Нусхаи чопи

     Дар моҳи  ноябри   соли 2021  дар  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи   миллии илмҳои Тоҷикистон    китоби ходими пешбари  илмии Маркази синошиноси институт, номзади илмҳои  фалсафа  Саидов Исматулло таҳти унвони “Ҷилои мағзи андеша ”  ба нашр расид.

    Дар ин асар ҳаёту осор ва андешаҳои чанд тан аз намояндагони Мактаби фалсафии Исфаҳон: Баҳоуддин Омилӣ, Мирдомод, Мир Финдирискӣ, Мулло Садрои Шерозӣ, Раҷабалии Табрезӣ, Ҳодии Сабзаворӣ, намояндагони мактаби машшоъ: Ибни Сино, Умари Хайём, намояндагони мазҳаби сунна: Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дигарон роҷеъ ба масоили илоҳиёт,маърифати ҳиссӣ ва ақлӣ баррасӣ гаштанд.

    Асари мазкур барои мутахассисони илмҳои фалсафа ва доираи васеъи хонандагон  пешниҳод мегардад.