Нусхаи чопи
    Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар  доимо дар мавриди тарбияи солими ҷавонони кишвар дар сатҳи таълиму тарбияи ҷаҳони муосир сухан гуфта, аҳли илму маърифатро ба омӯхтану таҳқик намудани инчунин падидаҳои матлуб ва номатлуб дар ин соҳа даъват мекунанд. Дар соли сипаригашта, ҳадди ақал дар ду мулоқоти худ,  18 март 2020 дар мулоқот бо донишмандону зиёиён ва 17 август 2020 дар суханронии дар Рӯзи дониш баён кардаашон масъалаи таълиму тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи «тафаккури техникӣ» ба миён гузошта, сабаби ба фанну илмҳои дақиқ камтаваҷҷуҳии онҳоро ҷӯён шуданд. Бояд гуфт ки худи Пешвои миллат зимни суханрониашон ба яке аз омилҳои калидии ин чунин падида ишорат карда фармуданд, ки: «аксари мардуми мо ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо намедиҳанд /корҳоро/ ба тақдиру сарнавишт ҳавола мекунанд. Ба назари мо, як сабаби пеш нарафтани тафаккури мардум ҳамин омил мебошад. Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунанд ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд»[1].
    Ва зимнан фармуданд: «Аз ин рӯ, олимони сиёсатшинос, файласуфҳо ва умуман, ҷомеашиносонро зарур аст, ки сабабу омилҳои зуҳури ақидаҳои хурофотӣ, шиддат гирифтани ифратгароии динӣ ва оқибатҳои онҳоро таҳқиқ карда, роҳҳои аз байн бурдани хурофот ва сабабу омилҳои дохиливу хориҷии сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар кишвар ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор диҳанд»[1].Ин суханронии Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки Ҷаноби Олӣ хеле дақиқ ва воқеъбинона масъаларо баррасӣ кардаанд. Дар воқеъ камтаваҷҷуҳии ҷавонони мо ва умуман ҷавонон аз кишварҳои мусулмоннишин ба илмҳои дақиқ ва сатҳи пасти тафаккури техникӣ дар онҳо таъсири ҳамон рӯҳияву бардоштҳои барғалати хурофотӣ мебошад, ки бо  вуҷуди бо исломи асил ва фармоишоти қуръонӣ умумияте надоштанаш, таърихан дар доираи васеъ интишор доштаанд.  Дар таърихи илоҳиёти исломӣ, дар мавриди истифода аз ақлу мантиқ нофаҳмиҳо ва зиддияту ихтилофоти сахту зиёде буданд. Ҳатто пайравони чунин равияҳои хурофоти нисбат ба истифодаи тафаккури ақлонӣ дар илми каломро низ мавриди зиддияти шадид  ва бадбинию инкори сахт қарор медоданд. Масалан, дар муқаддимаи «Шарҳ-ул-фиқҳи-л-акбари Алӣ Ал-қорӣ» аз номи имом Абӯюсуф омадааст, ки ӯ гуфта: «ал-илмул калом ҳува ал-ҷаҳл вал-ҷаҳл бил-калом ҳува илм», яъне «Илми калом ҳамон гумроҳӣ, нодонӣ-ҷаҳл аст ва надонистан, гумроҳ будан дар калом ҳамон илм аст». Ҳамчунин аз ӯ ривоят шуда, ки «Ҳар кас бо калом талаби илму дониш кунад зиндиқи худоношинос гардад ва ҳар кас талаби дороӣ бо кимёгарӣ кунад муфлис шавад ва ҳар кас талаби ҳадис аз ноошно кунад, \ҳадиси\ дуруғ гӯяд». /давоми ин бахсро аз асари иқтибос шуда  ё    аз китоби «Маърифати ислом»-и банда метавонед пайгирӣ кунед/
    Ин буд ва ҳаст мавқеи хурофотгароён - ҳадисгароёни ифротӣ, ҳамон ниёгони мунофиқсалафияи муосир, ки ҳатто нисбат ба илми калом, ҳамон соҳаи дониши динӣ, ки каму беш ба маърифати ақлонӣ ва тафаккур дар шинохти Худо даъват мекарданд, бо бадбинӣ менигаристанд. Инҳо намегӯянд, он оятҳои Қуръон, ки Худованд дар онҳо ба кор бурдани ақлу тафаккур, тадаббур борҳо таъкид кардааст, барои чист ва ба кӣ равона карда шудааст?   Дар сатҳи омма ва исломгароёни хурофотӣ  асосан ҳамин рӯҳияи ҳукмрон буда ва ҳаст ва  табиист, ки  он ба ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
    Аммо   маълум, ки сабабу иллат наметавонад фақат якто бошад, ҳар падидае омилу иллатҳои зиёде дошта метавонад. Вале ба ҳар сурат сабаби асосӣ дар ин робита, сатҳи пасти таълим ё аслан вуҷуд надоштани таълими асосҳои тафаккури солими ақлонӣ-мантиқӣ аст. Гузашта аз ин чунин норасоӣ на танҳо ба ҷавонону хонандагони мактабҳои миёнаи тодонишгоҳӣ, балки ба шахсони калонсол ва ҳатто муҳаққиқони мо низ хос мебошад. Пас иллат чист? Иллат дар надонистани чигунагии фалсафидан аст, ки чунонки Пешвои миллат бо заковати беҳамтои худ дарёфтаанд  ҳамон: ««...ба зиндагӣ ва воқеият аз нуқтаи назари мантиқ, илм ва ҷаҳонбинии илмӣ баҳо...» надодан, алалхусус надонистани мантиқ аст.
   Вазифаи мо файласуфон он аст, ки  аз мавқеъи сарчашмаҳои асосии ислом ин матолибро васеътар  омӯхта, беасосии иддаоҳои «исломиёни хурофоти»-ро ошкор кунем.  Бояд мафкураи барғалати «исломи»-ро бо мафкура (идеология)-и дурусту солими исломӣ беасар ва хунсо созем.  
    Имрӯзҳо мо дар атрофи чӣ будани сабаби ба сӯи илмҳои дақиқ ё ақлонӣ нарафтани ҷавонон меандешем. Бе хабар аз он ки  илмҳои дақиқ бештар корбурди ақлро талаб мекунад, ҳол он ки дар сатҳи шуури оммавии динӣ мутаасифона ба ҷои ақлгароӣ рӯҳияи ақлситезӣ ба ҷавонон тазриқ мешавад ва илова бар ин дар мактабҳои мо фанне ки калиди даркушои ақл аст -мантиқ таълим дода намешавад. Кор ба ҷое расидааст, ки ҷавонони дигар кишварҳо  бо корбурди ақлу мантиқу илмҳои дакиқ интеллектҳои сунъӣ месозанду дастгоҳҳои ҳушманд, мо ҷавони худро, (ки дар воқеъ аз оддитарин элементу нишонаи маърифатҷӯӣ хондан ҳам бозмондаанд,) ба ҷои масъалаҳои риёзиву мантиқӣ ҳал кардан, ба китоб хондану шеър азёд кардан тарғибу ташвиқ мекунем.
   Аксари кишварҳои мусулмоннишин чаро саҳме дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва коркарди технологияи навин надоранд. Яке аз омилҳои асосӣ он аст, ки бар хилофи даъватҳои муқаррари қуръонӣ ба корбурди ақл мусулмонон ақлнобоварӣ ва ақлситезию таваккал ба Худо бар асоси хурофотро пешаи худ кардан ва мекунанд.
