casino malaysia
casino malaysia
Сохтор

wrapper

 Таъсиси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИФСҲ) бо раванди  таҳкими  истиқлоли кишварамон рост омад. Бинобар ин мавзуъҳои  таҳқиқотии он низ ба ин падида, алоқамандии ногусастанӣ дошта, ба масъалаҳои ташаккули миллати тоҷик, худшиносии миллӣ, фарҳангу ҳувияти миллӣ, таъмини заминаи ҳуқуқии раванди дигаргуниҳои ҷомеаро дар бар мегирад.
  Сохтори ИФСҲ аз рӯи самтҳои асосии таҳқиқот ва вазифаҳои Институт муайян ва такмил дода шуда, бо пешниҳоди директор аз ҷониби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
  Воҳидҳои сохтори Институтро шуъбаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  ташкил медиҳанд.Дар  ИФСҲ  13 шуъба ва 1 марказ  амал мекунад:
   Дар айни замон   дар Институт корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз рӯи 16 лоиҳа (15 лоиҳаи илмии буҷавӣ ва 1 лоиҳаи илмии грантӣ) идома доранд.
  Институт дар соҳаи густариши муносибатҳои байналмилалии илмӣ,табодули иттилоот ва кадрҳои илмӣ,аз ҷумла тайёр намудани мутахассисон ҷаҳду талош дошта  бо муассисаҳо ва марказҳои илмии ҷаҳон робита дорад ва барои рушди муносибатҳои мазкур ҳавасманд мебошад. Кормандони илмии Институт дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, фарҳангӣ иштироки фаъолона дошта, дар муҳокимаи лоиҳаҳо, кодексҳо, қарорҳо ва қонунҳои гуногун пайваста ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин кормандони илмии Институт бо макотиби олии кишвар тавассути фаъолияти омӯзгорӣ, тайёр кардани кадрҳо, таҳия кардани китобҳо ва дигар маводҳои илмӣ- методӣ ҳамкорӣ  доранд.
  Дар ИФСҲ ҳамчунин Шӯрои дифои Д 047.019.02 аз рӯи ихтисосҳои 09.00.13.- фалсафаи антропологӣ, фалсафаи фарҳанг ва 09.00.14- фалсафаи дин ва диншиносӣ, Шӯрои дифои Д 047.019.03 аз рӯи ихтисосҳои 23.00.04-  “масъалаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ,  рушди глобалӣ ва минтақавӣ” ва 23.00.01- “назария ва фалсафаи сиёсат, таърих ва методологияи илмҳои сиёсӣ”, ки бо қарори КОА Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия ташкил шудааст, фаъолият доранд.
  Институт дорои маҷаллаҳои илмии “Ахбори Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ (ISSN 0235-005X)”, “Маҷаллаи академии ҳуқуқ (ISSN 2305-0535)” мебошад.

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia