Skip to main content

ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСӢ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ МАСЪАЛАИ МЕҲВАРИИ ТАЪЛИФОТИ ФАЛСАФИИ ИБРОН ШАРИПОВ

Таҳаввулоти инсон дар ҷомеа нисбат ба эволютсияи ӯ дар табиат хеле босуръаттар ба амал меояд. Ба он хотир, ки дар рушду таҳаввулоти иҷтимоии худ инсон на танҳо ба узвҳои бадани органикиаш такя мекунад, балки аз кулли олоту воситаҳои ба таври сунъӣ сохтаи худ, аз воситаҳои техникиву технологияҳои гуногун истифода мебарад. Агар возеҳтар таҳқиқ кунем худи ин воситаҳои сунъии сохташуда давоми мантиқии бадани органикии инсон буда, суръати инкишофи онро дар таҳаввулоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ метезонанд. Ҳамзамон, неруи ҷисмонӣ ва маънавии ӯро чанд маротиба афзун ва сермаҳсул мегардонанд.

Инсон мавҷуди иҷтимоист. Чун шахсият ӯ тавассути дарки асолати худ, ташаккули зеҳният табиати офаридашударо тағйиру дигаргун сохта, аз пайи арзишфаҳмӣ ба бозёфтҳои мухталифи фарҳангӣ нойил мегардад. Яъне инсон мавҷуди ақлонӣ ташаккулёфта, созанда ва мутобиқкунандаи муҳит барои ҳаётгузаронӣ аст. Тавассути ин амал ва фаъолияти густурда ҳам худро барои зистан ва ҳифз кардан омода менамояд ва ҳам таҳти назари арзишфаҳмиаш маҳсули моддию маънавӣ меофарад, ки аз дастовардҳои фарҳанг маҳсуб меёбанд. Ё худ “инсон шакли махсуси вуҷудият, зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда дар рӯйи Замин, субъекти равандҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҷодкору қувваи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа ва бунёдгари фарҳанг аст. Инсон намуди биологии иҷтимоишуда мебошад”.

Ба андешаи Ибни Сино «Худованди қодири мутаол хосиятҳое аз навъи неъматҳои худ ба бани навъи инсон ихтисос дода ва ба сабаби онҳо мақоми одамиро дар миёни Коинот аз бисёре махлуқоташ бартар ва болотар намудааст. Дар асари ин имтиёз ва бартарӣ вуҷуди башар зеботарин ва табиаташ комилтарин табоеъ (табиатҳо) гашта ва таркибаш муътадилтарин таркиб шудааст. Зиндагии одамӣ ба сабаби ин мазоё (афзалият) беҳтарин ва пурнеъматтарин зиндагонӣ гардида ва кӯшиш ва саъйяш дар саҳнаи зиндагӣ бар тибқи ақл ва басират, ки мояи нерумандӣ ва тавоноист, сурат гирифта ва бо одоби ҳасана (неку) ва ахлоқи карима (босаховат) ва малакоти (малакаҳои) фозила, ки муъҷиби ҷамол ва зебоӣ ва асбоби зебу зиннати одамист, мувофиқ ва мунтабиқ (мутобиқ) гардидааст». Аз ин мавқеъ, ҳадаф аз офарида шудани инсон хидмат намудан ба ҷомеа ва аз худ асаре ба мерос мондан аст. Чунки ӯ мекӯшад, ки дар тули мавҷудияти худ пайваста омӯзад, эҷод кунанд, саҳми худро дар рушди яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳим гузорад ва мақому манзалати худро муайян кунад. Ё худ бо амалҳои неку арзишофарӣ номи худро абадзинда гардонад ва худшинос шавад.

Пас, худшиносӣ чист ва заминаҳои ташаккули он кадом омилҳо метавонанд бошанд? Посух ин аст, ки худшиносӣ ин як раванди маърифатпазирӣ аст, ки инсон дар ҷараёни он мазмун, моҳият, ҷойгоҳ, ҳувият ва нақши худро дар ҷомеа муайян мекунад. Яъне худшиносӣ ба шахс имкон медиҳад, ки ҳадафи зиндагӣ ва фаъолияти худро дар ҳаёт муайян намояд, фазилатҳои неки инсониро дар муносибат бо атрофиён риоя карда, эҳтироми онҳоро ба ҷо оварад.

