Skip to main content

ТАҲЛИЛИ “НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА,СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Имрӯз, 18 декабри соли 2025, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ семинари корӣ таҳти унвони «Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” баргузор гардид.

Семинар бо сухани ифтитоҳии директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Н. Д. Маҳмадизода оғоз гардид.

Дар суханронии худ мавсуф аҳамияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва стратегӣ таъкид намуда, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаро барҷаста арзёбӣ намуд.

Дар доираи семинар як қатор баромадҳои илмӣ-таҳлилӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад А. Н. дар баромади худ мавзуи «Ориёиҳо гузаштагони некном (дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)»-ро матраҳ намуда, масъалаи пайванди таърихи куҳан ва сиёсати муосири давлатро таҳлил намуд

Ҳамчунин, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродов С. вобаста ба мавзуи «Инъикоси чорабиниҳо ва рӯйдодҳои муҳими сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми соли 2025-и Пешвои миллат» суханронӣ карда, ба нақши Паём дар муайянсозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд

Дар идома, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Бедилзода Ҳ. К. баромад намуда, мавзуи «Рӯйдоди таърихӣ ҳалли муноқишаҳои 100-солаи сарҳадӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дод ва аҳамияти ин равандро барои таҳкими суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ таъкид намуд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ мулоҳизаҳо ва мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён бар зарурати омӯзиши амиқи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти таълимӣ таъкид намуданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо барои рушди устувори давлат ва ҷомеа аҳамияти калидӣ дошта, омӯзиш ва таҳлили илмии он дар муҳити академӣ нақши муҳим мебозад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123