Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 сентябри 2021, ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷашни 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муовини Директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдаров Рустам Ҷурабоевич-ро барои саҳми арзанду гузоштан дар рушди иҷтимоию фарҳангии кишвар бо нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонид.
Маъмурияти Институт Ҳайдаров Рустам Ҷурабоевичро бо ин рӯйдоди нек табрик намуда, ба ӯ комёбиҳои нави илмӣ - эҷодӣ орзуманд аст.