casino malaysia
casino malaysia
Дар бораи мо

wrapper

  Бо Қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (аз 8 марти соли 1951, №116) Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Дар солҳои 50 асри гузашта сарвари Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон донишманди маъруфи тоҷик, академик Алоуддин Маҳмудович Баҳоваддинов буд. Таҳти роҳбарии илмии А. Баҳоваддинов кормандони Шуъбаи фалсафа аксари осори худро ба таҳқиқи масъалаҳои назарияи маърифат, таҳаввули тасаввурот дар бораи ҳастӣ, ҳаракат, замону макон, баррасии хусусиятҳои тафаккури диалектикӣ дар табиатшиносӣ ва масъалаҳои дигари мубрами назариявӣ бахшиданд. Дар ин давра дар инкишофи илми фалсафа ва тарбияи кадрҳои  баландихтисоси илмӣ    академик Муҳаммад Осимӣ саҳми калон гузошт.
  Солҳои 1965-1988 сарвари Шуъбаи фалсафа АИ ҶШС Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа  Ғаффор  Ашӯров буд. 19 марти соли 1991 дар заминаи Шуъбаи фалсафа ва Шуъбаи ҳуқуқи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон  муассисаи нав - Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Академик АИ ҶШС Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Мусо Диноршоев директори Институт интихоб гардид. Дар марҳилаи аввали фаъолияти Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶШС Тоҷикистон, кормандони он ба таҳқиқи масъалаҳои фалсафа  ва  ҳуқуқ, ки бо таърихи пайдоиш ва рушди фалсафаи тоҷик робита доранд, машғул буданд.
  Бо мақсади такмил ва татбиқи сиёсати ҳуқуқии ҶТ, равона кардани фаъолияти илмиву тадқиқотӣ ба омӯзиш ва ҳалли ҳодисаҳову масъалаҳои давлативу ҳуқуқии муосир, тарбияи мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ бо Қарори Ҳукумати ҶТ (аз 2 декабри соли 2005, №474) дар заминаи шуъбаи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ муассисаи нави илмӣ - Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ ташкил карда шуд, ки сарвараш  академики АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ Тоҳиров Фозил Тоҳирович буд.
Дар солҳои 2007-2008 Институти фалсафаи АИ ҶТ-ро, академики АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, Арбоби илм  ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов сарварӣ намуд.
  Соли 2009 доктори илмҳои фалсафа, Абдувоҳид Шамолов директори Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ интихоб гардид. Бо Қарори Ҳукумати ҶТ (аз 4 феврали с. 2011, №35) Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ва Институти давлат ва ҳуқуқи АИ ҶТ муттаҳид карда шуда, дар асоси онҳо Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ташкил гардид. Директори институт доктори илмҳои фалсафа А.Шамолов таъйин шуд.
Дар солҳои 2015-2019 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ-ро узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон Навруз сарварӣ намуд. Дар ин давра таваҷҷуҳи бештар барои тайёр намудани кадрҳои илмии маҳаллӣ,хусусан дар соҳаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ равона карда шуд. Дар назди Институт ду шӯрои нави диссертатсионӣ  оид ба илмҳои сиёсӣ кушода шуд.
  Аз соли 2019  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ-ро номзади илмҳои фалсафа, дотсент, Назар Муъмин Абдуҷалол сарварӣ менамояд. Таҳти роҳбарии Назар М. А.  ба омузиш ва таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва методологии онтология, гносеология ва мантиқ, масоили рӯзмарраи фалсафаи иҷтимоӣ, таърихи фалсафа, фалсафаи фарҳанг, пажуҳиши масоили фалсафии дин, таҳлили сотсиологии таҳаввулоти сохторӣ дар ҷомеаи тоҷик, таҳлили падидаҳои ҳуқуқӣ,  омӯзиши равандҳои сиёсӣ,  таҳлили  равандҳои геополитикӣ ва ҷаҳонишавӣ , нашри мероси фалсафӣ ва ҳуқуқӣ тақвият  бахшида шуд.
 Дар айни замон самтҳои асосии фаъолияти илмии Институт аз инҳо иборатанд: пажӯҳиши масъалаҳои фалсафа, сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ, геополитика, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, сотсиология, давлат ва ҳуқуқ.
  Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон алњол 165 нафар ходимон фаъолият доранд. Дар шуъбаҳои Институт 3 нафар академик ва 8 нафар узви вобастаи АИ ҶТ, инчунин 77 мутахассиси соҳибунвон -34 доктори илм ва  43 номзади илм  кор мекунанд.

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia