Skip to main content

ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ИН МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ

Ваҳдати миллӣ ҳамчун истилоҳи илмӣ ба илмҳои ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ ва сиёсатшиносӣ тааллуқ дорад. Агар ба ин масъала бодиққат ва воқеъбинона назар кунем, пас маълум мешавад, ки он бештар ба илмҳои сиёсӣ тааллуқ дорад. Чунки ваҳдати миллӣ баъди ҳалли муноқишаҳо ва даргириҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа муяссар мегардад. Инчунин ваҳдати миллӣ дастоварди ягонаи миллӣ аст, ки заминаи он бо воситаи гуфтушунидҳои сиёсӣ ба вуҷуд оварда шуда, ҳадафи он таъмини амният дар ҷомеа ва ҳифзи якпорчагии давлат мебошад. Дар баробари ин, мафҳуми “ваҳдати миллӣ”-ро метавон умуман ҳамчун истилоҳи илми ҷомеашиносӣ низ қабул намуд. Чунки вақте ваҳдати миллӣ ба даст оварда мешавад, бевосита ризоят дар асоси меъёрҳои умумии иҷтимоӣ, арзишҳо ва муносибатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ба даст оварда мешавад.

Бо вуҷуди ин, мо аз нигоҳи илмҳои сиёсӣ мафҳуми мазкурро таъриф кунем, “ваҳдати миллӣ мафҳуми сиёсатшиносӣ буда, ба даст овардани ризоият ва ба ҳам омадани манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни миллӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа мебошад”.

Имрӯз ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки моҳияти ваҳдати миллиро дар ҷомеа бештар дарк намоем. Моҳияти ин мафҳумро васеътар шарҳ додан мумкин аст. Вақте дар бораи ваҳдати миллӣ дар ҷомеа сухан меронем, ин танҳо ба намояндагони як миллат тааллуқ надошта, балки ваҳдат ва ҳамгироии кулли мардуми кишвар дар назар аст, яъне ба тамоми шаҳрвандони кишвар тааллуқ дорад.

Пас, ваҳдати миллӣ, ин ваҳдати тамоми шаҳрвандони Тољикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар таркиби ибораи «ваҳдати миллӣ», калимаи «миллӣ» аз нигоҳи сиёсӣ «шаҳрвандӣ»-ро мефаҳмонад, ки тааллуқ доштан ба кишвари хос аст. Ҳамчунин дар илмҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва ҳам дар таљрибаи давлатдориамон мафҳумҳои «манфиатҳои миллӣ», «истиқлолияти миллӣ», «амнияти миллӣ», «идеяи миллӣ», «пули миллӣ», «сарвати миллӣ» ва мисли ин ибораҳоро истифода мешаванд. Ҳамаи ин истиллоҳҳо умумияти хос дошта, ба кишвар ва сарзамини муайян тааллуқ доштани онҳоро мефаҳмонад, ки дар ин маврид истилоҳи «ваҳдати миллӣ» айни ҳамин шарҳ мебошад.

Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолист. Бо вуҷуди хисороти молию ҷонии ҷанги шаҳрвандӣ, сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид. Эҳсоси ватандӯстӣ ва дифоъ аз якпорчагии сарзамин, пешгирӣ аз парокандагии миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ заминаи таҳкими ҳисси ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати ҷомеаро фароҳам овард. Сулҳи тоҷикон ҳамчун дастоварди нодири таърихӣ дар шароити душвори солҳои аввали истиқлол ба даст омад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ихтилофҳои дохилӣ, гурӯҳбозиҳо ва таъсири омилҳои геополитикии абарқудратҳоаз ҷумлаи сабабҳои асосии оғози ҷанги шаҳрвандӣ буданд.

Бояд таъкид намуд, ки маҳз ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳ барои тақдири минбаъдаи ҷомеа ва кишвари мо заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ин раванд, сиёсати давлатӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон ва рушди ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим мебозад. Маҳз пешбурди сиёсати дуруст ва муваффақонаи давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ барои пешрафти давлат дар ҳамаи самтҳо мусоидат кард.

Барои рушди минбаъдаи кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ намудани омӯзиши таърихи миллат ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангиву таърихии ниёгон, таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи миллӣ, роҳандозӣ намудани барномаҳои маърифатӣ ва таваҷҷуҳ ба маърифатнокии қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумлаи омилҳои асосӣ ба шумор мераванд.

Омили дигаре, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намуд, ин рушди зерсохтор, бахусус бунёди роҳҳо ва корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва рушди муҳоҷирати дохилӣ, ки робитаи минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро тақвият дода, барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва дигар марказҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз он ҷумла шаҳри Душанбе ҳамчун фазои ҳамгироии ҷавонони минтақаҳои гуногун ва марказҳои шахсиятсоз, маърифатсозу мафкурасоз фаъолият менамоянд, воситаи муҳимми таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ мебошанд. Маҳз чунин фазо ҷавононро ба ҳам наздик намуда, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаҳои муҳимми тарбияи кадриро фароҳам меоранд.

Таърих гувоҳ аст, ки шаҳрҳои бузурги пешрафта марказҳои муҳимми маъмурӣ, сиёсӣ ва тамаддунӣ будаанд. Имрӯз шаҳри Душанбе - пойтахти азизамон, ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар раванди ҳамгироии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим дорад. Шаҳри Душанбе аллакай дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун шаҳри сулҳ ва маркази баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дар баробари ин, Душанбе маркази рушди робитаҳои байни минтақаҳои кишвар ва маркази ҳамгироии ҷомеаи тоҷикистонӣ гардидааст.

Бо вуҷуди ин, бархе омилҳои сохторӣ, аз ҷумла хусусияти аграрии иқтисоди кишвар, метавонанд то андозае ба раванди рушди иҷтимоии ҷомеа таъсири мусбат расонанд. Истеҳсоли маҳсулоти тозаи кишоварзӣ дар шароити мусоиди офтобии сарзамини мо, на танҳо ба бозори дохилӣ, балки берун аз кишвар содир шуда истодааст, ки шароити зиндагии мусоидро барои аҳолии деҳот муҳаё менамояд. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки иштироки фаъоли аҳолии деҳот дар равандҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ назаррас буда, боиси таҳкими асосҳои ҷомеа ва ваҳдати миллӣ мегардад.

Албатта ваҳдати миллӣ ҳамчун раванди пайваста дар шароити муосир бояд ҳамеша таҳким ёбад. Таҳким ва тақвияти ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, аз масъулияти шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад. Масъулияти шаҳрвандӣ, ки мафҳуми илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарист, — ин уҳдадории ҳар як шахс дар назди ҷомеа ва давлат аст, ки риояи қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқи дигарон ва саҳмгузорӣ дар рушди кишварро дар бар мегирад. Масъулияти шаҳрвандӣ одатан чунин ҷанбаҳоро дар худ муттаҳид месозад: риояи қонун ва тартибот, эҳтироми арзишҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқҳои якдигар, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғ.

Дар марҳилаи кунунӣ, ки ҷомеаи башар ба хатарҳои гуногуни глобалӣ рӯ ба рӯ мегардад ҳар як шаҳрванди кишвар барои таҳким ва тақвияти ваҳдати миллӣ масъул ва вазифадор аст. Дар баробари хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, ҷомеаи мо бо баъзе мушкилоти сатҳи маҳаллӣ, аз он ҷумла, хурофотзадагӣ, фасод, камбизоатӣ, ва ғ. дар мубориза аст. Ин мушкилот метавонад барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди бонизоми ҷомеа халал ворид намоянд. Ҳарчанд аз ҷониби давлат барномаҳо барои тақвияти сармояи инсонӣ, барҳам задани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ андешида шудааст, ин маром давом дорад. Махсусан рушди сиёсати иҷтимоӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ ҳамчун заминаи муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Нусратулло Зокирзода, мудири кафедраи фалсафаи АМИТ, н.и. фалсафа

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121