   Ҳол онки, ки дар Қуръон ваҳйи Илоҳӣ худ ба зарурат ва машруъияти корбурди маърифати ақлонӣ ва тафаккурро дар шинохти ҳастӣ, ҳатто худошиносӣ далолату таъкид мекунад.  Мо бояд дар асоси оёти қуръонӣ ақлгароию илмгароиро барои мусулмон фарзи айн (на кифоя!) дониста, ба коркарди ин соҳаҳои илм ҷавононро даъват ва ҳидоят мекардем. Чунки ҳар он чизе, ки оид ба ҳикмат, илм, мақоми ақл, тафаккур ва тааққул, тадаббур ва ғайра гуфтем ва мегӯем, аввалан чун сарчашма дар Қуръон доранд, сониян барҷастатарин ва ягона қобилиятҳое мебошад, ки Худованд дар олами халқ кардааш танҳо ба инсон ин неъматҳоро бо лутфу марҳаматаш  инъом кардааст, ки худ,  било баҳс, моҳияти қудсӣ пайдо мекунанд. Яъне ҳамон тавре ки фармоиши Парвардигор дар мавриди ибодат: (рӯзаву намозу ҳаҷ) фарзият доранд, фармоиш ва таъкидҳои Парвардигор дар мавриди корбурди ақлу тафаккур, тадаббур ва ғайра дар зиндагии дунявии худи инсонҳо, умури динӣ ва ҳатто  дар худошиносӣ низ фарзияту воҷибият доранд. Яке аз донандагони ва ихлосмандони Қуръон, барҷастатарин орифи аз ниёгони мо Мавлоно, ки « Маснавии маънави»-яшро  Қуръон ба забони паҳлавӣ меноманд дар ин робита  бе сабаб нафармудааст:
«Пас накӯ гуфт он расули  хӯшҷавоз,
Заррае ақлат беҳ аз савму намоз.
З-он ки ақлат ҷавҳар аст ин ду араз,
Ин ду дар такмили он шуд муфтараз».
   Ба қавли Мавлоно: «Аз Худо ғайр аз Худо хостан, Занни афзунесту куллӣ костан»[2], яъне аз Худо ғайр аз Худо хостан, яъне илми бениҳоят ва ҳикмати болиға -чизе ҷуз костани шаъни Худо  ва мақоми инсонӣ дар назди Худо нест. Аз ин рӯ он чӣ кардани он дар Қуръон борҳо таъкид шудааст, яъне тафаккуру тааққул-андешаву хирадварзӣ, ки усули асосии маърифати фалсафию илоҳиётӣ ва асли маърифати Худост, фарзи айну воҷиб набуда наметавонад, ба ҳар сурат, бо вуҷуди ин ҳама, ҳамон фарзи кифоя қабул шудани ин амали инсон низ худ гувоҳи арзиши  бузург доштани он аст.
   Ҳоло баргардем ба мавзӯи тафаккур ва анвоъу ақсоми он. Пеш аз ҳама тафаккур чист? Тафаккурро ду илм: равоншиносӣ ва мантиқ меомӯзанд. Барои он ки бидонем тафаккур чист, бояд донем ки маърифат, ки тафаккур воситае аз он аст, ду  навъ мебошад: маърифати ҳиссӣ ва маърифати ақлӣ (ё ақлонӣ).   Чунон ки медонем маърифати ҳиссӣ, ки аз тариқи панҷ узви ҳис(с) ба даст меояд, се зина ё марҳила: эҳсос, идрок ва тасаввурро дорад. Аммо тафаккур, бар акси эҳсос, ки ба олами беруна сару кор дорад, ба олами дарун, бо зеҳну шуур сару кор дорад ва амалу коркарди пӯшидаи зеҳн (ё нафс) мебошад.  Ин коркард иборат аз амали номгузории натиҷаи охирини амали эҳсос –тасаввур аст, ки аз тариқи таҷрид (абстраксия) кардан оғоз мешавад.
    Ҳамин тавр, ибтидои кори тафаккур рӯи ҳамин охирин марҳиллаи эҳсос тасаввурот буда, ниҳоятан бо ном ё мафҳум додан ба онҳо ҳамчун маводи аввалия барои фикр-тафаккур кардан меанҷомад.  Ин амали тафаккурро таҷрид (абстраксия) кардан, аз нишонаҳои ғайри зотӣ-аворизӣ ҷудокардан ва пайдо кардани як нишона, сифат ё моҳияти асосии он  тасаввур нигаронида шудааст. Бояд гуфт, ки инсон то оғози ҳамин марҳилаи маърифат бо дигар ҷонварон дар шинохт моҳияти якхела дорад, фарқи ҷиддие надорад. Ҳатто баъзе аз ҳайвонот аз инсон дар эҳсос қавитаранд, масалан хафош дар шунавоӣ, уқоб дар биноӣ, саг дар бӯёӣ ва ғайра.
    Танҳо аз он марҳилла, ки инсон аз тариқи таҷрид-зинаи аввали тафаккур ба тасаввур ном ё ҳамон мафҳумеро таҳмил мекунад ё мегузорад инсон аз дигар ҳайвонҳо фарқ мекунад.
    Марҳиллаи дуввуми тафаккури ақлонӣ-мантиқӣ сохтани фикри томи тасдиқӣ ё инкорӣ мебошад. Масалан: «Ин себ аст» ё «Ин себ нест». Марҳиллаи сеюми тафаккури ақлонӣ-мантиқӣ аз донишҳои маълум (аз ду муқаддимаи маълум) аз роҳи корбурди тафаккури мантиқӣ кашфи  дониш ё ҳақиқати номаълуме (маҷҳуле) мебошад. Мисол мо медонем, ки «Себи хубонӣ ширин аст»  ҳамчунин медонем, ки «Ин себ, ки дар дасти фурӯшанда аст, хубонӣ мебошад», пас натиҷа мегирем ки «Ин себ ширин аст».  Ин марҳиларо зинаи аввали тафаккури абстрактӣ меноманд, ки намунаи соддатарин амали тафаккури мантиқӣ аст, ки ибтидои ҳама коркардҳои андешаҳо-тафаккурҳои дигари инсон аст.
    Ба дунболи ин мантиқ ба омӯхтани дурустӣ ва ҳаққонияти тафаккур бо муайян намудани ду таркиб: мундариҷа ва шакли он мепардозад, сипас баррасии қонунҳои тафаккур: айният, адами зиддият, истиснои солис (сеюм), асоси басанда  мепардозад. Қисматҳои баъдии мантиқ  сохтори қазия (ҷумлаи мантиқӣ)  ва истидлолот ва қисматҳои он чун шаклҳои тафаккур  мебошад.
   Тафаккур намуд (типҳо)-и он. Тафаккур қобилияти имконӣ (билқувва)-и инсон аст, ки танҳо дар натиҷаи амали таҷрибавӣ аз имкон(қувва) ба амал (феъл) мепайвандад.  Тафаккур намуд-типҳои гуногуни худро дорад, ки иборатанд: тафаккури маъмулии инсон,  ки ҳанӯз дар дунёи қадим аз коркарди санг аз тарафи инсони ибтидои ҳамчун корду табар, ва баъдтар коркарди хокаи оҳан ба белу корду омоҷ шуруъ шуда, ба тафаккури суннатии мантиқи-назариявӣ дар фалсафаю илоҳиёт роҳ кушод ва тафаккури техникӣ, ки бо инқилоби санъатӣ ва илмию техникӣ оғоз гардида, дорад ба тафаккури креативӣ (эҷодӣ) ва иттилоотӣ мебарад. Ҳамчунин тафаккурҳои соҳавии гуногун чун: тафаккури инженерӣ, тиббӣ, кайҳоншиносӣ ва ғ-ра, низ ҳастанд. 
    Муҳим дар ин баҳс он аст, ки дар ҳамаи ин шаклу навъҳои тафаккур матритса- заминаи модарӣ ҳамон тафаккури ақлонии мантиқӣ аст.
    Масъалаи дигар аз назари мо чун тафаккур амали нафс–психикии инсон аст, донистани равоншиносӣ ва мантиқ дар доираи таълими тодонишгоҳӣ зарур ва бояд ҳатмӣ бошад.
   Гузашта аз ин агар мо хоҳем, ки ҷавонон ҳавасманди омӯхтани фанҳои дақиқ ва техникӣ бошанд ва ҷаҳонбинии васеътар аз сатҳи хурофоти динӣ дошта бошанд, бояд ба мактаб таълими астрономия-кайҳоншиносӣ баргардонида шавад. Дар асри 21 он андоза доираи мавзӯи кайҳоншиносӣ густариш ёфтааст, ки ҳатто то охирҳои асри 20 худи кайҳоншиносон то чӣ андоза вусъат доштани олами кайҳон ва шумори галактикаҳоро намедонистанд. Зиёда аз 20 сол мешавад, ки бо коркарди обсерваторияҳои кайҳонӣ чун телескопи Ҳоббал сурати илмии олам куллан тағйир карда аст. Сурату сохтори олами кайҳон он қадар тағйир кардааст, ки ҳайратангез аст. Имрӯз сохтору  дороии оламро кайҳоншиносон чунин баровард кардаанд: 73% он чӣ дар кайҳони дидашаванда ҳастро энергия (неру)-и торик, 23%-и онро моддаи торик ташкил мекунад, ки моҳияту хусусиятҳои ин дуро илм ҳанӯз намедонад. Тамоми моддаи боқимондаи кайҳон(олам) иборат аз миллиардҳо галактикаҳо бо миллиардҳо ситора (офтобҳо), ки Галактикаи мо бо зиёда аз 200 миллиард ситора танҳо яке аз галактикаҳои қатории он мебошад, танҳо 4 %  ин оламро ташкил медиҳанд, ки он ҳам 06% фоизи онро газу ғуборҳои байни галактикаҳо ташкил мекунанд, ки мемонад ҳамагӣ 0,4 %, ки ҳамаи галактикаҳо бо миллиардҳо ситораҳояшон, метеоридҳо, астроидҳои кайҳонро ташкил мекунад. Илми муосир аз ин 0.4%, ки миллиар-миллиард ситораҳою, шояд триллиардҳо сайёраҳоро дар галактикаҳоро дорад, танҳо як ситораи қаторӣ Офтобе, ки сохтори Замини мо ва 8 сайёраи дигар дар атрофи он мечарханд, каму беш омӯхтааст ва сохтору амалкарди онҳоро медонад.
    Ин сурати илмии оламро на танҳо барои тақвияти ҷаҳонбинии илмии хонандагон, балки барои ҳавасманд кардани ҷавонони дорои эътиқоди динӣ ба омӯхтани илмҳои дақиқ барои шинохти қудрати худованд ба кор бурдан мумкин аст.
   Ногуфта намонад, ки анвои тафаккури техники зиёд аст. Масалан  тафаккури илмӣ-технологӣ-муҳандисӣ-риёзӣ/математикӣ/ -STEM (ИТМР), имрӯзҳо роиҷ мубошад. Тафаккури STEM (ИТМР)  чӣ маънӣ дорад? Ин  мафҳум дар солҳои навадуми асри гузашта дар ИМА мавриди истифода қарор гирифт, ки  тибқи он S -Science –илм, T- Technology -технология, E- Engine-ering  инженеринг-тарроҳӣ,  M- Math -математика-риёзиёт мебошад. Сабаби пайдоиши STEM (ИТМР)   нарасидани мутахассисони инженерӣ-техникии қобили рақобат  ва бо мақсади ба ҳам пайвастани назария ва таҷриба(амалия) ва барҷаста сохтани соҳаи илмҳои таҷрибӣ-амалӣ мебошад.
   Тафаккури техникӣ низ ҳадди ақал се дараҷа дорад, ки дараҷаи аввалаш ки маъмулӣ аст, донистан ва фаҳмида тавонистани масалан сохтори мотору воситаҳои ҳаракати мошинолот, хонда тавонистани нақшаву деталҳои онҳо мебошад; сатҳи болотар аз ин назариявӣ-амалӣ доштани қобилияти лоиҳакашӣ-конструкторӣ, фикр кардан  ва тартиб додани моделҳои нави мошинҳову дастгоҳҳои нав аст; сатҳи сеюм қобилияти ихтироъкорӣ ва конструктории сатҳи назариявии баланд мебошад. Он чи Пешвои миллат аз тафаккури техникӣ дар назар доранд ҳамин  ду дараҷаи охир мебошад. Ҷомеаи имрӯзаи мо ва кишварҳои мусулмоннишин типи аввали тафаккури техникиро ба дараҷаи лозим каму беш доранд ва тафаккури техникии типи дуввуму сеюмро метавон гуфт ба ҳадди кофӣ надорем.
   Хулоса мубрамияти таҳқиқ ва коркарди ин мавзӯъ дорои паҳлӯҳои зиёде мебошад, ки яке аз онҳо бо фармудаҳои Пешвои миллат вобастагӣ дорад, ки фармуданд: «имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад...Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад»[1].
  Вобаста ба ҳамин Ҷаноби Олӣ афзуданд, ки  роҳбарияти вазорати дахлдорро зарур аст, ки дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин, баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар намояд.
   Мо  муҳаққиқони тоҷик изҳори сипос аз он мекунем, ки Пешвои миллат чунин масъалаи замонавӣ, яъне ташаккул додани тафаккури техникиро барномаи аввалиндараҷаи соҳаи маориф ва фарҳанг қарор доданд.
   Барои  рушди тафаккури илмӣ ва интиқодӣ ҷавонони мо аз омӯхтани ҳадди ақал ба се фанни лозим барои тафаккури илмии солимсоз бояд таваҷҷӯҳ намоянд: мантиқ, равоншиносӣ, (психология), кайҳоншиносӣ (астрономия ва космология).
  Барои тақвияти ин раванд мо пешниҳод мекунем, ки дар ду-се соли охири таҳсилоти то донишгоҳии ҷавонон-хонандагон, дар зинаҳои синфи 7-8-ум таълими забони модарӣ бо мақсади таълими тафаккуру такаллуми мантиқию адабӣ, бо такмили дарсҳои забон дар доираи мавзӯҳо ва бобҳои мантиқи забон ва забони мантиқ (ниг. «Логика языка и языковая логика»-бо ҳамин  сарлавҳа ба интернет) ва афзудани таълими мантиқ дар факултетҳои филологияи донишгоҳҳои омӯзгорӣ, такмил када шавад. Ҳамчунин пас аз тақсими соҳавии хонандагон ба гурӯҳҳои илмҳои дақиқу техникӣ ва гуманитарӣ, аз ҳисоби ихтисори фанҳои ғайри соҳавӣ, масалан  барои тахассусҳои илмҳои дақиқу техникӣ ва риёзӣ фанне бо номи, чунон ки дар боло ёдрас кардем, «Тафаккури STEM (ИТМР)» ворид карда бештар ба мантиқи риёзӣ, алгоритмҳои мантиқӣ (Нигар аз интернет «Логические алгоритми» (алгоритм-худ аз исми аврупоӣ шудаи тахаллуси Мӯсо Ал-хоразмӣ мебошад) ва мантиқи барномарезии компютерӣ ва бо бознигарии таълими мантиқи риёзӣ дар факултетҳои математика такмил  намуда, метавон ин мушкилиро сабуктар кард.
 
  Шерзот Абдуллозода Абдуллоев
 дотсент, номзади илмҳои фалсафӣ,
ходими пешбари илмии
Шуъбаи фалсафаи дини Институти фалсафа,
 сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ
Адабиёти истифодашуда:
  1. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар\\ http://president.tj/node/22643 
  1. Ҷалолидини Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Дафтари 5, ҷ.3,с.43, сат. с.773, Душанбе, «Адиб»,2013.