ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН
Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳормақола» дар ҳикояте чунин меоварад: «Чаҳор ҳазор сол буд, то ҳукамои аввоил (яъне юнониён - С.С.) ҷонхо гудохтаанд ва равонҳо дарбохтанд, то илми ҳикматро ба ҷой фуруд оранд, натавонистанд. То баъд аз ин муддат ҳакими мутлақ ва файласуфи аъзам Аристотолис ин нақдро (илмро) ба қистоси (тарозуи росту дақиқи) мантиқ бисохт ва ба маҳаки ҳудҳуд нақл кард ва ба камоли қиёс бипаймуд, то шакку райб аз ӯ бархост ва мунаққаҳ (тоза, пок) ва муҳаққақ гашт ва баъд аз ӯ дар ин ҳазору панҷсад сол файласуф ба кунҳ (моҳият)-и сухани ӯ нарасид ва бар ҷодаи сиёқати ӯ нагзашт, илло афзал-ул-мутааххирин ҳаким-ул-машриқ, ҳуҷҷат-ул-ҳақ ала-л-халқ Абӯалӣ ал-Ҳусайн ибни Абдулло ибни Сино. Ва ҳар кӣ бар ин ду бузург эътироз кард, хештанро аз зумраи аҳли хирад берун овард ва дар силки аҳли ҷунун тартиб дод ва дар ҷамъи аҳли атаҳ (аблаҳон) ҷилва кард. Эзиди таборак ва таоло маро аз ин ҳафавот (хатарҳо, лағзишҳо) ва шаҳавот нигоҳ дорад, биманниҳи ва лутфиҳи (бо марҳамат ва лутфаш)».
Ин ҳикояти Низомии Арӯзии Самарқандӣ ҳақшиносӣ ва баҳодиҳӣ ба мақом ва манзалати илмӣ ва фалсафии шахсияте мебошад, ки воқеан асосгузори ҷунбиши андешаи миллӣ ва фарҳангии тоҷикону эрониён аст ва ба қавли Садриддини Шерозӣ «раиси фалосифаи ислом» - ҳуҷҷатулҳақ, шарафулмулк Шайхурраис Ибни Сино мебошад.
Ҷаҳони мутамаддин 18 августа соли ҷорӣ рӯзи мавлуди ин ҳакими фарзонаро ҳамчун иди касбии табибон бо камоли эҳтиром арҷгузорӣ намуд. Ҷои ёдоварист, ки ҷашнвораҳои Ибни Сино мувофиқи қарори Совети Умумиҷаҳонии Сулҳ бахшида ба ҳазорсолагии зодрӯзи ӯ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва соли 1980 мувофиқи солшумории мелодӣ бо қарори ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта шуда буд.
Ҷашни 1025 солагии Шайхурраис дар Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани истиқлоли ҷумҳурӣ рост омада истодааст, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ дар шаклу мазмуни нав истиқбол ва ҷилва хоҳад кард. Аз ин рӯ, агар шахсият, мақому мартаба ва хидматҳои ӯро дар пешбурди илм, фалсафа, тиб, равоншиносӣ, мантиқ, маъданшиносӣ, кимиё ва поягузоштани забони илму фалсафаи форсӣ (тоҷикӣ) танҳо дар чорчӯбаи манфиатҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем, бо ин кор Ибни Синоро дар назди башарият нодида мегирем.
Шуҳрату овозаи ӯ дар Аврупо ҳанӯз баъди тарҷумаи осори фалсафӣ ва махсусан, тиббиаш камтар аз Шарқ набуда, китобҳои тиббии ӯ дар қатори осори чунин бузургоне аз қабили Буқрот, Ҷолинус ва Арасту омӯхта шуда, дар бисёре аз мактабҳои олии Аврупо чун дастуруламалҳои тиббӣ дар донишкадаҳо ва бемористонҳо то асрҳои XVII-XIX истифода мешуданд ва доманаи қадршиносии мероси ӯ дар кишварҳои Аврупо имрӯз ҳам идома дорад.
Зикри ин нукта кофист, ки ҳанӯз сад сол баъди вафоти Ибни Сино «ал- Конун фи-т-тиб» аз тарафи яке аз машҳуртарин тарҷумонҳои мактаби тарчумонии Толедо Герарди Кремонӣ ба забони лотинӣ тарҷума гардид.
Суоле ба миён меояд, ки бо кадом сабаб ва ангеза ҷаҳони асримиёнагӣ ва имрӯза низ ба меросу шахсияти ӯ пайваста чунин таваҷҷуҳро дареғ намедоранд. Ба ақидаи банда ангезаи чунин дилгармӣ ва иноятро дар он нукта бояд ҷустуҷӯ кард, ки хидмати Ибни Сино дар таҳкими бунёд ва пояи ҳикмат, тиб ва бахшҳои мухталифи илму дониш дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва исломӣ беандоза ва худи ӯ аз зумраи бузургтарин ва номовартарин донишмандонн ҷаҳон ва нобиғаҳои бани башар аст.
Бо эҳтимоли қавӣ дар таърихи илм ва фалсафаи ҷаҳон баъди Арасту Ибни Сино он нобиғае ҳаст, хоҳ ҷанбаи мусбати фаъолият ва шахсияти илмии ӯ бошад, хоҳ ҷиҳати манфии он, бештар аз ҳама дар бораи ӯ гузоришу мақолаҳо, китобу рисолаҳо ва ҳатто асарҳои публистии тарҷумаҳолӣ навиштаанд. Дар тақвияти андешаи худ ин гуфтори яке аз муҳаққиқони осори Шайхурраис дар Аврупо Роҷер Бэконро меоварем, ки гуфта буд: «Ҳар ойина маърифат ба шакли том ду бор ба забони ибрӣ (яҳудии қадим- С.С.) дастраси оламиён гардида буд; Бори аввал аз роҳи анбиё ва дафъи дигар тавассути Сулаймони Ҳаким ва ҳамчунин ду мартабаи дигар маърифат ба шакли ғайри том ба ҷаҳониён расид; бори аввал ба забони юнонӣ ба воситаи Арасту ва мартабаи дигар тавассути Ибни Сино ба забони арабӣ».
Сарфи назар аз ин баррасиҳои фаровон паҳлуҳои мероси ӯ ҳанӯз ҳам пурра муайян нашудааст ва доир ба шахсияти мутафаккир ва мероси гаронбаҳои ӯ дар сафаҳоти дафтари таърих афкори одилона ва ғаразнок, душманона ва қолу қилҳои баҳамзидро мушоҳида менамоем. Ва ҳамаи ин андешаҳо аз он ҷо сарчашма мегирад, ки тарафдорон ва мухолифон аз кадом паҳлу ва мавқеъ ва бо кадом ҳадаф ба мероси гаронбаҳои ин хирадманд наздик шудаанд.
Ҳангоми баррасии мероси Ибни Сино муҳаққиқ хоҳу нохоҳ ба чунин ҷанбаҳои меросӣ ӯ рӯ ба рӯ мегардад, ки омӯзиш ва таҳқиқи фаъолияти илмӣ ва адабии ӯ барои фаҳмидан ва дарк кардани фарҳанги асримиёнагии Шарқ, Эрон, Осиёи Миёна ва махсусан Тоҷикистони тозаистиқлол муҳим ва арзишманд аст. Дар таърихи илм ва махсусан дар Шарқ басо нодир аст, ки дар бораи касе ва шахсияти ӯ аз тарафи муаррихон ва шоҳидони ҳол ин қадар маълумотҳои тарҷумаҳолӣ гирд омада бошад, чуноне дар бораи Ибни Сино боқӣ монда аст. Чунин ҳолат имкон фароҳам сохтааст, ки зиндагиномаи ӯро на танҳо дар тули солҳои алоҳида, балки дар моҳҳо муайян карда, равиши кору фаъолияти илмии ӯ, устодон ва шогирдон, дӯстон ва душманонашро муайян ва мушаххас созем. Дар ихтиёри муҳаққиқ адади фаровони дастхатҳо ва китобҳои ӯ мавҷуд аст, ки тавассути онҳо метавонад таърихи таълифи бисёре аз онҳоро бидонад.
Дар лобалои ин пажӯҳишҳо муҳаққиқ бо шахсияте рӯ ба рӯ мегардад, ки дар худ маҷмӯи чунин хислатҳое аз қабили дониши қавӣ ва барҷаста, мантиқи воло ва то ҷое инодкорӣ ва ғурурро гирд оварда, дар ҳар замону макон бо меҳнати тоқатфарсо ва шабонарӯзии худ ба камтарин донишманде чунин шуҳрати овозаи илмии ҷаҳонӣ насибаш гашта бошад. Ибни Сино чун олим дар асоси анъанаҳои миллии даврони Сомониён ва бешубҳа анъанаҳои илми «арабизабон» ба воя расида, худ яке аз чеҳраҳои шинохтаи тамаддуни исломӣ буд; маншаъ ва манбаи асосии илму фалсафаи ӯ юнонӣ ва эронист; аз лиҳози нажодӣ ба ирқи эронӣ ва махсусан, бахши тоҷикони он тааллуқ дошта, вале зиндагӣ ва кору камолоти хешро дар Бухоро – маркази давлати Сомониён ва дар Эрон дар бораи Оли Бувайҳ ба анҷом расонида, кӯшиш ба харҷ додааст, то пояҳои фалсафаи хешро бо аркони Ислом созгор созад ва дар ин замина агар лақаби даҳриро нагирифта бошад ҳам, ӯро дар мавридҳои алоҳида мусалмони шаккок қаламдод кардаанд.
Ба назардошти чунин муносибату амалкардҳо доир ба мероси ӯ, ҳадафи мақолаи зерин таҳқиқ ва баррасии ҳамаҷониба ва муайян кардани пахлӯҳои гуногуни мероси илмӣ ва фалсафии ӯ ва хидматҳояш набуда, мақсад дорад, хонандаро ба аввалин ҷашнҳо, омӯзиши мероси ӯ, хидматҳо ва воҷиботи донишмандону сарваронро дар назди ин шахсияти миллӣ ва ҷаҳонӣ то андозае рӯшан созад.
Чун сухан ба бузургдошти Ибни Сино оғӯоз намоем, месазад, ки дар ин рӯз ҳам аз ҳамин нукта оғоз кунем, ки аввалин рӯзҳои таҷлили Ибни Сино дар ҷаҳон дар июни соли 1937 дар давлати Туркия баргузор гардид ва он аз рӯзи вафоти мутафаккир, яъне 1037 ба эътибор гирифта, 900-умин солгарди вафоташро ҷашн гирифтанд. Албатта, ҳадафи ин бузургдошт пеш аз ҳама барои он нигаронда шуда буд, ки Ибни Синоро аз лиҳози нажодӣ ба миллати турк мансуб кунанд.
1) Устод Саид Нафисӣ, ки ифтихороти раиси кумитаи байналмилалии ҷашни ҳазораи Ибни Синоро ба дӯш дошт, доир ба турк будан ё турк шудани Ибни Сино дар мақолае бо номи «Тадқиқ дар бораи зиндагӣ ва осори файласуф ва устоди бузурги тиб турк Ибни Сино», ки дар Истамбул соли 1937 ба муносибати ҳазораи ӯ ба чоп расида буд, мегӯяд: «Музҳиктар (хондавортар) аз ин чиз ҳаст, ки марде эронии форсизабон аз падару модари эронӣ ва исмоилӣ, ки худ ба форсӣ шеър мегуфта ва китоб менавишта ва дар хоки Эрон вилодат ёфта ва дар саросари зиндагӣ по аз хоки Эрон берун нагузошта, ба муносибати ин ки дувоздаҳ сол пас аз валодати вай як идда турк вориди зодгоҳи ӯ шуда бошанд ва 462 сол пас аз вилодат ва 405 сол пас аз марги ӯ номи қисмате аз сарзамини ӯро Туркистон гузошта бошанд, тоза дар 16 сол пеши он ҳам туркони Туркия, ки ба ҳеҷ ваҷҳ робита ба узбакон ва туркони Самарканду Бухоро ва Буғрохон ва аслоф (гузаштагон) ва аъқоби ӯ надоштанд, ӯро аз худ ва турк бидонанд ва номашро бо камоли лутфу карам «файласуф ва устоди бузурги тибби турк» бигзоранд? Дар ҷаҳони дониш дар таърих ва мантиқ номи ин бачагиҳо ва бозиҳоро чӣ бояд гузошт?»
Иқдоми дуввум дар бузургдошти Ибни Сино соли 1938 мелодӣ дар Афғонистон ба амал омад, ки он ҳам ба 900-умин солгарди вафоти мутафаккир бахшида шуда, гузориш ва мақолаҳои мухталиф роҷеъ ба мерос ва фаъолияти илмии донишманд ироа гардид.
Баъди ин бузургдошти Ибни Сино ба муносибати ҳазорумин солгарди таваллуди ӯ дар ИМА бо ташаббуси ЮНЕСКО дар июни соли 1950 қарор гирифт, ки дар он донишмандони бузурги Шарку Ғарб маҳфил ороста, мақом, мартаба ва хидматҳои илмии ӯро дар назди башарият арзёбӣ кардаанд. Аз он ҷумла, аз донишмандони шинохтаи Шарқ дар ин конфронси байналмилалӣ нависанда ва муҳаққиқи мисрӣ Таҳа Ҳусейн ва донишмандони эронӣ Алиасғар Ҳикмат ширкат варзида, ҳар яке дар бораи мақом ва мартабаи ӯ дар илму фалсафа гузоришҳо эрод кардаанд.
Аз гузоришҳои бисёр ҷолиби ин ҳамоиши ҷаҳонӣ баромади ховаршиносӣ итолёвӣ Франческо Габриели буд, ки ба шарҳи аҳвол, аҳамият ва мақому мартабаи Ибни Сино дар фалсафа ва тиб бахшида шуда буд.
Сипас 15 июни соли 1950 маросими ёдбуд ва эҳтироми Ибни Сино аз тарафи 5-умин конфронси ЮНЕСКО сурат гирифт. Созмони илмӣ, тарбиятӣ ва фарҳанги Милали Муттаҳид (яъне ЮНЕСКО) дар ҷаласаи панҷуми умумии худ, ки дар шаҳри Флоренсияи Итолиё баргузор гардид, ба чунин қарор омада буд, ки мақом ва мартабаи чаҳор тан аз шахсиятҳои барҷастаи илм ва фарҳанги ҷаҳон: файласуфи бузурги чинӣ Конфусий (479-550 қабл аз м.), Ибни Сино, мусиқори машҳури олмонӣ Бах (1685-1750) ва нависандаи бузурги фаронса Балзак (1799-1850) ва муаррихи итолёвӣ Мураторӣ (1672- 1750), ки баъдтар ба ин рӯйхат илова гардид, дар назди башарият бузургдошт ва қадршиносӣ намояд.
Аз дастоварҳо ва қадршиносиҳои илмӣ қарори тарҷумаи англисии яке комилтарин асарҳои фалсафии Ибни Сино «Ишорот ва танбеҳот»-ро метавон ишора кард.
Дар моҳи феврал-марти соли 1951 дар Англия ва Фаронса бо иштироки донишмандони шинохтаи ҷаҳон Артур Арберри, Роузентал (аз Англия), А.М. Гуашон (аз Фаронса) ва Таҳа Ҳусейн аз кишварҳои араб гузоришҳои ҷолиб доир ба фаъолияти илмӣ ва фалсафии Ибни Сино ироа гардид.
Дар моҳи марти ҳамон сол радиои давлатии Фаронса барои қисмати адабии он «Ҳафтаи Ибни Сино» тартиб дод ва баромадҳои донишмандон: Таҳа Хусейн, Ибни Яҳё, A.M. Гуашон, Ҷабур Абдуннур, ас-Саввоф, JI. Гардет, JI. Массиниён ва дигаронро аз тариқи радио ба мардуми Фаронса пахш кард.
Дар аввалҳои соли 1949 Лигаи Давлатҳои Араб тасмим гирифт, ки дар соли 1950 дар яке аз кишварҳои араб ёдбуди ҳазорумин солгарди Ибни Синоро ҷашн гирад ва гузаронидани ин ҷашнвора дар шаҳри Бағдод (Ироқ) қарор гирифт.
Мувофиқи қарори комиссияи Лигаи Давлатҳои Араб ҷашни ҳазорумин солгарди Ибни Сино моҳи марти соли 1952 дар шаҳри Бағдод баргузор гаршта, дар он шахсиятҳо ва ховаршиносони машҳури ҷаҳон ширкат варзида, гузоришҳои арзишманд пешниҳод карданд ва як адади хоси маҷаллаи «ал-Маврид» ба чопи мақола ва гузоришҳои дар ин конфронс пешниҳод шуда бахшида шуд. Дар ин конфронс: Ҳенри Массэ, Луис Массиниён, Луи Гардет, ал-Аҳвонӣ, Ҷурч Шиҳота Қановати, Муҳаммад Юсуф Мусо, Шавқи Зайф, Иброҳим Мадкур, A.M. Гуашон, Хусейн Мунис, Абулало ал-Афифӣ, Муҳаммад Мустафо Ҳилмӣ, Усмон Амин, Муҳаммад ал-Хузайрӣ ширкат варзиданд ва аз миёни онҳо Абулало Афифбек дар мавзуи «Муҳаббат, некӣ ва зебоӣ дар фалсафаи Ибни Сино», Муҳаммад Мустафо Ҳилмӣ «Саодати инсонӣ аз дидгоҳи Ибни Сино», Аҳмад Фуод ал-Аҳвонӣ «Байни иннияти Ибни Сино ва куҷетои Декарт», Аҳмад Аминбек «Айнияи Ибни Сино», Шавки Зайф «Забони Ибни Сино», Маҳмуд ал-Ҳузайрӣ «Аз ёрони Ибни Сино», Муҳаммад Абдулғанӣ Ҳасан – «Ибни Сино аз назари тарҷумаи холнигорон ва муаррихон», Муҳаммад Юусуф Мусо «Ибни Сино миёни ҷонибдорон ва мухолифон», Азуддин Исмоил - «Қиссаи Ҳай ибни Яқзон», Хусейн Мунис «Бузургтари корҳои Ибни Сино» ва ғайра баромад карданд.
Мавриди тазаккур аст, ки ин ҷашни Ибни Сино дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мисли Канада, Туркия, Лаҳистон, Амрико, Ҳиндустон, Хитой ва ғайра гузаронида шуд. Дар собиқ Идтиҳоди Шӯравӣ дар шаҳрