casino malaysia
casino malaysia
Тавсифи “ҷангҳои иттилоотӣ” ва истифодаи онҳо ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон

wrapper

  Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” яке аз технологияҳои калидии “ҷангҳои омехта” ба ҳисоб мераванд ва ба амнияти миллии тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид доранд.
  Аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ исбот шудааст, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” як навъ таъсири мақсадноки иттилоотӣ барои ба даст овардани манфиати сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии субъектҳои пиёдакунандаи чунин ҷангҳо маҳсуб мешаванд.
  Ба ин масъала ҳанўз соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ишора карда буданд: «Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба масъалае ҷалб намоям, ки имрўзҳо боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Агар шумо эътибор дода бошед, солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернет як маъракаи огоҳонаву муғризонаи зидди Тоҷикистон идома дорад.
  Комилан яқин аст, ки соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ва сиёсати бисёрсамтаи мо ба доираҳои муайян хуш намеояд. Ҳатто агар ба унвони маводи ғаразнок ва сирф фармоишӣ назар андозем, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гўё давлати мо ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ муяссар нагаштааст ва дурнамои инкишофи он норавшан аст.
  Як далел меорам: мутобиқи таҳлили коршиносон солҳои 2004-2007 аз тариқи сомонаҳои интернет, ки дар Тоҷикистон маъмуланд, қариб 30 ҳазор хабару гузориш интишор ёфтааст. Зиёда аз 80 фоизи онҳо фақат аз тўҳмату бадгўӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгўиҳои бебунёд иборат мебошад. Ин раванди номатлуб имрўз боз ҳам қувват гирифтааст. Муборизаи иттилоотие, ки бар зидди мо аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта шурўъ кардаанд, фақат як ҳадаф дорад: паст задани мақому мартабаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, бадном кардани миллати тоҷик ва дар ниҳояти кор рўҳафтодаву ноумед сохтани мардуми мо ба ояндаи худ». [1]
  Асоси «ҷангҳои иттилоотӣ»-ро иттилооти бардурўғ ё «дезинформатсия» ташкил медиҳад. Ҳаминро ба инобат гирифта, олими рус Г. Г. Почептсов онро «ҷангҳои дезинформатсионӣ» номидааст. «Дезинформатсия ё иттилооти бардурўғ чунон моҳиронаю устокорона истифода мешавад, ки ба ҳақиқат будани вай ҳеҷ шубҳа намемонад. Баъзан муаллифи воқеии дезинформатсия ва манбаъи онро муайян кардан хеле мушкил аст. Дезинформатсияро барои табақаҳои ҷомеа ба таври хоса омода мекунанд. Зеро ба ҳамон як хабари дурўғ на ҳама бовар мекунанд. Хабари бардурўғ тавассути каналҳои гуногун дастраси мардум мешавад. Масалан, агар баъзе хабарҳо дар байни мардум ба таври овоза паҳн шаванд, иттилооти дигари бардурўғ аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, ВАО ва ғайра интишор мегардад”. [2]
  Раиси Кумитаи бехатарии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Ю. В. Андропов мафҳуми дезинформатсия ё иттилооти бардурўғро ба таври зерин шарҳ дода буд: “Дезинформатсия” ё иттилооти бардурўғ ҳамчун кокаин таъсир мерасонад. Агар шумо онро як ё ду бор бўй кашед, шояд он ҳаёти шуморо тағйир надиҳад. Вале, агар онро ҳамарўза истеъмол кунед, шумо одами дигар мешавед ва он шуморо ба нашъаманд табдил медиҳад”. [3]
  Аз ин хотир, дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари бардурўғ аз ҷониби ВАО, шабакаҳои интернетӣ, иҷтимоӣ ва ғайра паҳн мешавад, дар маҷмўъ амнияти ҷомеа зери хатар қарор мегирад. Агар ҳадафи иттилооти воқеӣ ин ба одамон расонидани ҳақиқат, некӣ ва кўмак кардан барои баромадан аз вазъияти вазнин ва мақсадҳои хуби дигар бошад, ҳадафи иттилооти бардурўғ - фиребгарӣ ва тахрибкорӣ аст.
Ҳамин тариқ, субъектҳои асосии пиёдакунандаи “ҷангҳои иттилоотӣ” ба муқобили кишварамон инҳо мебошанд:
1.Неруҳои оппозитсионии дар хориҷи кишвар буда.
2.Абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ.
3.Баъзе ҳамсоякишварҳое, ки бо онҳо ҷумҳуриамон проблемаҳои ҳалношудаи марзӣ, обу замин дорад.
  Аз сентябри соли 2015 “ҷангҳои иттилоотӣ” -–ро ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон неруҳои оппозитсионии тоҷик, ки ба онҳо ТЭТ ҲНИ, “Гурўҳи - 24”, Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон ва ғайра, ки ба Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) шомиланд амалӣ менамоянд. Пойгоҳҳои асосии иттилоотию тарғиботии зиддитоҷикии онҳо инҳоянд: Паём. нет (https://payom.net); АЗДО ТВ (https://azda.tv); Ислоҳ. нет (https://isloh.net); Бомдод. ком (https://www.bomdod.com); Наҳзат. орг (https://nahzat.org); Анҷумани Озодандешони Тоҷик (https://ozodandishon.org) ва монанди инҳо. Аз тариқи пойгоҳҳои номбурда дар доираи “ҷангҳои иттилоотӣ” ҳамарўза мавҷи иттилооти бардурўғ ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш карда мешавад.
Бесабаб нест, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 онҳоро бадхоҳон ё хоинони миллат номида, чунин қайд кардаанд: «Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромўш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанўз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд». [4]
Пȳшида нест, ки нерўҳои мазкур бо пуштибонии молиявӣ ва маънавии хадамоти махсус, созмону ташкилотҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар, аз тариқи сомонаҳои дар боло зикргардида, инчунин, саҳифаҳои «Фейсбук», «Инстаграм» ва ғайра, дар талошанд, ки бо роҳи тўҳмату бўҳтонҳо, паст задани обрўи эътибори роҳбарияти кишвар, ғалат нишон додани вазъияти воқеии босуботи ҷумҳурӣ ва ғайра, ба шуури мардуми тоҷик таъсири манфӣ расонида, сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоранд.
Дар ин бора Пешвои миллат зимни ифтитоҳи Академияи ВАО-и ҷумҳурӣ, чунин гуфтанд: “Тарғиби ғояҳои мухолифи арзишҳои миллиамон аз тарафи хоинон и миллат, тавсифи экстремизми динӣ дар фаъолияти созмонҳои экстремистӣ оқибатҳои хатарнокро ба сохти конститутсионӣ доранд”. [5]
Солҳои охир аз тарафи абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҷангҳои иттилоотӣ” - и мақсаднок амалӣ карда мешавад. Бо ин роҳ ҳар яки онҳо кўшиш мекунад, ки ҷумҳуриамонро ба лоиҳаҳои гуногуни иқтисодию амниятии ба онҳо марбутбуда ҷалб намоянд. Ба таври мисол, дар фазои Осиёи Марказӣ, дар ҳоли ҳозир лоиҳаҳои зерини байналмилаливу минтақавӣ татбиқ карда мешаванд: ИИАО (Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё) - и Русия; “Як камарбанд - як роҳ” – и Ҷумҳурии Халқии Хитой; “Мушорикат баҳри сулҳ” -и Иттиҳоди Аврупо; “Осиёи Марказии Бузург” ва G 5 + 1 – и ИМА, “Созмони кишварҳои туркизабон”- и Туркия ва ғайра.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо ҳар як абарқудрати ҷаҳониву минтақавӣ, иттиллооти ғаразноку тамоюлнокро ба манфиати худ пахш менамояд. Масалан, ду се соли охир, расонаҳои русӣ ба мақсади ҷалб кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИИАО (Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё) силсиламаводи тамоюлноки барои Русия манфиатнокро интишор менамоянд. Ба ин мақолаҳои муаллифони зерин мисол шуда метавонанд: В. Панфилова: Душанбе не спешит в Евразийский союз [6], С. Кузнецов. Муки выбора: почему Таджикистан не спешит вступить в ЕАЭС и чем это грозит [7] ва ғайра. Дар робита ба ин, мақомоти русӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик монеъаҳои сунъӣ эҷод менамояд. Тамоми чорабиниҳои дар атрофи ин масъала андешидашаванда, тавъам бо пахши иттилооти ғаразноку манфиатдор сурат мегирад.
Илова ба ин, аксарияти расонаҳои хабарии Русия, Аврупо ва дигар давлатҳо, ҷумҳурии моро ба таври сунъӣ чун «минтакаи муташанниҷ» ва интиқолдиҳандаи асосии маводи мухаддир аз Афғонистон нишон дода, эътибору нуфузи онро паст заданӣ мешаванд. Дар аксари барномаву мақолаҳои онҳо, танҳо қочоқгарони тоҷик паҳнкунандагони ин мавод ба Русия ва мамолики Аврупо арзёбӣ мегарданд.
Аммо мутобиқи маълумоти ташкилотҳои байналхалқӣ бошад, қисми зиёди маводи мухаддир ба Русияву Аврупо бештар аз тариқи ба ном “масири ғарбӣ” ё “масири Балкан”, ки қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Туркияро дарбар гирифта то ба нимҷазираи Балкан мерасад, интиқол дода мешавад. [8]
Дар асоси таҳлилҳо маълум гардид, ки солҳои охир «ҷангҳои иттилоотӣ»-ро бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе ҳамсоякишварҳо низ татбиқ менамоянд. Ба ин, пеш аз ҳама, проблемаҳои дохилиминтақавии мавҷуда аз қабили: масъалаҳои то ба охир ҳалношудаи сарҳадӣ, норасоии оби ошомиданӣ. замин ва ғайра мусоидат мекунанд. Чунин ҳолат солҳост, ки дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон бараъло ба чашм мерасад. Масалан, баъд аз ҳар муноқишаи наздисарҳадӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, сомонаҳои интернетии ин кишвар мақолаву хабарҳои тамоюлнокро ба чоп мерасонанд. Дар ин самт расонаҳои хабарии 24-kg (https://24.kg); Парус. инфо (https://paruskg.info); Кактус медиа (kaktus. media); Гезиттер. орг (https://www.gezitter.org) ва ғайра хеле фаъоланд.
Бинобар ин, дар назди ҳар як кишваре, ки ба муқобили он “ҷангҳои иттилоотӣ” пиёда карда мешаванд, масъалаи муқовимат ба он дар мадди аввали мубориза меистад. Зеро, “ҷангҳои иттилоотӣ” ба пояҳои амнияти миллӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Доир ба ин масъала Пешвои миллатамон чунин ишора кардаанд: «Ҳар як кишвар ва ҳукумати “ҷангҳои иттилоотӣ”-ро бохта, наметавонад амният ва мустаҳкамии сохти конститутсионии худро ҳифз намояд. Ҳодисаҳои солҳои ахири дар ҷумҳуриҳои пасошўравӣ ва кишварҳои Шарқи Наздик ба вуқуъ омада нишон доданд, ки «инқилобҳои ранга» пеш аз ҳама дар фазои иттилоотӣ сурат гирифта, баъдан ба воқеъияти сиёсӣ табдил ёфтанд”. [9]
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, метавон хулоса намуд, ки “ҷангҳои иттилоотӣ” ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ истифода бурда мешаванд. Ин ба мавҷудияти се омили зерин вобастагӣ дорад.
1.Фаъолияти зиддиҳукуматии гуруҳҳои мухолифин дар хориҷи кишварбуда.
2.Манфиатҳои стратегии абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ.
2.Проблемаҳои дохилиминтақавӣ.

Сангинов Н.Н.
 н.и.с., ходими калони илмии шуъбаи масоили
сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
 
Адабиёт
  1. Раҳмон Э. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 15 апрели соли 2009. АМИТ «Ховар»/ khovar. tj.
  2. Почепцов Г.Г. Пять новых направлений трансформации информационной войны: реализованные подходы//электронный ресурс/ Режим доступа/ http://www.warandpeace.ru/ ru/ analysis/ view/122239/
  3. Пачепа И.М., Рычлак Р. Дезинформация. Тайная стратегия абсолютной власти. (FAKE.Технологии фальсификаций). Москва. ООО «Издательство «Э», 2016. - с.- 274.
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон// Электронный ресурс/ Режим доступа/ http://khovar.tj/category/president/ node/19088
  5. Раҳмон Э. Суханронӣ дар маъракаи ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи ВАО// Электронный ресурс/ Режим доступа/ khovar. tj.
  6. Панфилова В.: Душанбе не спешит в Евразийский союз// Электронный ресурс/ Режим доступа/ http://www.ng.ru/cis/2020-02-05/6_7786_tajikistan.html
  7. Кузнецов С. Муки выбора: почему Таджикистан не спешить вступить в ЕАЭС и чем это грозит// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://tj.sputniknews.ru/ analytics/ 20191202/1030322421/eaes-dengi-migranty-ekonomika-tajikistan.html
  8. Губайдулина М. Ш. Маршрутизация наркотрафика «Северный» и «Каспийский» в проблематике региональной безопасности// Электронный ресурс/ Режим доступа/ https://articlekz.com/article/16240
  9. Раҳмон Э. Суханронӣ дар маъракаи ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи ВАО/ Электронный ресурс/ Режим доступа/ khovar. tj.

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia