ФАРҲАНГИ МАЪНАВӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ РИЗОИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Аз замони ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон роҳи ғайриоддии худтасдиқнамоии давлатӣ, таҳкими истиқлолият ва ҷустуҷӯйи самти дурусти рушди ояндаро аз сар гузаронид. Ба шарофати таҳаммулпазир будани халқ ва сиёсати одилонаи роҳбарият Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ вазъи ногувори ҷамъиятию сиёсӣ ва тағйироти харобовари иқтисодии солҳои 90-умро бартараф намуда, дар аввали асри XXI ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ халқи моро аз хатари парокандашавӣ ва нобудшавӣ раҳоӣ намуд, роҳро барои муттаҳидӣ ва рушди босубот боз намуд.

(дар ҳошияи Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, шаҳри Душанбе, 30.05.2025)