casino malaysia
casino malaysia
Нахустин ҷаласаи шурои диссертатсионии 6Д.КОА-076 (самти илмҳои ҳукуқшиносӣ ) дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳукуки АМИТ аз рӯи ихтисосҳои нодир  

wrapper

 

Рузи 24.09.24 нахустин ҷаласаи шурои  диссертатсионии 6Д.КОА-076 -и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ баргузор гардид. Дар ифтитоҳи ҷаласа саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баховаддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим Давладмурод ширкат намуда, ҳозиринро барои таъсиси шурои мазкур таҳният намуданд.

Зикр гардид, ки бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.07.2024, № 22/шд, дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ шурои диссертатсионии 6Д.КОА-076 таъсис дода шуд. Ҳайати шуро иборат аз 11 нафар олимони шинохта буда, роҳбарии онро доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раљабов Саиумар Адинаевич, муовин доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Буризода Эмомалӣ Бозор ва котиби илмии Шуро Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло интихоб гардидаанд.

Шурои диссертатсионии мазкур ваколатдор аст, ки рисолаҳоро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисоси 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ (6D030105 – Ҳуқуқи меҳнат; ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ) ва 6D030200 – Ҳуқуқи байналхалқӣ (6D030201 – ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқи Аврупо), дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ аз рӯи ихтисоси 12.00.00 – илмҳои ҳуқуқшиносӣ (12.00.05 – Ҳуқуқи меҳнат; Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ ва 12.00.10 – Ҳуқуқи байналхалқӣ; ҳуқуқи Аврупо) қабулва  муҳокима намояд.

Тасмим гирифта  шуд, ки кори шуро тибқи талаботи муқаррарнамудаи Низомнома дар бораи шурои диссертатсионӣ ва тартиби додани унвонҳои илмӣ ба роҳ монда шуда, барои омода кардани кадрҳои илмии аз рӯи ихтисосҳои нодири зикршуда чораҷӯӣ карда шавад.

Инчунин дар нахустин ҷаласаи Шӯро  дар бораи таъин намудани комиссияи экспертӣ оид ба рисолаи номзадии Одиназода Нуринисо Ҳотамшо дар мавзуи «Принсипи юрисдиксияи универсалӣ ва рушди он дар конвенсияҳои байналмилалӣ ва оинномаҳои муассисаҳои байналмилалии судӣ», ки барои дарёфти унвони илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ пешниҳод шудааст, қарори дахлдор қабул карда шуд.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia