ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА ТАҲЛИЛИ ФАЛСАФИИ ОН ДАР КОНСЕПСИЯҲОИ ГУНОГУНИ ИЛМӢ
Шаҳрванд кист ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ гуна навъи ҷомеа мебошад? Баррасии ин масъала ва посух додан ба ин савол аз нимаи дуюми асри XX то кунун таваҷҷуҳи ҷомеашиносон ва файласуфонро ба худ кашида, ба мавзуи баҳсталаб табдил ёфтааст. Махсусан, дар мавриди фаҳмиши мафҳуми “шаҳрванд” дидгоҳҳои гуногун мавҷуд мебошанд. Аммо таҳлил ва муқоисаи назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷанбаи этимологӣ ё баромад мафҳуми “шаҳрванд” (“гражданин”) аз калимаҳои полис (шаҳр)-и юнонӣ ва “град” (“город”)-и русӣ таркиб ёфтааст.
