Нусхаи чопи
 Ҳамватанони азиз!!!
 
    Имрӯз миллати тоҷик   30-умин солгарди Истиқлоли давлатии худро дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ қайд мекунад.  Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати  тоҷик аст, ки сӣ сол муқаддам муҳимтарин падидаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи  пурсаодат аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи  Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид  ва минбаъд ин санаи муборак барои миллати тоҷик Ҷашни муқаддас  ба ҳисоб меравад.
     Тамоми ҳамватанони кишвари   соҳибистиқлоли мо имрӯз ифтихор доранд, ки сӣ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода,  аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар таҳкими Истиқлоли тоҷикон нақши Президенти Тоҷикистон хеле назаррас аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ва таҳкими пойдевори аввалин давлати миллии дунявии Тоҷикон нақши калидӣ доранд.
      Роҳбарият ва  ходимони илмии Институти фалсафа ,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  мардуми шарифи  Тоҷикзаминро бо 30 солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегуяд.
      Ба кулли ҳамдиёрон  саломатии қавӣ, саодатмандӣ, комёбиҳо дар фаъолияти меҳнатӣ, файзи  фаровон  орзумандем.