casino malaysia
casino malaysia
Шахсияти мумтози илмӣ-фарҳангӣ

wrapper

  Дар ин мақола ёде аз шахсияти бузург ва роҳбари сиёсатмадору оқил,  аъзо-корреспонденти АФ ИҶШС, ходими хизматнишондодаи илм, академики Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, профессор Муҳаммад Осимӣ (рӯҳашон шод бод) мекунему чанд ҷумлаи ёддоштие дар бораашон ба қалам медиҳем.
  Академик Муҳаммад Осимӣ солҳои зиёде Президенти АФ ҶШС Тоҷикистон буданд ва бо тамоми ҳастияшон як шахси бомаърифату бомулоҳиза ва инсони дорои инсоният буданд. Кормандони илм новобаста аз унвону мақомашон барои ҳалли мушкилоту носозгориҳои зиндагӣ ба он кас муроҷиат мекарданд. Он шахсияти бузург кормандонро бо муҳаббату бо чеҳраи шод қабул мекарду гусел мекард. Муносибати ӯ барои лаборанту  унвондорони бахшҳои Академия якранг буд ва то ҳадде метавонистанд мушкили корафтодагонро ҳал мекард ва дар ҳолати ҳал нашудани масъала ҳам муомила тарзе буд, ки ҳаргиз шахс аз он кас дилхуру дилгир намешуд. Яъне фазилатҳои  ахлоқии академик Муҳаммад Осимӣ дар дараҷаи хело боло буд ва ҳамчун як роҳбари  сиёсатмадору  хирадманд ва вуҷудан олими тавоно дар давоми сарвари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон кори Академия ва институтҳои онро пеш бурда, ҳавасмандии аҳли хирад ба илм афзуда, обрӯи илми тоҷик ва олимони он на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар кишварҳои  хориҷ аз он низ зиёд буд. Маҳз бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ иртибот ва рафту омадҳои илмӣ бо кишварҳои хориҷӣ қавӣ буд.  Яъне донишмандони соҳаҳои мухталифи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шуҳрат доштанд ва қариб дар тамоми конфронсу симпозиумҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзиданд. Аз ин ҷо, худи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун донишманд ва ходими ҷамъиятӣ на фақат дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар  кишварҳои хориҷ низ ба монанди Англия, Франсия, Олмон, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Чин ва мамлакатҳои араб  маълуму машҳур буданд. Чунон ки гуфтем Муҳаммад Осимӣ бо унвони Президенти АФ ҶШС Тоҷикистон  адои вазифа менамуданд ва ба бисёр мамлакатҳои  Шарқу Ғарб  ҳамчун олим   ва ходими ҷамъиятӣ сафар намуда, дар конфронсу симпозиумҳо ва конгрессҳо бо баромаду суханрониҳо иштирок менамуданд.
Бо дастгирӣ ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ дар тақвими санаҳои таърихӣ ва фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст. Он кас муддати тулоние  сардори лоиҳаи ЮНЕСКО дар қисмати омӯзиши фарҳангу тамаддуни Осиёи Марказӣ буданд ва дар анҷоми ин лоиҳа саҳми босазое доштанд, ки ифтихори миллати тоҷик мебошанд.
  Академик Муҳаммад Осимӣ дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистон ҳамчун   ходим ва роҳнамо нақши арзандаи худро доштанд ва дар айни замон як шахсияти хосе  буданд. Чунки ин шахсият дар пешрафти илму фарҳанг ва ташаккули ҷаҳонбиниву тамаддуни миллати тоҷик хизмати таърихӣ намудаанд, ки метавон он касро дар қатори  нависандаи бузурги тоҷикон устод Садриддин Айнӣ, ходими илм, академик Бобоҷон Ғафуров ном бурд.
Дар ҳақиқати Муҳаммад Осимӣ ҳаёт ва зиндагии хеш ва саъю талошашро бо илму фарҳанг, тамаддун ва ҳаёти иҷтимоиву сиёсии бештар аз ним аср ба миллати тоҷик бахшида, дар ин муддати хизматҳое зиёде намуданд, ки мо ва таърихи мо ин шахсияти бузургро набояд аз лавҳи хотир ва сафҳаи таърих дур кард.
  Фаъолият ва ҳаёту зиндагии Муҳаммад Осимӣ рангобаранг гузаштааст. Он кас мутаваллиди соли 1920 (ш.Хуҷанд) буда, соли 1941 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқандро хатм намудаанд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ  (1941-1946) буда, фаъолияти кориашон дар Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд шуруъ шуда, ба сифати ассисент, муаллими калон, мудири кафедраи физика, проректори донишгоҳ  кор кардаанд.
Баъдан аспиранти Академияи илмҳои  ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1952-1955) дар зери роҳбарии академик Б.М.Кедров рисолаи номзадӣ менависад ва пас аз дифо ва хатми академия иртиботи Муҳаммад Осимӣ бо роҳбарашон идома меёбад. Махсусан пас аз Президенти   Академияи фанҳои ҶШС  Тоҷикистон таъин шуданашон ин иртиботи илмӣ-ҳамкорӣ қавитар мешавад.
 Муҳаммад Осимӣ аввалин ректори Донишкадаи политехникии ш. Душанбе (1956-1962), ки дар феълан ин Донишгоҳ номи академик Муҳаммад Осимиро дорад, буданд. Баъдан (1962-1965) дар вазифаҳои Вазири маорифи халқ, Раиси Комитети назорати ҳизбию  давлатӣ, котиби КМ ҲК, ҷонишини Раиси Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон анҷоми вазифа кардаанд.
 Муҳаммад Осимӣ соли 1965 академик ва Президенти АФ ҶШС Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1988 адои вазифа мекунанд. Дар замони президенти Академияи илмҳо буданашон истеъдоди баланди илмӣ-ташкилотчигӣ нишон дода, фаъолияти илмии худро васеъ гардониданд. Фаъолияти илмии ӯ соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, аз ҷумла таърихи фалсафа, материализми диалектикӣ, табиатшиносӣ, таъриху тамаддунро дар бар мегирад ва асрҳои ӯ ба забонҳои форсӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, ҳиндӣ чоп шудаанд. Мавзуи баҳси осори ӯ бештар масъалаҳои мубрами фалсафаи марксистӣ, материя ва тасвири физикии олам, пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ, мафҳуми материя ва проблемаи воқеияти физикӣ, мавзӯи баҳси материализми диалектикӣ, таҳқиқи проблемаҳои ташаккулу такомули  илму фарҳанги  Тоҷикистон, роҳҳои  амалигардонӣ ва тараққӣ додани илму маориф, масъалаҳои  сохтмони маданӣ  пайваста бо ҳалли вазифаҳои пешрафти иҷтимоӣ, боло бурдани фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.
  Муҳаммад Осимӣ дар тарҷумаи осори классикҳои марксизм ва ленинизм, махсусан «Анти Дюринг»-и Ф.Энгелс, «Дафтарҳои фалсафӣ» ва «Материализм ва эмпириокритисизм»-и В.И.Ленин саҳмгузоранд
  Хизмати Муҳаммад Осимӣ дар ташкил ва ба вуҷуд овардани Энсиклопедияи советии тоҷик дар назди Президиуми Академияи фанҳои Тоҷикистон, ки дар ҳашт ҷилд нашр гардид, басо бузург буд. Дар муддати зиёда аз 20 соле, ки он кас Президенти АФ Тоҷикистон буданд, робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо Академияи илмҳои СССР, академияҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва кишварҳои хориҷӣ қавитару мустаҳкамтар гардид. Бо ташаббуси Муҳаммад Осимӣ Институти шарқшиносӣ, шуъбаи генетикаи умумии пахта, Институти математика, Институти биологии Помир таъсис дода шуд, ки  дар инкишоф ва ташаккули илм ва кадрҳои илмӣ нақши арзанда бозид.
  Хизмати арбоби илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимӣ дар таҷлили солгарди аҳли илму адаб ва намояндагони барҷастаи тамаддунамон Абуали Ибни Сино (1980), Абдураҳмони Ҷомӣ (1964-1989), Аҳмади Дониш (1975), 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1996) ва ғайраҳо ниҳоят бузург буд.
  Дар айни замон Муҳаммад Осимӣ  як шахсияти машҳури иҷтимоӣ буданд.  Чандин маротиба депутати Шурои Олии Ҷумҳурӣ ва СССР интихоб шуда буданд, ки Ҳукумати СССР ва Тоҷикистон фаъолияти илмӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-ташкилотии ӯро ба назар гирифта,  бо орденҳои дараҷаи аввали давлатӣ мукофотонида, аз ӯ қадрдонӣ карданд.
  Саҳми роҳбари илму адаб ва бо тамоми маънӣ инсони хирадманд академик Муҳаммад Осимӣ дар пешрафти фарҳангу тамаддун ва илму тафаккури маънавӣ-ақлонии тоҷикон беинтиҳост. Наметавон дар чанд саҳифаи мухтасар ҳамаи онро рӯи қоғаз овард, вале қайд намудан зарур аст, ки ӯ дар ҳақиқат як роҳбар,пешвои илму фазилати инсонӣ, инсони хубу меҳрубон, оқилу доно ва бо сиёсат буданд, ки аз дидану гуфтор ва муомилаи ӯ шахс як инсони комил ва бо шахсияту бо фарҳанг ва бо қалби бузургро медид. Дурахшиши илму заковат дар симои он кас барқ мезад ва ҳаминро мегӯям, ки шояд чунин шахсиятҳо такрорнашаванда бошанд, ёдашон ба хайр, рӯҳашон шод бод!
 
                                                 Тоҷинисо Муродова
                                                 номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари  илмии Шуъбаи фалсафаи
 таърихи ИФСваҲ-и
 ба номи А.Баҳоваддинови  АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia