СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ
Имрӯз дар толори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ дар бартараф намудани зуҳуроти номатлуби замони муосир» баргузор гардид.
Семинарро директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. ифтитоҳ намуда, бо суханронии муқаддимавии худ аҳаммияти таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ дар ҷомеаи муосир ва нақши он дар пешгирии андешаҳои ифротӣ ва зуҳуроти номатлубро таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки рушди тафаккури интиқодӣ, донишҳои илмӣ ва таҳлили фалсафӣ метавонад ҷавобгӯи талаботи замони ҷаҳонишавӣ бошад ва ҳамчун омили муҳими нигоҳдории суботи фикрӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат кунад.
Дар ҷараёни семинар бо маърузаҳои илмӣ олимони шинохтаи институт д.и.ф., профессор Сайфуллаев Н.М. бо мавзуи «Пути формирования научного философского мышления и его роль в борьбе против религиозного радикализма и экстремизма», ки дар он роҳҳои ташаккули тафаккури илмӣ-фалсафӣ ва нақши он дар муқобили ақидаҳои радикалӣ мавриди таҳлил қарор гирифт, д.и.ф., профессор Шамолов А.А. бо мавзуи «Шаклҳои тундгароӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ», ки дар он падидаҳои нави ифротгароӣ ва таъсири равандҳои ҷаҳонӣ ба сатҳи шуури иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, д.и.ф., сарходими илмӣ Усмонова З.М. бо мавзуи «Важность развития критического мышления у таджикских студентов: философско-культурологический анализ», ки дар он рушди тафаккури интиқодӣ ҳамчун омили асосии худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд, н.и.ф., мудири шуъба Саидҷаъфарова П.Ш. бо мавзуи «Нақш ва ҷойгоҳи ҷаҳонбинии илмӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм», ки масъалаҳои пешгирии таҳдидҳои идеологӣ тавассути густариши донишҳои илмӣ таҳлил гардид, баромад намуданд.
Дар қисми муҳокима иштирокчиён ба масъалаҳои мубрами замони муосир, аз қабили тақвияти тарбияҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, нақши донишмандон дар муқовимат ба ифротгароӣ ва роҳҳои таҳкими ваҳдати фикрӣ таваҷҷӯҳ намуданд.
Дар ҷамъбасти семинар таъкид гардид, ки таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ дар байни ҷавонон, донишмандон ва аҳли ҷомеа омили муҳим дар ҳифзи суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Масъалаҳои дар семинари мазкур барасишуда барои густариши андешаҳои илмӣ-фалсафӣ, таҳкими муҳокимаронии интиқодӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандӣ метавонад саҳми арзанда гузорад.
