Skip to main content

ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН

Доир ба марҳилаи такомул ва рушду нумуи ҷомеи Тоҷикистони муосир дар замони пурмоҷарои ҳозираи дунё ҳаминро метавон қайд намуд, ки ҷаҳони пуртазоди муосир басо ташвишовар ва нигаронкунанда аст. Солҳои зиёдест, ки фазои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангии сайёраро моҷароҳои таҳлукаангез фаро гирифтааст. Ихтилофу зиддиятҳои абарқудратҳо, бозиҳои геополитикӣ, бархӯрди тамаддунҳо аз ҷиҳати бовару эътиқод, ирқу нажодпарастӣ, миллатбадбиниву ҷудоихоиҳо омилҳоеанд, ки дар натиҷа нооромию гирифториҳои равонию маънавиро ба вуҷуд меоваранд. Бар замми ин, мушкилоти экологӣ, аз қабили норасойии оби тоза, паҳншавии суръати зиёди намудҳои гуногуни вирусҳо, гирифторӣ ба маводи мухаддир, касодии ахлоқ тамоми қишрҳои ҳаёти ҷомеаи ҷаҳониро зери хатар монда, боиси талафоти теъдоди зиёди инсоният гардидааст.

Бисёр шигифтангез аст, ки дар сиёсати дунявӣ масъалаи сулҳу муросо байни абарқудратҳо аксаран вақт ғайривоқеӣ аст. Ҳатто кишварҳое ҳастанд, ки аҳдномаю шартномаҳоро, аз рӯйи манфиатҳои ғаразноки мазҳабӣ, миллӣ ва ирқию нажодӣ поймол намуда, ба дигар мамолик бе эълони ҷанг дармеафтанд. Ин албатта, бархилофи гуманизми ҷаҳонӣ ва ахлоқи башардӯстона мебошад.

Бинобар ин, барои зери таъсири ин авомил намондан ва муҳофизати кишвари азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаҳду талош ва саъйю кӯшиш намудан лозим аст, ки бо ақлу хиради волою зиракии сиёсӣ ин марзу бум ва ватанро бо тамомияти арзӣ нигаҳбон бошем.

Ҳувият ин вожаи моҳиятан фарогири умқи маъниҳои зиёд аст, аз қабили:

– равонӣ;

– маънавӣ;

– малакавӣ;

– истеъдодӣ;

– инфиродӣ;

– иҷтимоӣ.

Ҳувият вожаест, ки дар луғоти гуногун ба маънои ҳастии инсон, шахсу фард омада, мақом ва мартабаи иҷтимоии шахсро дар бар мегирад. Таърихи баромади забонии вожаи «ҳувият» дар «Фарҳанги форсии Амид» аз маъноҳои зайл иборат аст:

I Ҳувият هویت вожаи арабӣ буда, исмро мефаҳмонад:

1.Ончи аз ном, номи хонаводагӣ, номи падар ва вижагиҳои дигар, ки шахс бад-онҳо шинохта мешавад;

2.Ҳақиқати шайъ ё шахс, ки муштамил бар сифоти ҷавҳарии ӯ бошад: шахсият, зот;

3.Ҳастӣ, вуҷуд

II Ҳувият هویت исм - равоншиносӣ нақши иҷтимоии фард ва дарки ӯ аз ин нақш, ки навъан дар навҷавонӣ пайдо мешавад.

Вожаи «ҳувият» дар илми муосири тоҷик ва умуман дар илмҳои ҷомеашиносӣ ҳамчун мафҳум ва истилоҳи илмӣ ба кор бурда шуда, ҳаммаъноии худшиносӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарварӣ, донишу маълумоти мукаммал доштан аз таъриху тамаддуни хеш, ифтихор аз фарҳанги бою ғании ниёкон ва ҳифзи мавқею манзалати хештанро дар бар мегирад.

Дар тақвияти фаҳмишҳои қаблӣ мафҳуми «ҳувияти миллӣ» ва моҳияти илмии он идомадиҳандаи вожаи «ҳувият» мебошад, вале фалсафаи «ҳувияти миллӣ» аз мафҳуми ҳувият амиқтар ва мураккабтар аст. Аз он ҷиҳат, ки дар вожаи «миллӣ» на танҳо хусусиятҳою зарфиятҳои гуногуни миллият, умумияту ягонагии гурӯҳи одамон, балки ҷомеаи мушаххас, манфиату хатару осебпазирии ин ҷомеаро дар бар мегирад.

Бояд зикр намуд, ки мафҳуми «ҳувияти миллӣ» ва ворид шудани ин истилоҳ дар илмҳои ҷомеашиносии тоҷик таърихан ба давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам аст. Сараввал бояд қайд намуд, ки бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносиб донистани ин мафҳум, чун роҳбари ҳувиятсоз ҳақиқати сареҳро бозтобӣ менамояд. Заҳматҳои Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду эъмори давлати миллии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, дар пойдории Истиқлолият, дар барпо намудани сулҳу мусолимат, дар нигаҳдорию ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати сартосарӣ, дар пешрафти тамоми самтҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бесобиқа аст. Шахсияти Пешвои миллат чун сарвари ҳувиятсоз, ки новобаста ба мушкилиҳо ҳамаи саддҳо ва монеаҳоро бо ғайрату шуҷоатмандӣ гузаштааст, боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буда, таҷрибаи сулҳ ва мактаби давлатдории Пешвои миллат боиси пайравию омӯзиши дигар сиёсатмадорҳо мебошад.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди солимақли бошуур барои муҳофизату нигаҳдории неъматҳои бадастомада, аз қабили сулҳу субот, зиндагии осоишта, истиқлолияту ваҳдати сартосарӣ, сатҳи хуби зиндагии иҷтимоӣ муваззаф аст, ки бо масъулияти баланди инсонӣ саъйю талош намояд. Ба ғайр аз ин, барои таҳкими ҳувияти миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон савияи донишу фарҳангӣ-сиёсияшро такмил дода, аз таъсироти манфии гурӯҳҳои ҷудоиандоз ва фишорҳои радикалӣ худро эмин нигаҳ дорад. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ҳатман фарҳангу тамаддун, осори моддиву маънавии ниёгони хешро дуруст омӯзад ва миллату кишвари азизи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Аз рӯйи маълумоти олимон ва муҳаққиқон вожаи «тоҷик» дар тӯли таърих ба маънои тоҷдор, тоҷвар ва соҳиби тоҷ фаҳмида мешавад. Яъне ин миллате буд, ки бо фазилату хусусиятҳои беҳтарине, чун шарафмандӣ, шуҷоату орӣ аз хислатҳои бад, бовиқору босалобат шинохта шудааст. Бинобар ин, инъикоси эҳсоси «тоҷикият» ва ифтихор аз чунин миллат бо ин гуна зарфиятҳо омили муҳимест дар ташаккули ҳувияти миллӣ.

Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, тоҷик, бо эронӣ як халқиятанд. Фарҳанги ягона, хусусиятҳои гуногуни таърихӣ, забон ва эътиқодоти ягона онҳоро муттаҳид месозад. Осори бою ғании классикон, ситораҳои тобноке чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноӣ, Аттор, Низомии Ганҷавӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Аҳмади Дониш аз фарҳанги муштараки тоҷику эронӣ далолат мекунанд.

Дар робита бо ин, хотираи таърихӣ омили муҳимтарини ҳувиятсози миллӣ мебошад, ки дар побарҷо ва устувор нигаҳдории осори ниёгон ва эҳёи тамаддун нақши муассир мебозад. Махсусан, иқдомоти наҷибонаи Пешвои миллат дар бобати нашр намудани шоҳасари «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар як хонаводаи тоҷик тақдим намудани он мантиқан тақвият бахшидани хотираи таърихии насли имрӯзи кишварро таҷассум месозад.

Дар баробари омилҳои зикршуда, инчунин дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рушду нумуи ҳувияти миллии ҷомеаи тоҷик аз пешрафти босуръати илму маориф ва саноатикунонии кишвар ва умуман инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ вобастагии зич дорад.

Дар ташаккули ҳувияти миллии ҷавонон, ки қисмати зиёди аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, махсусан такомули илму маориф, варзиш, фарҳанг омили муҳимми тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонони муосири тоҷик мебошад. Чуноне ки аз суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Ҷавонони азиз, соҳибони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол! Ман ба шумо муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро, ки беҳтарин неъмат барои миллати озодихоҳи тоҷик мебошад, ҳифз намоед! Ин Ватани биҳиштосоро дӯст доред, онро чун амонати аҷдодамон бехиёнат ҳимоя кунед! Аз тоҷик будани худ ифтихор дошта бошед, зеро гузаштагони мо - фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни башарият саҳми бузург гузошта, роҳи ҷаҳониёнро ба сӯйи ҳамзистиву ҳамбастагӣ мунаввар сохтаанд».

Дар идомаи суханронӣ таъкид мекунанд, ки «Барои ҳимояи ин сарзамини муқаддас омода бошед, то дар ин хоки муқаддас хоҳарону модарони шарафманди мову шумо зиндагии осуда дошта бошанд. Исбот кунед, ки насле аз Куруши Кабиру Муқаннаъ, Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва ҳазорон фарзонагони далеру шуҷои ин Ватан ҳастед! Ман ба нангу номус, ақлу заковат, нерӯи зеҳниву ҷисмонӣ, ҳисси баланди истиқлолу озодихоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва шуҷоати ҷавонмардии ҳар яки шумо итминон дорам [3, 62].

Ҳувияти миллӣ – ин арҷгузорӣ ба мероси осори бузургон, шоирону адибон, корнамоиҳои шахсиятҳои таърихӣ, мутафаккирон дар мисоли бузургдошти Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрав, Имоми Аъзам Абуҳанифа, Имом –ал- Бухорӣ мебошад, ки боиси ифтихор ва шарафмандии миллати тоҷик аст.

Дар зери моҳияти ҳувияти миллӣ – пос доштан ва эҳёи фарҳанги моддиву маънавӣ, аз қабили ҷашнгирии мавзеъ ва маконҳои таърихӣ, чун 2500-солагии Ҳулбук, 5500 -солагии Саразми бостонӣ, 3000-солагии Ҳисори шодмон, 2500-солагии Истаравшан, 2500-солагии Тахти Сангин аз иқдомҳое ба шумор мераванд, ки боиси рӯйи кор баровардан ва ошкор сохтани мавзею шаҳрҳои дар тӯли таърих ба фаромӯшӣ рафта мебошад.

Ҳамин тавр, фарҳанги сулҳпарварона ва гуманизм, стратегияи сиёсии дурандешона ва башардӯстонаи Пешвои миллат далолат аз он мекунад, ки шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳувияти воло дорад. Таърих ба мо сабақу таҷрибаҳои ҳукмронии амирону шоҳони хирадманду зиракро ҳамчун дарси ибрат дар саҳафоти худ бозгузошта, ки тавонем аз муваффақияту норасоиҳои онҳо барои худ чизҳои наверо кашф намоем ва биомӯзем.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Пешвои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарҳанги волои сиёсӣ, хираду фазилатҳои инсонӣ ва оптимизми баланди худ тавонистанд, ки Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокатбор наҷот диҳанд. Заҳмату кӯшишҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои роҳбарияшон боиси таҳсину ифтихори ҳар як фарди тоҷик мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президенти тозаинтихоб барои бо қудратҳои оппозитсионӣ вохӯрдану бо онҳо сулҳу мусолимат намудан бе кафолати ҳаёт ба марзи Афғонистон сафар карданд. Барои ба даст овардани он сулҳу мусолимат тамоми малакаву донишу хиради азалии худро дареғ надоштанд.

Шиори барномаи сиёсиашон ин сухани Пешвои миллат, ки гуфта буданд: то охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам, гувоҳи ин иддаост. Дар тӯли таърих ҳокимоне, ки сиёсати баланди дипломатиро ҳадафи стратегии худ қарор дода буданд, пеши роҳи ҷангу хунрезиҳоро мегирифтанд.

Муаррихи забардасти тоҷик Бобоҷон Ғафуров муносибатҳои дипломатии баъзе ҳукуматдоронро қайд намуда, дар китоби “Тоҷикон” овардааст: “Муносибати дипломатии байни Шайбониён ва Темуриёни Ҳинд бомуваффақият инкишоф меёфт. Муносибатҳои дипломатӣ дар байни ду ҳукмрони барҷаста – султони шайбонӣ Абдуллохони II ва подшоҳи Ҳиндустон Акбар муваффақиятомез буд”.

Инчунин, таҳия ва ба тасвиб расидани қонунҳои миллӣ ва татбиқи онҳо дар баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон ва масъулиятшинос гардидани волидайн аҳаммияти муҳим доранд. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи кӯдак» мебошад, ки дар рушду нумуи фарҳанги хонаводагӣ ва ҷомеасозӣ нақши муҳим мегузорад:

Пас биёед, фарзандонамонро тарбия намоем, илм омӯзонем, китобхон кунем ва соҳибкасб гардонем, ки дар зиндагии ояндаи худ азият накашанд, роҳгум назананд, дастёр ва ғамхори падару модари худ бошанд. Маҳз ба ҳамин хотир мо ин масъаларо дар сатҳи меъёри Конситутсия қабул намудем, ки дар синну соли калонсолии падару модар фарзанд барои нигоҳубини онҳо вазифадор аст, ҷавобгар аст [5, 62].

Ҳамасола Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо олимону зиёиён ва собиқадорони илму маориф бо як барномаи наву мукаммал вомехӯрад. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба олимон ва зиёиёни кишвар аз он далолат мекунад, ки умеду боварӣ ба аҳли маориф нигаронида шуда, масъулиятшиносии онҳо доимо дар мадди назар мебошад. Иқтидори бузурги зеҳнӣ ва нерӯи зеҳнии ҷомеа ин олимон ва аҳли маориф мебошанд.

Ҳамин тариқ, дар хотимати мақола ба натиҷаҳои зайл расидан мумкин аст:

- мафҳуми «ҳувият» дар ташаккулу такомули шахс ва ҷомеаи инсонӣ аҳамияти муҳим дорад;

- як шахс ё фард бо хираду тааққули хеш метавонад бо дараҷаи баланди маълумотнокии худ ба ҷомеаи ҳамқадамаш таъсир гузорад;

- дар моҷароҳои ҷаҳони муосир мо танҳо тавассути илму мантиқ, ҷаҳонбинии ақлонӣ, равону хирад, ҷисми солим, зиракии сиёсӣ ва зиракии фарҳангӣ наҷот ёфта метавонем;

- ҷойгоҳи мафҳуми «ҳувияти миллӣ» дар Стратегияи барномаи сиёсии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи меҳварӣ дорад;

- арзишҳои миллӣ: забон, асъори миллӣ, нишон, парчам, дар ташаккули ҳувияти миллии ҷомеаи тоҷик аҳамияти муҳим доранд.

Саидҷафарова П.Ш. - н.и.ф., мудири шуъбаи онтология, гносеология ва

мантиқи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123