Skip to main content

ШОНАЗАР ШОИСМАТУЛЛОЕВ – БУНЁДГУЗОРИ СОТСИОЛОГИЯИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН (БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ОЛИМ)

Шоназар Шоисматуллоев бунёдгузори мактаби муосири сотсиология дар Тоҷикистон эътироф шудааст. Таъсири устод ба рушди илми сотсиология хусусияти фарогир дошта, аз бунёдгузории институтсионалӣ то омода намудани кадрҳои илмӣ ва таҳияи усулҳои и таҳқиқотиро дар бар мегирад. Ҷашни ҳаштодсолагии устод барои ҳамаи мо шогирдон ва ҷомеаи академикӣ рӯйдоди муҳим маҳсуб меёбад, зеро омода гардидани мутахассисон соҳа ва вазъи имрӯзаи рушди илми сотсиология ба фаъолияти самараноки ӯ вобастагӣ дорад.

Дар тӯли даҳсолаҳои зиёд фаъолияти илмӣ, педагогӣ ва ташкилотчигии Шоназар Шоисматуллоев пояҳои устувори институтсионалии сотсиологияро ҳамчун соҳаи мустақили донишҳои илмӣ шакл дод. Таҳти роҳбарии устод шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳким ёфта, барои гузаронидани таҳқиқоти бунёдии сотсиологӣ, инчунин, омода намудани кадрҳои илмии дорои тахассуси олӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Кушодани нахустин кафедраи сотсиология дар факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аҳаммияти таърихӣ дошт, ки ҳамчун марҳилаи асосии ташаккули таҳсилоти олии сотсиологӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Ҳамчунин, таъсиси Шурои диссертатсионӣ аз рӯйи илмҳои сотсиологӣ саҳми назарраси Шоназар Шоисматуллоев ба ҳисоб меравад, ки барои ташаккули мактаби миллии сотсиологӣ замина фароҳам овард.

Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини фаъолияти чандинсолаи Шоназар Шоисматуллоев ташаккули як мактаби мукаммали илмӣ мебошад, ки бар пояи академӣ, асосҳои методологӣ ва фарҳанги баланди таҳқиқотӣ бунёд ёфтааст. Зери роҳбарии илмии устод даҳҳо диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя гардида, аксари сотсиологҳои муосири Тоҷикистон шогирдон ва пайравони устод ба шумор мераванд. Дар ин раванд нақши устод дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, навишта ва ба чоп расидани адабиёти илмӣ-методӣ ва рушди истилоҳоти тоҷикии сотсиолоӣ хеле бузург аст.

Мероси илмии Шоназар Шоисматуллоев бо фарохии масъалагузорӣ ва умқи таҳлили назариявию методологӣ фарқ мекунад. Ӯ як қатор лоиҳаҳои бузурги эмпирикиро амалӣ намудааст, аз ҷумла таҳқиқоти нодири лонгитюдии «Роҳҳои наслҳо», ки имкони пайгирии динамикаи тағйироти иҷтимоиро дар давраи таҳаввулоти таърихии ҷомеа фароҳам овард. Осори ӯ ба масъалаҳои сохтори иҷтимоии ҷомеа ва табақабандии иҷтимоӣ, масъалаҳои таҳсилоти ҷавонон, худмуайянкунии касбии ҷавонон, камбизоатӣ, муносибатҳои гендерӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъалаҳои марказии илми сотсиология бахшида шудаанд. Устод дар давоми фаъолияти самараноки хеш зиёда аз 200 мақолаи илмӣ ва 20 монография таълиф намудааст, ки барои омода намудани наслҳои нави муҳаққиқон ва рушди минбаъдаи тафаккури сотсиологӣ дар Тоҷикистон мусоидат намудаанд.

Дар ҷаҳонбинии илмии Шоназар Шоисматуллоев фаҳмиши сотсиология ҳамчун абзори худшиносии ҷамъиятӣ ва пешгӯии иҷтимоӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Пешбурди идеяи «хаёлоти сотсиологӣ» аз ҷониби ӯ зарурати баррасии мушкилоти инфиродии инсонро дар заминаи равандҳои сохтории ҷамъиятӣ таъкид менамояд. Чунин муносибат сотсиологияро ба механизми муҳимми таҳлили ҷамъиятӣ, тафаккури стратегӣ ва рушди устувори давлат табдил медиҳад. Дар таҳқиқотҳои сотсиологии анҷомдодаи устод масъалаҳои муҳимтарини рушди вомеаи муосири Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Ҳаштод соли роҳи зиндагии Шоназар Шоисматуллоев солҳои хизматгузории фидокорона ба илм, тарбияи шогирдон, таҳкими анъанаи миллии академӣ ва ташаккули неруи зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Саҳми устод дар рушди сотсиология аҳаммияти воқеан таърихӣ дошта, самти рушди афкори сотсиологиро барои даҳсолаҳои минбаъда муайян хоҳад кард.

Мо, шогирдон устоди некноми худ – доктори илмҳои сотсиологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Шоназар Шоисматуллоевро аз номи шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва тамоми шогирдон ба 80-умин солгарди мавлудашон табрик намуда, ба устод умри дароз, саломатии бардавом, нерую тавоноии эҷодии беохир, дастовардҳои нави илмӣ ва дар роҳи хидмати пуршараф ба илм, ҷомеа ва ояндаи Тоҷикистон муваффақиятҳои беназирро орзумандем.

Шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии

ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123