Skip to main content

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СИНОШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Таҳти чунин унвони санаи 3-юми июни соли 2025 бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 1045-умин солгарди файласуфи бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар рафти кори мизи мудаввар як қатор масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд, аз ҷумла: таҳқиқи минбаъдаи осори Ибни Сино; омӯзиши таҳқиқоти файласуфони муосир, ки ба таҳлили фалсафаи Ибни Сино бахшида шудаанд; зарурати тарҷума, чопи асарҳои Ибни Сино ва дастрас намудани онҳо ба хонандагон.

Инчунин нақши муҳимми Маркази синошиносӣ ва кормандони он дар ин ҷода, қайд карда шуд. Ба иштирокчиёни мизи мудаввар ду маъруза аз тарафи Назариев Р.З - «Синошиносӣ дар Тоҷикистон ва саҳми академик Мусо Диноршоев дар ташаккул ва рушди он» ва Диноршоҳ А.М. – «Ақидаҳои инсондӯстонаи Абуалӣ ибни Сино ва нақши он дар замони муосир» пешниҳод шуд.

Дар мизи мудаввар файласуфони шинохтаи Ҷумҳурӣ – Олимов К., Нуриддин Саид, Муҳаммад А.Н., Шоисматуллоев Ш., кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, кормандони факултети фалсафаи ДМТ ва дар умум, ҷамъи файласуфони муосири тоҷик иштирок намуданд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123