КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таҳти чунин унвон имрӯз (25.02.2025) дар толори маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Масоили мубрами фаъолияти қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккулёбӣ, рушд ва дурнамо" бахшида ба 30-солагии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
