Skip to main content

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ БА НОМИ А.БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ

29 октябри соли 2026 дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ зери унвони «Конститутсия ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» бо иштироки магистрон ва олимони ҷавон баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод оғоз намуда, доир ба нақши калидии Конститутсия дар таъмин ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди давлатдории ҳуқуқбунёд суҳбат кард.
Дар раванди семинар гузоришҳои муҳими илмии зерин шунида шуданд:
- Нақши Конститутсия дар соҳаи ҳарбӣ: Намояндаи Донишкадаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковник Шоҳиён Шодмон Рустам дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули илми ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърозаи пурмуҳтаво кард.
- Ташаккули давлатдорӣ: Мудири шуъбаи масоилаи сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Бедилзода Ҳусейн баромади худро ба мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ» бахшида, паҳлуҳои сиёсии ин ҳуҷҷати тақдирсозро шарҳ дод.
- Нигоҳи насли ҷавон ба ислоҳот: Аспиранти соли дуюми ихтисоси сиёсатшиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Амриев Санҷар дар мавзӯи «Ислоҳоти конститутсионӣ ва нақши он дар ташаккули системаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, аҳамияти ислоҳоти ҳуқуқиро дар таҳкими низоми сиёсӣ нишон дод.
Пас аз анҷоми маърузаҳо, дар қисми хотимавии семинар музокираҳои озод ва муҳокимаи илмӣ сурат гирифт. Иштирокчиён ва ходимони илмӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳуқуқии мавзӯъ табодули афкор намуда, пешниҳодҳои судманд ва илмиро манзур доштанд.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121