Нусхаи чопи
  То давраи интихобот замони зиёде намондааст. Интихобот имрӯз як ҷузъи муҳими ҳаёти сиёсӣ мебошад, ки ба раванди ояндаи тамоми соҳаҳои иҷтимоии ҷомеа ва рушди шахсият хусусият мебахшад. Интихобот яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти давлат, шахс ва ҷомеа мебошад: ҳангоми овоздиҳӣ ба ягон номзад, мардум ба умедҳои худ овоз медиҳанд. Ҳаёти ҳар як шахс маҷмӯи умедуорзуҳоест, ки бо тавассути қарорҳо ва амалҳо вай ба ҳадафҳои ҳаётӣ ва усулҳои татбиқи онҳо мерасад. Интихобот маъракаест, ки ҳар шаҳрванди мамлакатро ба қабули  қарори муҳим водор месозад. Онҳое, ки аз интихоби худ наметарсанд, зуд ба камол мерасанд.
  Интихоб бештар аз чизи дигаре шахсиятро муайян мекунад. Чунки тасмимгирии шахс оиди ин ё он   қарорҳо дар амал  яке аз роҳҳои ифодаи худ, ирода  ва нуқтаи назари ӯ ба воқеият мебошад. Ҳар шахс  дар зиндагӣ дар шакли чор чиз - худогоҳӣ, виҷдон, иродаи мустақил ва тахайюлоти эҷодӣ саҳм мегузорад, ки ин нишонаҳои озодии комили  инсонӣ - асбоби вокуниш, тағйирот ва қудрати интихоби вай мегарданд. Шаъну шарафи давлат, ниҳоят ба шарофати афроди  ташкилдиҳандаи  он вобаста аст. “Фақат афроде, ки аз воқеяти иҷтимоӣ ва ҳар чизе, ки  ба сари давлат иттифоқ меафтад, ҳуқуқи интихоби ҳукумати худро доранд”, - гуфта буд Томас Джефферсон, яке аз нависандагони “Эъломияи истиқлол ва ҳуқуқи башар”, сеюмин  Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
  Интихоботи дар пеш истодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин  муҳимтарин қарорест, ки ҳар шаҳрванд онро мустақилона ва бошуурона қабул мекунад ва бо ин дар таърихи кишвари худ саҳме мегузорад. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси овоздиҳии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ мегузаронанд.
  Дар мамлакати мо ба инсон ҳуқуқи интихоб кардан дода шудааст, ки ин маънои онро дорад, ки ҳамаи мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳуқуқи қабули қарорҳои муҳимро барои худамон ба ӯҳда дорем. Дар мавриди ин  дар “Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон” чунин қайд шудааст:
  “Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18-солагӣ расидаанд, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ, маълумот, вазъи иҷтимоӣ ва амволии худ, ҳақ доранд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран ва дар асоси баробар ширкат меварзанд”.
Низоми интихоботӣ дар Тоҷикистони имрӯза аз давраи ислоҳоти воқеии низоми сиёсии кишвари мо, аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти қонунбарор - Маҷлиси Олӣ (1994-1995) дар асоси низоми бисёрҳизбӣ оғоз ёфт.
  Гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки дар тӯли асрҳо одамон барои озодиҳои худ ва пайдо кардани ҳуқуқи интихобот ҳамчун яке аз асосҳои риояи  ҳуқуқи башар мубориза мебурданд. Онҳо дар инқилобҳо хуни худро рехтанд, дар эътирозҳо ҷоннисорӣ  намуда, то ба  гӯши аҳли ҷомеа ва ҳокимон расонидани садояшон хеле таҳқиру хориҳо  кашидаанд.  Иштироки фаъол намудан дар интихобот, ки лаҳзаи тақдирсози кишвар аст, масъулияту шарофатмандии бузург аст, зеро барои ин ҳуқуқи асосии сиёсии мо гузаштагонамон мо хеле мубориза бурдаанд. Агар мо хоҳем, ки давлат шаҳрвандони худро эҳтиром кунад, пас мо низ бояд ба  таърихи миллати худ ва он давлати соҳибистиқлол, ки мо шаҳрванди он ҳастем, эҳтиром гузорем ва дар лаҳзаҳои тақдирсози тиърихии  хеш бетарафу бемасъулият набошем.
 Бисёр мутафаккирон мӯътақиди он буданд,ки интихоби ҳокими шоиста ин ҳаққу ҳуқуқи ҷудонопазири мардум аст ва ҳар як овоз метавонад раванди рӯйдодҳоро тағйир диҳад. Имрӯз, дар бораи аҳамияти интихобот ва ширкати ҳатмии ҳар як шаҳрванди кишвар дар он ба ҳама маълум аст. Ширкати ҳар як шаҳрванд дар интихобот ин, пеш аз ҳама, иштироки фаъол дар интихоби ояндаи хеш аст.
 Шаҳрванд кист? Шаҳрванди асил шахси бошуур, масъулиятшинос ва ватанпарвар аст. Шаҳрванд шахсе мебошад, ки ба таври доимӣ дар қаламрави кишвар иқомат дошта, ба давлати муайян мансуб аст. Ватандорӣ  ва масъулиятшиносӣ яке аз нишонаҳои асосӣ ва василаи арзёбии шаҳрвандӣ аст. Шаҳрванд бояд Ватани худро дӯст дорад, қадр кунад, дастовардҳои давлатиро ҳифзу эҳтиёт кунад ва андозҳои давлатиро саривақт супорад, то ки он аз ҷиҳати моддию молӣ ҳифз гардад. Вай ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст, ки дар ҳаёти мамлакат ва идоракунии корҳои давлатӣ ширкат варзида, дар интихобот овоз диҳад.
  “Танҳо қобилияти овоздиҳӣ, - таъкид  мекунад файласуфи классикии немис Иммануил Кант, -  хусусияти шаҳрвандро ташкил медиҳад ва ин қобилият мустақилияти касеро дар миёни одамоне пешбинӣ мекунад, ки мехоҳад на танҳо заррае аз ҷомеа, балки узви он  бошад, то ки бо иродаи худ якҷоя бо дигарон амал кунад. Аммо ин сифати охирин зарурати фарқ кардани шаҳрвандони фаъол ва ғайрифаъолро ба миён меорад, гарчанде ки мафҳуми шаҳрванди ғайрифаъол ба маънои таърифоти шаҳрванд дар маҷмӯъ мухолифат дорад”.
Иштироки фаъоли ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар овоздиҳӣ барои интихоби  Президенти мамлакат нишондиҳандаи сатҳи худшиносӣ,   масъулиятшиносӣ ва камолоти вай мебошад. Камолот як амали махсус нест, балки як сифати рушду  нумӯи ҳаматарафаи шахсият аст. Маҳз камолот заминаест барои ифодаи муваффақонаи шахс, ки тамоюли асосии кам кардани тарсу ҳаросро нисбати оқибатҳои иқдомоту  интихоби вай  фароҳам меорад. Асоси шахсият  як намунаи худшиносӣ ва камолотёбӣ  мебошад.
 Ҳар як шахс бояд интихоби худро ба манфиати ҳақиқат ё созиш анҷом диҳад. Вай якбора ҳардуро интихоб карда наметавонад. Олимон ин ҳолатро чунин шарҳ додаанд: Агар шумо интихоби худро бо он чизе, ки имконпазир ва оқилона менамояд, маҳдуд кунед, шумо худро аз он чизе, ки воқеан мехоҳед, хориҷ мекунед ва танҳо он чизе, ки дар канор мондааст, созиш аст. Шакли мукаммали ҳаёт созиш аст, ки яке аз ҷанбаҳои он мавҷудияти беисти эҳсоси тарсу изтироб аз баҳри оянда ва амнияти шахс мебошад.
 Худогоҳӣ ва худшиносӣ  - яке аз хусусияти муҳими шаҳрванд аст, ки дар интихоби дурусту амниятбахш  ба вай кӯмак мерасонад. Барои интихоби дуруст, шахс  бояд донад, ки худаш кист ва ҷонибдори чӣ мебошад. Мо, аҳли  ҷомеа, бояд аз худ бипурсем, ки  пеш аз ин кӣ будем, чӣ доштем ва ҳоло кӣ шудаему  дорои чӣ  гаштему то ба куҷо расидаем, воқеан, чӣ мехоҳем ва чаро ба ҳамон сӯ меравем.
Воқеияти кунунӣ ҳам чизи муайянро дар бар мегирад,аммо он аз ҳар шахс фақат як назари оқилонаю некбинона мехоҳад. Ҳоло ҳаёт ҳадафҳои зиёдеро пешбинӣ мекунад, аммо, воқеан,  мо интихоби оддӣ мекунем - хушбахт будан ё мудом хурӯшидану норозӣ  буданро, аммо ин ҳарду  як саъйюиродаи қавиро талаб мекунанд. Ҳеҷ кас дар зиндагӣ бадию нобудиро интихоб намекунад, зеро он яке офатангез ва дигаре ҳеҷ аст. Мо метавонем интихоб кунем, ки чӣ кор кунем. Мо озод интихоб карда метавонем. Аммо мо бояд дар хотир дошта бошем: оқибатҳои ин интихоб дигар аз мо вобаста нахоҳанд шуд.
  Овоздиҳӣ равандро муайян намекунад. Овоздиҳӣ ба он тасмим мегирад, ки ҷараёни рӯйдодҳои ояндаро кӣ муайян ва роҳбарӣ мекунад,то ки ин равандҳо воқеӣ гарданд. Раванди тараққиёти сиёсӣ-иҷтимоии давлатамон кайҳо муайян шудааст: он дунявият, демократия, ваҳдати миллӣ, ягонагии умумимиллии кишвар ва истиқлолияти иқтисодию сиёсӣ-иҷтимоии он аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол ба асри XXI бо иродаи қавӣ ва хоҳиши паймон барои бунёди давлати соҳибихтиёри демократии дунявӣ ва ҳуқуқӣ бо як барномаи нави созанда ва мушаххас ворид шуд.  Дар ин ҷода моро зарур аст, ки барои амалӣ гардидани ин барномаи рушди кишвар тасмими дуруст гирем.
Барои интихоби  дуруст чӣ бояд кард ва он аз кадом иқдомҳо иборат аст?
  Равоншиноси машҳур С.Мадди қайд мекунад,ки ҳангоми интихоб дар асл  мо ҳамеша бо ду роҳ рӯ ба рӯ мешавем. Яке интихоб намудан ба фоидаи гузашта,  ё интихоб кардан  ба манфиати оянда.
  Интихоб ба манфиати гузашта - ин интихоб ба фоидаи он чизест, ки аллакай дар ҳаёти мо рӯй додаст  ва ба таҷриба расидааст, ба чунин воқеият мо одат кардаем. Гузаштаро интихоб намуда, мо субот ва роҳҳои шиносро интихоб мекунем, итминон дорем, ки фардо низ монанди  имрӯз мегузарад, аз ин рӯ, аз тарафи мо  ягон тағйирот ё саъйю кӯшиш  лозим нест. Пас, мо метавонем,ки  бо муваффақиятҳои худ беташвиш дар ҳоли истироҳат бошем.
  Аммо ҳангоми интихоб ба манфиати оянда, мо изтиробро интихоб мекунем, оянда ҳамеша номаълум, пешгӯинашаванда аст ва   бинобар ин хеле  ҳаяҷонбахшанда  мебошад. Ояндаро  пешбинӣ кардан душвор аст, аммо онро ба нақша гирифта, барои беҳбудии он барномарезӣ кардан мумкин аст. Банақшагирии оянда, аксаран, такрори бепоёни ҳозираро дар назар дорад. Ояндаи имрӯза низ дар ҷараёни худ номаълум аст. Аз ин рӯ, ин интихоб моро аз оромӣ маҳрум мекунад ва ба изтироб меоварад. Аммо рушду такомулёбии ҳар чиз танҳо дар оянда аст. Гузашта қаблан гузаштааст ва он кунун фақат  қобили такрор аст.
Пас чиро интихоб мекунед?  Гузаштаи босуботу таҷрибашударо ё
ояндаи фаъоли пуризтиробу такомулбахшро? Ихтиёр дар дасти бахтиёр.
Орифҷонова Н.Р.
номзади илмҳои фалсафа,
ходими калони илмии
 Шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
 ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