Нусхаи чопи
   Дар  моҳи  майи соли 2021  дар  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  китоби доктори илмҳои фалсафа  Хидирзода Махфират Умар  бо номи “ Ҷанбаи  аксиологӣ дар омӯзиши масъалаҳои амнияти миллӣ” ба табъ расид.
   Китоби мазкур  ба омӯзиши  нақши арзишҳо дар таъмини амнияти  миллӣ бахшида шуда, дар доираи  он ба масъалаи табиати иҷтимоии арзишҳо,нақши  арзишҳои фарҳангӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ,маърифатнокӣ ҳамчун арзиш ва омили таҳкими суботи ҷомеа, фарҳанги таҳаммулпазирӣ, василаҳои сиёси ҳуқуқӣ ва    ва иҷтимоию маърифатии пешгирии терроризм, инчунин нақши иттилоот ва муқовимати иттилоотӣ дар шаклгирии шуури омма диққат дода шудааст.
   Таҳқиқоти мазкур ба  доираи васъеи хонандагон  пешниҳод мегардад.