Аз ҷанбаи фалсафӣ худшиносӣ унсури муҳимми шахсият буда, тавассути он ў “ман”-и худро мешиносад ва ҷойгоҳи хешро дар ҷомеа муайян менамояд. Мазмуни ин андешаро нуқтаи назари файласуфони мактабҳои гуногуни фалсафӣ, ки дар бораи дарк ва фаҳми мафҳуми худшиносӣ ақидаҳои илмӣ иброз доштаанд, бозтобӣ медоранд.

Барои мисол: Суқрот мафҳуми худшиносиро асоси камолоти инсон меҳисобид. Ба ақидаи Афлотун худшиносӣ ин воситаи расидан ба ҳақиқат мебошад. Бо баёни ин андеша ў чунин мешуморид, ки инсон бояд нафс ва рўҳи худро тарбия кунад, то ба маърифати олӣ расад.

Аз таҳлили андешаҳои Арасту маълум мегардад, ки инсон тавассути ақлу дониш моҳияти худро дарк мекунад ва ин аст мазмуни худшиносӣ. Иммануэл Кант худшиносиро бо шуур ва озодии инсон алоқаманд медонист. Дар ин маврид, бар он назар буд, ки инсон бояд худро ҳамчун шахси соҳибирода ва масъул дарк намояд.

Мутафаккирони маъруфи тоҷик низ дар маврдиди шарҳу тавзеҳи мафҳуми худшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, андешаҳои ҷолиб баён доштаанд. Аз ҷумла аллома Ибни Сино инсонро дорои нафси оқила медонист. Таъкид менамуд, ки худшиносӣ аз шинохтирўҳ, ақл ва ҳадафи зиндагӣ манша мегирад.

Абунасри Форобӣ бошад, худшиносиро шарти расидан ба ҷомеаи солим ва инсони комил мешуморид. Бинобар ин, муҳим мешуморид, ки инсон аввал худро тарбия намояд, баъд аз паси ислоҳи камбудиҳои ҷомеа шавад.

Дар шахсият падидаи худшиносӣ худ ба худ ташаккул ва тақвият намеёбад. Ба сифати замина барои ташаккули худшиносӣ омилҳои иҷтимоӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсиқтисодӣ, равонӣ ва ғайра нақши муассир мебозанд. Махсусан, омилҳои иҷтимоӣ аз он ҷиҳат муҳим арзёбӣ мешаванд, ки ҷомеа, коллектив, муҳити хонаводагӣ, васоити ахбори умум ҷаҳонбинӣ ва дараҷаи арзишфаҳмии шахсро ташаккул медиҳанд.

Омилҳои таърихӣ барои тақвият ёфтани хотираи шахс, бедории миллии ў нақши калидӣ доранд. Таъсири омилҳои сиёсӣ ба он мусоидат мекунанд, ки инсон худро ҳамчун шаҳрванди комили ҷомеаи худ ҳисобад, ифтихор аз миллат, давлат ва фарҳанг карда, ба ҳамаи бозёфтҳои он арҷ гузорад ва ғайра.

Ҳамин тавр, падидаи худшиносӣ агар дарки инсон аз таърих, забон, арзишҳои фарҳангӣ ва миллати худ бошад, пас худшиносии миллӣ воситаи асосии ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, байни мафҳуми худшиносӣ ва падидаи худшиносии миллӣ чунин иртибот вуҷуд дорад: инсони худшинос манфиатҳои миллат ва давлатро дақиқ дарк мекунад; худшиносии инсон эҳсос ва масъулияти ватандорӣ ва ватандўстии ўро зиёд мекунад; бе таҳким ва тақвияти худшиносии мардум эҳё ва ҳифз кардани арзишҳои фарҳанги миллӣ ногузир мебошанд; худшиносии миллӣ заминаи асосии таҳкими истиқлолият ва рушди давлатдории миллӣ мебошад.

Манфиатҳои миллӣ бошад, дарбаргирандаи маҷмуи ҳадафҳо, арзишҳо ва ниёзҳои муҳимми давлату миллат мебошанд, ки барои ҳифзи истиқлол, амнияти миллӣ, рушди устувуори иқтисодӣ, ҳаёти фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зинагии аҳолӣ равона карда мешаванд.

Дар доираи иттиҳодияҳои гуногуни илмӣ мафҳуми манфиати миллӣ ба таври гуногун шарҳу тавзеҳ дода шудаст ва дар ин самт назарияҳои гуногуни илмӣ мавҷуд мебошанд.

Аз ҷумла, назарияи реалистӣ (воқеъгароӣ), ки намояндагони маъруфи он Н.Макиавеллӣ ва Т.Гоббс мебошанд, чунин тазар доштанд, ки манфиатҳои миллӣ пеш аз ҳама, ба амният, қудрат ва тамомияти арзӣ иртибот дорад. Қудрати сиёсӣ ва ҳарбӣ асоси манфиатҳои миллӣ мебошад. Назарияи дуюм, назарияи либералӣ мебошад.

Намояндагони он (И.Кант ва Вудро Вилсон) чунин мешумориданд, ки манфиатҳои миллӣ танҳо ба қудрат маҳдуд намешаванд. Омилҳои зерин: ҳамкории байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон, рушди иқтисодӣ, демократия, сулҳу субот низ ҷузъи муҳимми манфиатҳои миллӣ мебошанд.

Назарияи сеюмро назарияи миллатгарои ташкил медод. Наамояндагони он (Эрнест Гелнер, Бенедикт Андерсон, Энтони Смит ва дигарон) ҳифзи миллат, забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ масоили калидии онро ташкил медоданд ва ғайра.

Бо вуҷуди ин, манфиатҳои миллӣ ифодакунандаи арзишҳое мебошанд, ки бақо, рушд ва субботи ҷомеаи миллаиро таъмин менамоянд. Аз ин рў, унсурҳои муҳимми онро ҳифз ва таъмини истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи зиндагии мардум, эҳё ва ҳифзи забон, фарҳанг, расму анъанаҳои аҷдодӣ, устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Ба мазмуни дигар зарурати ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз он самт муҳим ва ҳатмӣ мебошад, ки истиқлоли давлатиро нигоҳ медорад, амнияти миллиро таъмин мегардонад, арзишҳои фарҳанги миллиро ҳимоя менамояд, рушди ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодиро таъмин мегардонад, ҳамбастагии мардумро тақвият мебахшад.

Иброн Шарипов - файласуфи маъруфи тоҷик, муҳаққиқи дақиқназару воқеъбин аз зумраи чунин инсонҳои наҷибу покманиш, худогоҳу худшинос, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ дар раванди вусъат касб кардани падидаи ҷаҳонишавӣ, зуҳури бархўрди фарҳангҳо буданд, ки чӣ дар давраи шуравӣ ва чӣ соҳибистиқлолии кишвар саҳифаи тайкардаи рӯзгорашонро се ҷанба: фаъолияти омӯзгорӣ, фаъолияти идоракунӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ ташкил медиҳанд.

Мавсуф баъди хатми факултети таърихи собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз соли 1956 то соли 2013 умри худро беҳуда зоеъ накарда, дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба таълим ва тарбияи кадрҳои илмҳои ҷомеашиносию инсонгароӣ ва омӯзгорӣ сарф намуданд. Яъне, дар муддати 53 соли ҳаёти пурсамари устод ҳазорҳо шогирдон аз дарси пурмазмуни донишманди воқеъназар сабақ гирифта, ҷаҳонбинии фалсафию илмии худро ташаккул доданд, ки ин ҳама хизмати софдилонаю содиқона ва ватандӯстонаи устоди покзамирро барои тарбияи насли донишманди кишвар ифода медоранд.

Профессор Иброн Шарипов фаъолияти омӯзгориро ба сифати ассистент аз кафедраи марксизм ва ленинизми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб (соли 1956) оғоз бахшиданд. Баъдан, муддатҳои тулонӣ дар кафедраи фалсафаи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ифои вазифа карданд. Охирҳои умр низ ба ҳайси профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон - Русия фаъолият варзида, ба касби омӯзгорӣ содиқ будани худро нишон доданд.

Дар робита бо ин, барояшон пешаи омӯзгорӣ касби пуршараф ва омӯзгор чароғи рӯзгор, машъалафрӯз ва таълимдиҳандаву тарбиятгари инсон ба ҳисоб мерафт. Ба маънои дигар тарк накардан ва азиз доштани ин касби пуршараф аз сатҳи баланди гуманизим ва инсони комил будани устоди арҷманд гувоҳӣ медод. Аз он сабаб, ки барояшон баъди модар ташаккулдиҳанда ва парваришгари олами маънавию зеҳнии ҳар фард омӯзгор меистод ва маҳз омӯзгор ҳамчун меъмори рӯҳи ҳар як инсон гузорандаи хишти аввалини бинои маърифату фарҳанг ба ҳисоб мерафт.

Устод Иброн Шарипов табиатан инсони қавӣ, ҷиддӣ ва боиродат буданд, ки ба ҳайси роҳбар дар фаъолияти идоракуниашон ин сифатҳо мувофиқ меафтод. Фаъолияти роҳбариашон аз соли 1959 замоне, ки вазифаи директори мактаби миёнаи ба номи Ф.Энгелси ноҳияи Восеъро ба уҳда доштанд, оғоз шуда буд. Баъдан дар муддати солҳои 1971-1983 дар шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири бахши коммунизими илмӣ, солҳои 1984-1994 дар вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ва аз соли 1998 то соли 2001 дар вазифаи мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия фаъолият намуданд.

Дар тӯли фаъолияти роҳбарӣ пеш аз ҳама ба таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ, таҳия кардан ва ба нашр расонидани маводи илмию таълимӣ, аз ҷумла дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ аз фанҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ бо забони тоҷикӣ мароқ зоҳир намуданд. Дар натиҷа аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷриба, донишмандони соҳавии кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко китобҳои дарсӣ ва маводи таълимии ин фанҳо бо забони тоҷикӣ таҳия шуда, дастрасӣ донишҷӯён гаштанд.

Бо ташаббуси бевосита ва санъати баланди роҳбариашон дар давраи солҳои аввали истиқлол бо забони тоҷикӣ нашр гардида, дастраси муҳассилин шудани китобҳои дарсӣ як тағйироти куллиро дар ин солҳо ба вуҷуд овард, бавижа, сатҳи норасоии маводи таълимиро бо забони давалтӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон то андозае коҳиш дод.

Ҳамзамон, ҳангоми фаъолияти роҳбарикунӣ устоди зиндаёд ва некбин дар интихоби кадрҳо ҳуши тезбинӣ доштанд. Барои ба кор қабул кардан ва ё тавсия додани мутахассисони ҷавон барои пажўҳиши корҳои илмӣ қобилиятнокӣ, донишмандӣ ва соҳибмалака буданашонро ба эътибор мегирифтанд, то онҳо барои рушди низоми маориф, пешрафти илми кишвар неруи худро ба манфиати миллат ва ташаккули ҳувияти миллии насли нав сарф кунанд.

Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳбарӣ – омӯзиш ва ба илму таҳқиқ машғул шудани устоди арҷманд саҳифаи рӯзгорашонро мондагор гардонид. Ба маълумоти муҳаққиқи тоҷик Т.Муродова профессор Иброн Шарипов дар тӯли фаъолияти пурмаҳсули худ бештар аз 300 китобу мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ навишта, ба нашр расонидаанд. Доираи асосии таълифоташонро масоили мубрами фалсафаи иҷтимоӣ - ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Тоҷикистон, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, консепсияи бунёди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва монанди инҳо дар бар мегиранд.

Ҳақиқатан, корҳои илмӣ-таҳқиқотии Иброн Шарипов дар самти масоили мубрами фалсафаи иҷтимоӣ, бавижа таҳқиқи омилҳои асосии ташаккули худшиносии миллӣ, сарчашмаҳои калидии шинохт ва ташаккули ҳувияти миллӣ, фоҷиаи миллӣ ва иллатҳои рух додани он, ки ҷони одамони бегуноҳро рабуда, хисороти зиёди молиро дар кишвар пешорӯ овард, тарҳрезӣ кардани моделҳои рушди давлатдории миллӣ дар даврони истиқлол ва ғайра беназир мебошанд.

Таълифоти арзишманди донишманди закитабъ доир ба масъалаҳои «Ҳақиқат - хусусияти ҷудонопазирии инсони советӣ» (Душанбе, 1965); “Гуманизм ва шахсият» (Душанбе, 1967); “Ташаккулёбии ахлоқи коммунистӣ» (Душанбе, 1975); “Роҳҳои азнавинкишофёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар ҷодаи инкишофи муносибатҳои ғайрикапиталистӣ» (Душанбе, 1976, ҷилди 1); “Қонуниятҳои ташаккулёбии муносибатҳои ҷамъияти сотсиалистӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе, 1983); “Бавуҷудоии муносибатҳои идеологӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе, 1986); “Воқеаҳои давравӣ дар роҳи мустааҳкамкунии давлатдории миллӣ” (Душанбе, 2004) “Тақдири фоҷиавии пурасрори тоҷикон ва давлатдории тоҷикон” (Душанбе, 2005) ва ғайра бозгукунандаи он мебошанд, ки ҷомеашиноси шинохтаи тоҷик ифтихор аз миллат, тоҷику тоҷикистонӣ будани худ дошт. Зеро баррасӣ ва ҳалли ин масъалаҳо ҳидоятгари он буданд, ки тоҷикон аз саҳифаи таърихи дурахшони худ огоҳ шаванд, худшинос бошанд, вобаста ба тағйирёби муносибатҳои ҷамъиятӣ ва идеологияи давр худро ба талабот мутобиқ карда, баробар қадамҳои устувор гузоранд. Аз саҳифаҳои гузаштаи талхи таърихи худ сабақ гирифта, муттаҳид шаванд, фирефта ва зери фишори идеологияи бозингарони сиёсии ҷомеаи муосир нагарданд ва давлатдории миллии худро мустааҳкам нигоҳ доранд ва ба ҳама бархўрдҳои идеологию фарҳангӣ рақобатпазир будани худро нишон диҳанд.

Хусусан, дар замони ҳукмронии идеологияи шӯравӣ Иброн Шарипов ҳамчун ҷомеашиноси варзида дар шинохт ва муаррифии намояндагони равияи маорифпарварӣ ва давоми мантиқии онҳо ҷадидия, ки барои маърифатнок, худшиносии миллати тоҷик саҳми бузург бозиданд, таҳқиқоти бунёдӣ таълиф намуда, дифоъ аз шахсиятҳои ғамхори миллат карданд, ки ин хизмати мондагори устод ифодагари иродаи қавии ватандўстӣ, боиродатии як фарди ҷонфидои миллат, олими номвар нисбат ба миллат ва ҳимояи арзишҳои фарҳангии он мебошад. Аз ҷумла, воқеъбинона чунин таъкид медоранд: “Ақидаҳои ҷадидон аз таъсири аҳкоми дин озод набуд ва дар фаъолияти сиёсии онҳо устуворию матонат хеле суст инкишоф ёфта буд. Вале, сарфи назар аз ин, таҳлили холис ва муносибати айнӣ ба ин ҷараён собит намуд, ки он дар таърихи ҳаракати раҳоибахши халқи тоҷик нақши мусбат дорад. Аз ин рў, мо ба ҳамаи муҳаққиқоне, ки фаъолияти сиёсии ҷадидияро иртиҷоӣ ва зиддихалқӣ номидаанд, ҳамфикр буда наметавонем”.

Донишманд ва муаррихи варзидаи тоҷик Н.У.Ғаффоров [7, с.7] зимни пажӯҳиши рисолаи доктории худ дар мавзуи “Ҷадидия дар Осиёи Миёна: охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ” оид ба саҳми муаррихони марҳилаи сеюми даврони шӯравӣ дар таҳқиқ ва шинохти ҷадидия ибрози андеша карда, зикр медорад, ки дар қатори олимони шинохта И.С.Брагинский, Х.Мирзозода, М.Г.Ваҳобов файласуфи тоҷик И.Шарипов нисбатан воқеъбинона ба масъалаи ҷадидия дар Осиёи Миёна муносибат кардааст. Хусусан, ҷаҳонбинии маорифпарварон ва ҷадидонро таҳлил карда, дар таълифоти худ аз рӯйи табиати иҷтимоӣ ҷадидонро маорифпарварони насли дуюм мешуморад. Қайд мекунад, ки андешаи ҷадидон дар асоси ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш ва дигар маорифпарварони нимаи дуюми асри XIX ташаккул ёфтааст.

Мо низ дар кори таҳқиқотии худ, ки ба мавзуи “Идеяҳои иҷтимоӣ-таърихии маорифпарварони охири қарни XIX ва ибтидои асри ХХ-и тоҷик” бахшида шуда буд, дар қисмати таҳқиқи дараҷаи омӯзиш бамаврид зикр доштем, ки ба масъалаи таҳқиқи ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии мардуми тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои қарни ХХ саҳми назаррасро олими варзида, файласуфи шинохтаи тоҷик Иброн Шарипов бозидааст.

Бевосита, як қатор монография, мақолаҳои илмии донишманд ба масъалаҳои сарчашмаҳои бавуҷудоии муносибатҳои идеологӣ дар Тоҷикистон, омӯзиши саҳифаҳои фоҷиавии ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, таъсис ва мустааҳкамкунии давлатдории миллӣ бахшида шудаанд. Дар онҳо муаллиф ҷанбаҳои мусбат ва манфии зуҳуроти пайдошударо мушаххас карда, ҷараёнҳои ғоявӣ, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ саҳм гузоштанд, муайян менамояд. Ҳамзамон, муносибатҳои яктарафаро нисбати идеологияи ҷараёнҳои фарҳангӣ ва фалсафии нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои қарни ХХ-и тоҷик, ки барои ташаккули худшиносии миллии тоҷикон нақш гузоштанд, мавриди таҳлил ва муқоиса қарор додааст.

Ин ҷо қайд кардан ба маврид аст, ки роҷеъ ба мавзуи шинохти ҷадидия бошад, миёни олимони ватанию хориҷӣ аз солҳои 20-ум то солҳои 90-уми асри XX ақидаҳои мухолифи ҳамдигар баён шуда, мақолаву асарҳои ҷудогонае рӯйи нашрро дидаанд. Аз ҷумла, Р.Ҳодизода, Ҳ.Ҳасанов, А.Баҳоваддинов, И.Брагинский, М.Комилов, Г.Ваҳобов ва дигарон мақсад ва ҳадафҳои равияи маорифпарвариро бо ҷадидия қиёс намуда, чунин хулоса баровардаанд, ки табиатан маорифпарварӣ аз рӯйи барномарезии иҷтимоӣ, фалсафӣ ва фарҳангӣ-сиёсии худ аз ҷадидия фарқ мекунад. Аз нигоҳи онҳо ҷадидия ҷунбиши иртиҷоӣ, миллигароӣ, алайҳи мардум ва идеологияи даврони шӯравӣ ва маорифпарварӣ равияи маънавиятгустарӣ ва пешқадам мебошад.

Соли 1990 дар мизи мудавваре, ки атрофи мавзӯу “Ҷадидия ва дурнамои таърих” дар идораи маҷаллаи “Садои шарқ” баргузор карда шуд олимони тоҷик М.Шакурӣ, М.Диноршоев, Р.Ҳодизода И.Шарипов, Ғ.Ашӯров, А.Абдуманнонов ва дигарон иштирок варзиданд. Аз натиҷаи баҳс маълум гардид, ки вобаста ба таъсири идеологияи шӯравӣ ба олимон ва муҳаққиқони тоҷик имконият даст надод, ки ба саҳифаи таърихӣ давраи маорифпарварӣ баҳои воқеӣ диҳанд. Аз ин рӯ, бештари муҳаққиқони даврони шӯравӣ аз мавқеъҳои гуногун ба фаъолияти ҷадидон баҳогузорӣ карда, ин ҷунбишро реаксионӣ ва ҷонибдорони онро муқобилони идеологияи шӯравӣ тавсиф менамуданд. Хушбахтона, истиқлоли давлатӣ барои олимони тоҷик шароити мусоид фароҳам овард, ки доғҳои сиёҳи ин саҳифаро тоза намуда, ба насли имрӯз нисбат ба ҳадаф ва вазифаҳои ин ҷунбиш маводи воқеӣ манзур доранд.

Воқеан, ҷадидия дар Осиёи Миёна рамзи марҳилаи дуюми рушди маорифпарварӣ мебошад. То соли 1910 ҷадидон ҳамчун насли нави маорифпарварон ба масоили илму маориф, фарҳанг, тағйирот ворид намудан дар низоми таълиму тарбия ва худогоҳ кардани насли наврас, таъсиси мактабҳои усули нав, таъсиси маҷаллаву рӯзномаҳо, ҷалби ҳамватанон барои таҳсил дар кишварҳои хориҷ бештар аҳамият медоданд ва барномарезии онҳо хусусияти маънавиятгустарӣ ва маърифатҷӯӣ дошт.

Мутаасифона, аз соли 1910 бинобар сабабҳои баста шудани мактаби усули нави таъсисдодаи Садриддин Айнӣ ва Мунзим, ҷонибдорӣ нагаштани ақидаи маорифпарваронаи онҳо аз ҷониби амалдорони дарбор ва рӯҳониёни мутаассиб, зери таъқибу фишор ва туҳмати беасос қарор гирифтани рӯшанфикрон ва ғайра ин ҷунбиш ба худ характери сиёсӣ мегирад. Талаби ҷадидон ин буд, ки низоми идораи давлатии аморат бояд дигаргун карда шавад, дар низоми таълиму тарбия ислоҳот ворид карда шуда, толибилмон дар мактабҳои усули нав таълим гиранд, барномаҳои таълимӣ ба талаботи кишварҳои пешрафта мутобиқ кунонида шаванд. Исрофкории зиёд ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо ба танзим дароварда шуда, риояи меъёрҳои адолат дар раванди муносибатҳои иҷтимоӣ таъмин шаванд.

Ҳамин тавр, ҷадидия ҷараёни ҷамъиятию сиёсӣ, адабию фарҳангӣ буда, дар танвири афкор, бедорӣ, худшиносии миллӣ ва ташаккули хисси ватандорию хештаншиносии тоҷикон дар ибтидои асри ХХ нақши арзанда боқӣ гузошт. Намояндагони ин равияи пешқадам бо тамоми ҳастӣ дар роҳи таҳкиму густариши фарҳанг, рушду беҳбудии ҳаёти ҷомеа, пешрафти кишвар, инкишофи илм, танзими раванди таълиму тадрис, танвиру бедории фикрӣ ва камолоти маънавии мардумони минтақаи Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон хизмати шоистаро дареғ надоштанд.

Ба ибораи дигар, ҷадидия давраи амалӣ шудани марому маслакҳои маорифпарварони нимаи дуюми асри XIX-и тоҷик буда, мақсади асосӣ ва ҷавҳари он фарҳанггустарӣ, эҳёи маънавӣ, ислоҳи мактабу маориф, рушду камоли кишвар ва ғайра маҳсуб меёфт. Аз ин рӯ, фаъолияти ҷадидон ба муқобили зулм, хурофоту ҷаҳолат, бар зидди ҳукуматдорони бесалиқа ва ноинсоф, уламои манфиатҷуву худғараз ва муллоҳои ҷоҳил равона шуда буд. Ин тараққипарварон дар роҳи ташкил намудани мактабҳои усули савтия, матбуот, театр ва китобхонаҳо дар сарзамини тоҷикон ҳамаи имкониятҳои ақлонӣ ва молиявии хешро истифода бурда, фикри яхшудамондаи мардумро бо нури матбуот, илму дониш ва маърифатомӯзӣ об кардан мехостанд.

