба шахсоне, ки молики он намебошанд кафолати истифодаи онро додааст. Ба ин ҳуқуқҳо метавонем дохил намоем:
  1. Ҳуқуқи истифодаи замин;
  2. Ҳуқуқи хоҷагидорӣ;
  3. Ҳуқуқи идораи оперативӣ;
  4. Дигар ҳуқуқҳои молу мулкӣ.
  Аз нишондодҳои боло бармеояд, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба давлатҳои хориҷа номгӯи ками ҳуқуқ ба ашёи бегона ҷой дода шудааст. Азбаски дар қонунгузории дохилаи кишвар вобаста ба фарқият, дурусти дарҷи ҳуқуқ ба ашёи бегона ва фаҳмондадиҳии он маъёри кофӣ вуҷуд надорад, ва ба омма чунон фаҳмо нест, мухолифатҳоро байни субъектони ҳуқуқи гражданӣ ба бор меоварад. Агар шахс моликияти худашро мустаъқиман ихтёрдорӣ карда натавонад, ё ӯ ихтиёрдорӣ кардани моликияташро хоҳаду аммо ихтилофҳо ҷой дошта бошанд, ин ҳолат чӣ гуна баҳогузорӣ карда мешавад? Ногуфта намонад, азбаски низоми ҳуқуқии кишварамон низоми романо-олмонист, пас бояд муқарароте, ки дар қонунгузории давлатҳои дар ҳамин низом буда ҷой дорад, пурра омухт ва масъалаи ба вуҷудомадаро дуруст баррасӣ кард.
 
Амирхониён Малика,
 
ходими хурди илмии
Шуъбаи таърихи давлат ва  ҳуқуқи
Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба
номи А.Баҳоваддинови  АМИТ
 
Адабиёти истифодашуда:
  1. Кодекси граждании ҶТ, Душанбе 1.03.2005с. №84.
  2. Сулаймонов Ф.С. Ҳуқуқи ашёӣ. Монография. Душанбе, 2015.– 247с.
  3. Дождев Д.В. Римское частное право­­­­­­­­­– М.:”ИНФРАМ-НОРМА”, 1997.–624с.
  4. НовицкогоИ.Б. и Перетерского И.С.. Римское частное право - М.: Юристъ. 2001 - 544с.;
  5. Новицкий И.Б. Римское частное право.— М.: Издательство Юрайт, 2019. — 298 с.
  6. https://ru.wikipedia.org/wiki/ (санаи муроҷиат 24. 04. 2020).