Skip to main content

ТАҲЛИЛУ БАРРАСИИ ҲИСОБОТИ ШАШ МОҲА ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

2 июни соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади таҳилу баррасии ҳисоботи шашмоҳаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи умумӣ баргузор гардид.

Ба кори ҷаласа директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшид. Дар идомаи ҳисоботи муфассал аз ҷониби мудирони шуъба доир ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии шуъбаҳо дар давоми шаш моҳ ироа гардид.

Сипас, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳисоботи ироагардидаро натиҷагирӣ намуда, доир ба камбудиву норасоиҳои мавҷуда ибрози андеша намуданд. Қайд гардид, ки мо бояд дар шаш моҳаи оянда низ фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии Институт- ро хуб ба роҳ монда ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардем.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123