Аз таҳқиқ натиҷабардорӣ карда мешавад, ки азбаски назари идеологияи давр нисбат ба ҷадидия манфӣ буд ва дар байни ҷадидон гурӯҳҳои мухолифи ҳам фаъолият мекарданд, бинобар ин, дар тӯли солҳои ҳокимияти шӯравӣ ин афкор аз ҷониби олимони ҷомеашиноси тоҷик ба таври дилхоҳ мавриди пажӯҳиш қарор нагирифт. Бо вуҷуди ин, ба андешаи муҳаққиқони тоҷик, бахусус Иброн Шарипов дар давраи истиқлоли давлатӣ ин фаҳмиш моҳияти худро дигар кард ва ба фаъолияти ин ҷараёни фикрию маърифатӣ баҳои воқеӣ доданро оғоз бахшиданд. Зеро, ҷадидия аз мавқеи иҷтимоӣ, аз ақибмондагии фарҳангии ҷомеа, ҳукумронии ҷаҳлу сатҳи пасти маърифати мардум нигаронӣ дошта, беҳбудии вазъи зиндагии омма, риояи рукнҳои адолати иҷтимоӣ, рафъи зулму ситами мансабдорони давлатиро ҳангоми иҷрои вазифаву уҳдадориҳо талаб менамуданд. Барои рафъи ин камбудиҳо:

- умумият додани раванди таълиму тарбияро талаб намуданд, ки бо ин васила мардум аз хоби ғафлат, аз шуури тақлидии асримиёнагӣ бедор шуда, ба зиндагии шоиста сазовор гарданд, саодати ҳақиқии худро дарёбанд;

- кӯшиш ба харҷ доданд, ки тавзеҳи дуруст ва илмии дини мубини исломро барои омма пешкаш намоянд, то усули дин аз хурофот тоза карда шавад;

- таҳти таъсири Русия ва Ғарб густариши раванди таълиму тарбия, ҳаммонанди намунаҳои аврупоӣ ва барномарезии дурусти тадрисро тарғиб мекарданд. Инчунин, онҳо омӯзиши забони русиро ҷиҳати ошноӣ бо дастовардҳои илмӣ-техникии Русия барои миллати худ зарурӣ медонистанд;

- ҷонибдори омӯзиши илмҳои техникӣ ва табиатшиносию таҷрибӣ дар радифи улуми динӣ буда, таъкид мекарданд, ки пешрафти ҷомеа ва осоиштагии ҳаёти мардум аз омӯзиши чунин риштаҳои илм вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин, саҳми таърихии ҷадидон барои ташаккули худшиносии миллӣ, шинохти саҳифаҳои норӯшани таърихи тоҷикон, густариши давлатдории миллӣ дар замони бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии арзишҳо бузург мебошад.

Инчунин, профессор И.Шарипов дар мавриди ташаккули одами нав, махсусан вобаста ба идеологияи давр одами советӣ низ таваҷчуҳи хосса дода ақидаю назарияҳои идеологҳои буржуазии Ғарбро комилан рад мекунанд. Зикр медоранд, ки идеологҳои Ғарб шахсро берун аз ҳар гуна муносибатҳои воқеии ҷамъиятӣ таҳқиқ мекунанд. Онҳо дар бораи инсони мушаххаси ҷамъиятӣ не, балки дар хусуси умуман инсон сухан меронанд. Бинобар ин, онҳо моҳияти ҳақиқии шахсро ошкор карда натавонистанд. Пеш аз ҳама андешаи Г.Спенсерро, ки гуфта буд “новобаста ба сохти ҷамъиятӣ шаҳрвандон тавассути рафтори ношоистаи худ табиати бдахлоқашонро зоҳир мекунанд. Чунин кимиёи сиёсие вуҷуд надорад, ки бо кўмаки он инстинктҳои тираву тор ба хулқу атвори тиллоӣ табдил дода шаванд” рад карда, изҳор медоранд, ки “инсони бадахлоқро табиат не, балки сохти муайяни ҷамъиятӣ тавлид мекунад ва ҷамъият иллати асосии чунин рафторҳо аст. Муҳити ҷамъияти аврупоӣ, ки дар он муносибатҳои байни одамонро усули ҳукмронию тобеият муайян мекунад, ба ташаккули шахс ва инкишофи ҳамаҷонибаи ў таъсири бад мерасонад”.

Дар робита бо ин гуфтаҳо месазад қайд кард, ки дар давраи истиқлол рӯшан кардани ин саҳифаи норӯшан аз ҷониби И.Шарипов хизмати мондагоре барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.

Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121