ТАБРИКОТИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ БАХШИДА БА ИНТИХОБИ АКАДЕМИК ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА ҲАЙСИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТ ВА АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ОСИЁ
Муҳтарам академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт!
Кормандон ва ҳайати илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо камоли ифтихор ва самимияти хоса Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба яке аз волотарин мақомҳои илмӣ Ноиби Президенти Академияи илмҳои Осиё (AASc) сидқан табрик мегӯянд.
Ин интихоби таърихӣ на танҳо дастоварди шахсии Шумо, балки эътирофи ҷаҳонии илми тоҷик, тақвияти нуфузи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва нишондиҳандаи мавқеи устувори кишвар дар фазои илмии байналмилалӣ мебошад. Дастоварди мазкур шаҳодат медиҳад, ки саҳми олимони тоҷик дар пешрафти илм, таҳқиқоти стратегӣ ва ташаккули сиёсати илмии минтақавӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ мегардад.
Бо интихоб шуданатон ба ин мақоми пурмасъулияти байналмилалӣ, заминаҳои нав барои густариши робитаҳои илмӣ бо муассисаҳои бонуфузи кишварҳои Осиё ва ҷаҳон, татбиқи барномаҳои муштараки тадқиқотӣ, тақвияти ҳамгироии илмии минтақавӣ, ва баланд бардоштани мақому манзалати илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ фароҳам меоянд.
Иштироки фаъоли Шумо дар Анҷумани умумии аввалини Академияи илмҳои Осиё дар шаҳри Гонконг ва интихоб шуданатон дар миёни садҳо намояндагони кишварҳои Чин, Русия, Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои қитъа, бешубҳа нишони эътимоди баланди ҷаҳонӣ ба донишу таҷриба, биниши илмӣ ва ихлоси Шумо дар роҳи рушду таҳкими илми муосир мебошад.
Мо аҳли Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ аз ин дастоварди назарраси миллӣ ифтихор дошта, бароятон дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ-таҳқиқотӣ барори кор, нерую тавоноӣ, саломатии комил ва комёбиҳои бемисл таманно дорем.
Бигзор ин дастоварди муҳиму таърихӣ оғози марҳилаи нави рушд ва шукуфоии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гардад.
Бо эҳтиром,
Кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
