casino malaysia
casino malaysia
Муовини директор оид ба илм ва таълим

wrapper

                                                 ҲАЙДАРОВ РУСТАМ ҶУРАБОЕВИЧ
 
 
    12 июли соли 1970 дар ш.Панҷакенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон таваллуд шудааст.Солҳои 1977-1987 дар мактаби миёнаи №50,ш.Душанбе таҳсил намудааст. Ҳайдаров Р.Ҷ. соли 1988 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленини ш. Душанбе  дохил шуда, соли 1993 ин муассисаи таҳсилоти олиро  бомуваффақият хатм намуда, ба шуъбаи ҷомеашиносии Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси лаборант ба кор меояд. Дар соли 1998 ба аспирантураи Институти фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ихтисоси 09.00.11 –  фалсафаи иҷтимоӣ дохил шуда, онро соли 2000 хатм мекунад. Рисолаи номзадиро дар мавзуи "Ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон" аз рўи ихтисоси 09.00.11 –  фалсафаи иҷтимоӣ  12 декабри соли 2000 дифоъ кардааст

   Солҳои 1995 то 2019 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъба кору фаъолият кардааст. Ҳамзамон солҳои 2003-2007 дар докторантураи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст.  Рисолаи докториро дар мавзўи " Таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои дигаргуншавии ҷомеаи тоҷик " моҳи октябри 2007 аз рўи ихтисоси 09.00.11 –  фалсафаи иҷтимоӣ дифоъ намудааст.
  Аз 23 апрели соли 2019 то ҳол Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  кор карда истодааст.
  Аз 1 апрели соли 2021 Раиси Шӯрои диссертатсионии 73.1.006.02 (Д.047.019.04)  Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти  олии  Федератсияи Россия, ки аз рӯи ихтисосҳои  таърихи фалсафа (илмҳои фалсафа)- 5.7.2.  ва   фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ(илмҳои фалсафа) - 5.7.7. дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  фаъолият дорад.
Ҳайдаров Р.Ҷ. барои дастовардҳои назарраси илмӣ  ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди илмҳои сиёсӣ ва фалсафа  бо Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  (2018, 2019), мукофоти давлатии Тоҷикистон-медали “Хизмати шоиста” (2020), нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”(2020),нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”(2021)  сарфароз гардонида шудааст.
   Муаллифи зиёда аз 80 асари илмӣ, аз ҷумла 4 монография, 1 воситаи  таълимӣ, корҳои таҳрирӣ, мақолаҳои илмию тақризҳо дар бахши сотсиология, фалсафаи иҷтимоӣ, сиёсатшиносӣ, геополитика, муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Корҳои илмиаш дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Федералии Германия, Федератсияи Руссия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба чоп расидаанд.
   Ҳайдаров Р.Ҷ.  ҳамчунин  ба ҳайси муҳаққиқ  дар  кафедраи  сотсиология  ва антропологияи иҷтимоии Донишгоҳи  ба номи Фридрих–Александри ш.Нюрнберги Ҷумҳурии Федералии Германия (1998-1999), Институти омӯзиши глобализатсияи Донишгоҳи Парис-Лодрони ш.  Залтсбурги Ҷумҳурии  Австрия ( 2001), Институти сотсиологияи Донишгоҳи ш. Ҳанофери Ҷумҳурии Федералии Германия (2002-2003), Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон, ш. Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (2006), Маркази омӯзиши Осиёи Миёнаи Донишгоҳи Озоди ш. Берлини Ҷумҳурии Федералии Германия (2012), Маркази низоъшиносии Донишгоҳи ш. Марбурги Ҷумҳурии Федералии Германия (2017)  бо пажӯҳиши илмӣ машғул  шудааст. Таҳти роҳбарии  ӯ  4 нафар унвонҷӯ  диссертатсияҳои  номзадӣ ва 3 нафар магистр диссертатсияи худро бомуваффақият ҳимоя  намуданд. Ҳайдаров Р.Ҷ. ҳоло роҳбарии зиёда аз 8 нафар унвонҷуёну докторантҳои соҳаи фалсафа ва  сиёсатшиносиро ба зимма дорад.

Таълифоти асосии  Ҳайдаров Р. Ҷ.:

1. Таджикистан в  условиях глобализации: социально-философский анализ.Монография. Душанбе: “Ирфон”, 2020.-С. 187.
2. Тоҷикистон дар масири  таҳкими Истиқлоли давлатӣ:ҷанбаи иҷтимоӣ-сиёсӣ. Душанбе: “Шоҳин С”, 2020.-С. 108.
3. Ҷанбаҳои иҷтимоии муқовимат ба нашъамандӣ дар ҷомеа. Воситаи таълимӣ: - Душанбе: «Ирфон», 2019.-С. 68.
4. Развитие Таджикистана в период глобализации. -Душанбе: "Ирфон", 2006. -С. 190.
5.Таджикистан в орбите геополитических и глобализационных процессов. --Душанбе: "Ирфон", 2005. -С. 152.


 

Суроға

  • Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Шаҳри Душанбе

  • Хиёбони Рӯдакӣ, 33

 

Телефонҳо

  • (+ 992) 221 77 96 

http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia