casino malaysia
casino malaysia
Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ

wrapper

  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 дар заминаи Шуъбаи давлат ва ҳуқуки Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992 аз Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти фалсафа дода шуда буд (1992-2005)), Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Буризода Э.Б. ба зимма дорад.
  Он нисбат ба шуъбаҳои дигари бахши ҳуқуқ таърихи тулонитар дорад. Нахустин шуъбаи ҳуқуқшиносии академӣ-Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ дар Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида ба фаъолият шурӯъ мекунад. Соли 1991/92 бо кушиши мақомоти давлатӣ ва Раёсати ҳамонвақтаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муттаҳид намудани бахши фалсафа ва Шуъбаи давлат ва ҳуқуқ Институти фалсафа ва ҳуқуки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Шуъба дар ҳайати Институти мазкур то соли 2005 фаъолият намуд. Дар таҳқиқоти мавзуоти гуногуни илмӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос академик Тоҳиров Ф.Т., профессорон Менглиев Ш.М, Раҳимов М.З., Имомов А.И., номзадҳои илм М.С. Ҳайдарова, Буризода Э.Б., Носиров Х.Т., Ғаюров Ш.К., минбаъд Гадоев Б.С., Маликова А.Ҳ. ва дигарон саҳми худро гузоштаанд.
Бо таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқ Шуъбаи мустақили таърихи давлат ва ҳуқуқ ба фаъолият шурӯ намуда, заминаи ташкили шӯъбаҳои нав – Шуъбаи ҳуқуқи давлатӣ ва Шуъбаи ҳуқуқи хусусӣ ва муқоисавӣ мегардад. Соли 2010 дар заминаи мутахассони Шуъба, Шуъбаи ҳуқуки исломӣ ташкил гардид, ки то декабри соли 2014 фаъолият мекард ва минбаъд декабри соли 2014 барҳам дода шуда, кормандони он ба Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ интиқол дода шуд.
Дар Шуъба ҳамагӣ 10,5 басти корӣ мавҷуд буда азҷумлаи ходимони илмӣ се нафар доктори илм (мудири Шуъба Э.Б. Буризода,  сарходими илмӣ Маҷидзода Ҷ.З.(0.5 баст), сарходими илмӣ Назарзода Н.Ҷ. .(0.5 баст)) ду нафар ходимони пешбар ( Абдулхонов Ф.М., Расулов Ф.М.), ходими калони илмӣ, н.и.ҳ. (Холинова М.М., Наботов М.А.) ходими хурди илмӣ, (Ҳамидова З.Ҳ. (0.5), Набиев Ф.С., Мирзоалиева М.А., Дилшодзода С.Д. (0.5 баст), Кучарова Б. (0.5 б), мебошанд.
Ҳамагӣ ба кори илмӣ - тадқиқотӣ ва таҳияву нашри маҳсули илмӣ машғул мебошанд.
  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт соли 2020 оид ба мавзӯи илмии тадқиқотӣ: "Нақши ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва давлатдории шӯравӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон (2018-2022) " Дар давоми солҳои фаъолият аз ҷониби ходимони илмии Шуъба як қатор корҳои таҳияву чопӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва мақолаҳои зиёд дар маҷаллаҳои илмӣ  нашр гардидаанд.
  Аз ҷониби ходимони илмии Шуъба чунин корҳои табъу нашр ба анҷом расонида шудааст: Маҷаллаи Академии ҳуқуқ. 2012-2019 аз ҷониби И.Б. Буриев таҳия гардидааст; Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2014-2019 то раками 1., аз ҷониби И.Б. Буриев таҳия шудааст; Буриев И.Б.  Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Қисми 1. Душанбе, 2014. 268 с. 16,5 ҷ.ч.; Буриев И.Б дар ҳаммуаллифӣ. Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. Душанбе: Дониш, 2014. 837 с. муаллифи боби 1. Рушди ғояҳо ва ниҳодҳои давлатдории таърихии тоҷикон. С.13-63. 3 ҷ.ч.; Зоиров Д.М. Таджики.  От государства Саманидов до суверенной государственности (Историко-правовой анализ). Санкт-Петербург: Рэноме, 2014. 287 с. 17 ҷ.ч.; Зоиров Ҷ.М. Конституции Республики Таджикистан -20 лет. Душанбе: Эрграф, 2014. 152 с. 9,5 п.л.    Ҳамагӣ 46  ҷ.ч. асарҳо нашр намудааст. Тоҳиров Ф.Т. Хрестоматия по истории государства и права Таджикистана (1917-1994 гг.)  / Ф.Тохиров // – Душанбе: Дониш, 2019. ­ –1020 с.; Буризода Э.Б., Бобокалонов Ғ.М. Шахсияти бузург ва олими соҳибмактаб (бахшида ба 80-солагии зодрӯзи академик Фозил Тоҳиров)-Душанбе: Матбааи ДМТ, 2019. -64 с. 4 ҷ.ч.; Олими соҳибмактаб. Биобиблиография (бахшида ба 80-солагии академик Фозил Тоҳирович Тоҳиров) / Муҳаррири масъул, проф. Буризода Э.Б. –Душанбе: Нашри Мубориз, 2019. -260 с. 17 ҷ.ч.; Буризода Э.Б.  Фасли 1. Боби 1. Рушди ғоя ва падидаҳои ҳуқуқӣ - конститутсионӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон. –С.14-78 // Конститутсияҳои Тоҷикистон ва падидаҳои ҳуқуки давлатӣ дар инкишофи давлатдории миллӣ.  –Душанбе: Дониш, 2019. – 620 с.; Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: масоили таърихи пайдоиш ва нақши он дар рушди падидаҳои давлату ҳуқуқ (Бахшида ба25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) //Муҳаррири масъул, проф. Э.Б.Буризода. – Душанбе, 2019. -294 с.; Маҷидзода Ҷ.З. , Одиназода Р.С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ (дар масири ҷаҳонишавӣ) / Муҳаррири масъул проф. Э.Б. Буризода . –Душанбе: Маориф, 2019. –240 с.; Абдулхонов Ф. М.  Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд /  Таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. Раҳмон Озода Эмомалӣ. (Монография).  – Душанбе, 2019  Ҷ. 1 ва 2.  Муаллифи  бобҳои  4. 4.4. – 347-365, боби 4.5. – 365-382; Ҷ.2.  боби 5. 5.1. –С.72-79, Ҷилди 2, боби 5.8.  –139-149, боби 5.9. -149-169.; Муҳаққиқӣ давлатдории миллӣ //Мураттибон Назарзода Ҷ.Н., Абдулхонов Ф.М.  / Муҳаррирони масъул Маҷидзода Ҷ.З.  –Душанбе: Меҳргон, 2019.  188 с. 11ҷ.ч.; Мирзоев С.Б. Сиёсати  сарҳадӣ дар ҶТ. – Душанбе: Матбааи ЭР-Граф, 2019. - 300 с.; Мирзоев С.Б. Сиёсати  зиддикорупптсионӣ дар ҶТ. –Душанбе: Матбааи ЭР-Граф, 2019. - 150 с.
Ходимони илмии Шуъба ҳамасола тақрибан ба миқдори 240-270 ҷ.ч. дар шакли монография, китоби дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ, илмию омммавӣ таҳия ва нашр менамоянд.
  Шуъба дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои бахшида ба  Рузи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ҷашни 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Парчам  иштироки фаъолона дошт. Ходимони илмии Шӯъба дар кори Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ, рисолаҳои докторӣ аъзо буда, фаъолона иштирок менамоянд. Ходимони илмии Шуъба дар машваратҳои Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои умумии Академияи илмҳо ва Шуъбаи ҷамъиятшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
  Ходимони илмии Шуъба ҳамасола иштирокчии зиёда аз 30  конфронс, симпозиум, семинар ва машваратҳо буданд.
Ходимони илмии Шуъба дар тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, Паёми Президенти кишвар фаъолона иштирок дошта, Маҷидзода Ҷ.З. вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Буриев И.Б. вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардида дар ин самт  фаъолона кор мебаранд.
  Шуъба дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ яке аз воҳидҳои фаъоли Институт ба шумор меравад.
 Самтҳои таҳқиқот: таърихи давлати тоҷикон, суннтаҳои давлатдорӣ, давлатдории миллӣ, идомати падидаҳои ҳуқӯқӣ, ниҳодҳои давлатдорӣ; падидаи васояту парасторӣ, масоили таърихии рушди кодификатсия, масоили таърихи пайдоиш ва рушди назорати молиявӣ, рушди принсипиҳои ҳуқуқӣ, марҳилаҳои пайдоиш ва рушди ниҳодҳои адолати судӣ ва истеҳсолоти судӣ, таҳавулоти ҳуқӯки зан ва оила дар таърихи тоҷикон ва ғайра.  
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia