Нусхаи чопи
  Аз замони ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон роҳи ғайриоддии худтасдиқнамоии давлатӣ, таҳкими истиқлолият ва ҷустуҷӯйи  самти  дурусти рушди ояндаро аз сар гузаронид. Ба шарофати соҳиби таҳаммулпазир будани халқ ва сиёсати одилонаи роҳбарият Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ вазъи ногувори ҷамъиятию сиёсӣ ва тағйироти  харобовари иқтисодии  солҳои 90-умро бартараф намуда, дар аввали асри XXI ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ халқи моро аз хатари парокандашавӣ ва нобудшавӣ раҳоӣ намуд, роҳро барои муттаҳидӣ ва рушди босубот боз намуд. Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ва дар ҷомеа ризоият ҳукумфармо шуд, дар гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва демократӣ дастовардҳои назаррасе ба даст омаданд.
  Ҳангоми дар мавриди муваффақиятҳои кишварамон сухан гуфтан, бояд дар хотир дошта бошем, ки замина ва такягоҳи асосии рушди босуботи Тоҷикистон, зиндагии накӯаҳволона, шароити мусоиди худмуайянкунӣ ва худтадбиқнамоӣ ризоият ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ризоият ва ваҳдати миллӣ базаи устувору қавиест, ки барои пешрафти давлат мусоидат менамояд ва маҳз он ҳокимиятро ба захираи стратегии рушд табдил медиҳад. Чи хеле, ки таърихи инсоният гувоҳӣ медиҳад, дӯстии халқҳо, ризоият ва устуворӣ неъмати ҳамешагӣ нест. Устувор нигоҳ доштани дӯстию ризоияти намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои муқими Тоҷикистон кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои ҳамешагиро талаб менамояд.
  Асос ва заминаи ҳифзи ваҳдат ва ризоият дар кишварамон сиёсати хирадмандонаи озмудашудаи муносибатҳои миллӣ баромад менамояд. Дар он солҳои барои кишварамон мушкили барқароршавии истиқлолият, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қарорҳои сиёсӣ дурандешӣ нишон доданд. Сарвари давлат ҳамеша ғояи сулҳ ва ваҳдати миллиро дастгирӣ ва тарғиб менамояд. Муҳим он аст, ки Сарвари давлат бо ҳар як гуфтор ва рафтору амали худ ба ҷомеа ҳушдор медиҳад, ки ҳамаи тоҷикистониён новобаста ба миллат ва мазҳабу эътиқод барояш азизу арзишманданд. Маҳз ин ақидаи арзишманди Роҳбари давлатамон рамзи сиёсати давлатии кишвари бисёрмиллатамон ба ҳисоб меравад.
  Бо назардошти таърих аз замони ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон вақти зиёд нагузаштааст, аммо маҳз дар ин давраи таърихӣ тағйиротҳои куллии иҷтимоӣ, ивазшавии сохтори сиёсии ҷомеаи тоҷикистонӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ин вақти кӯтоҳи таърихӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ табақаҳои нави иҷтимоии ҷомеа, тарзи нави зиндагӣ, арзишу дастурҳо, самтҳо ва тамоюлҳои нав шакл гирифтанд. Чунин тағйиротҳои куллӣ, бешак, дар худшиносӣ ва ҳуввияти одамон, инчунин дар сиёсати миллии давлат инъикоси худро ёфтанд.
  Дар ин замина ваҳдати халқҳои Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷаҳони глобалӣ дар раванди барқароршавӣ қарор дорад, аҳамияти хосаро пайдо менамояд. Дар шароитҳои бӯҳрони глобалии молиявию иқтисодӣ ва дигаргуниҳои куллии ҷаҳон, ки афзалиятҳои кишвар тағйир меёбанд ва вобастагии байни давлатҳо равшантар мегардад, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун кафили сиёсати хориҷаи кишварамон баромад мекунад.
Фазои хубу мусоид дар муносибатҳои байниэтникӣ асоси устувории на танҳо ҷомеаи мо, балки ҳамаи давлатҳо мебошад. Илова ба ин илҳомбахш ва таблиғгари чунин сиёсат дар соҳаи байниэтникӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мо - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Чи хеле ки Сарвари давлат қайд менамояд, - «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид»
  Бештари масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон на танҳо ба ҳолати саноат, нақлиёт, инфраструктураи иттилоотӣ, балки ба омилҳои гуманитарӣ вобастагӣ доранд, ки дар байни онҳо муҳимтаринашон фарҳанги маънавии ҷомеа ва ваҳдати миллии кишвар ба ҳисоб мераванд. Маҳз ин омилҳо дар шароитҳои муосир барои рушди бомуваффақи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин барои мубориза ба муқобили хатарҳои дохилию берунии амнияти миллӣ муайянкунанда мебошанд.
  Фарҳанги маънавӣ ба фаҳмишу дарки ҳастӣ дар ягонагию алоқамандӣ ба ҳолати амнияти миллӣ таъсири назаррас мерасонад. Маҳз фарҳангҳои умумӣ ё универсалӣ муайянкунандаи устувори шуури ҷамъиятӣ мебошанд. Низоми арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ рафтори фардҳои алоҳида ва гурӯҳҳои аҳолиро дар ҷомеаи муосир муайян мекунанд.
  Таърихи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки дастгирии ваҳдати миллӣ ба сифати омили таъмини ҳаёту фаъолияти миллат, истиқлолият ва ягонагии ҳудудии ин ё он кишвар баромад мекунад. Дар шароитҳои муосири ҷаҳонишавии ҷамъият ва шиддат гирифтани муборизаҳои рақобатнок дар бозори ҷаҳонӣ аҳамияти ин омил ба таври бесобиқа меафзояд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ имрӯз яке аз шароити зарурӣ ё кафолати ҳифзи амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Ваҳдати миллии кишвар – ин пеш аз ҳама ваҳдати тасаввуроти халқи он оиди арзишҳои нисбатан аҳамиятноки маънавӣ мебошад. Арзишҳои ба ҳуввияти коллективӣ, миллӣ ва фарҳангӣ алоқаманди ҳамаи сокинони кишвар меҳвари ваҳдати миллиро ташкил медиҳанд. Маҳз ин арзишҳо, ки ба ягон намояндагони ин ё он этнос тааллуқ надошта мутаҳидии халқи кишварро таъмин намуда, миллати ягона мегардонад.
  Ҳамин тариқ, шароити зарурии таъмини ваҳдати миллии халқи тоҷик умумияти фарҳангӣ, пеш аз ҳама, умумияти арзишҳои маънавӣ мебошад. Маҳз ин омилҳо хусусиятҳои махсуси ҳуввият, заминаҳои равонии шаҳрвандонро ташкил намуда, дар халқ сифати муҳими стратегиро бо номи ваҳдати миллӣ ташаккул медиҳанд. Ваҳдати миллӣ ҳангоме аз худ дарак медиҳад, ки агар миллат якхела ба хатари беруна ё бӯҳрони дохилӣ вокуниш нишон медиҳанд.
   Ба ибораи дигар, агар аксарияти аҳолии кишвари бисёрмиллата якхела ба хатари беруна ё бӯҳрони дохилӣ вокуниш нишон диҳанд ва дар он аз тарафи гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, динӣ ва ё иҷтимоӣ ихтилоф мушоҳида нашавад, пас маълум мегардад, ки дар ин кишвар ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омадааст. Маҳз ин ҳамон меъёрест, ки тавассути он дар бораи сатҳи ваҳдати миллӣ баҳо додан мумкин аст. “Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад”[1].
  Дурнамои рушди устувору бехатари минбаъдаи тамаддун ба ҳолати маданияти маънавии ҷамъият, арзишҳо ва афзалиятҳои он алоқамандии зич дорад. Маданияти маънавӣ дар замони имрӯза омил ва кафолати муҳимтарини стратегии таъмини амнияти миллӣ ва байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.
 
Шоназар  Шоисматуллоев
 
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сотсиологӣ,
мудири Шуъбаи сотсиологияи
 Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  АМИТ
 
Адабиёти истифодашуда:
1.Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ] // http://www.president.tj/node/10585