Нусхаи чопи
  Ҳамкорони муҳтарам, дӯстони азиз! Табрикоти моро ба муносибати яке аз Идҳои бузурги таърихӣ – Иди Ғалаба қабул намоед!
  Воқеан, 9 май-Рӯзи Ғалаба бар фашизм «ид бо ашки шодӣ», пирӯзии ватандӯстӣ мебошад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз Тоҷикистон 300 ҳазор (4/1 аҳолии ҷумҳурӣ) иштирок доштанд, ки 92 ҳазори онҳо абадан дар майдони ҷанг монданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 55 ҳазор фарзандони Тоҷикистон ба ордену медал, аз ҷумла 65 нафар ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва 15 нафар ба се ордени «Шараф» мушарраф гардидаанд.
  Мо дар назди корнамоиҳои фарзандони Тоҷикистон, ки ҳам дар майдони ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ барои Ғалаба ҳиссагузорӣ намудаанд, сари таъзим фуруд меорем: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст». Зиндагии осуда ва сулҳу салоҳро қадр намуда, хотири қаҳрамононро ҳамеша пос хоҳем дошт. Омӯзиши садоқату мардонагӣ ва қаҳрамониҳои онҳо барои мо дар ҳимояи марзу буми Ватани маҳбубамон намунаи ибрат ва дастури зиндагист.
  Дӯстон, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, хушиҳои зиндагӣ ва осмони соф, ба Тоҷикистони азиз ободию пешравиро хоҳонем! Иди Зафар – Рӯзи Ғалаба муборак!

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон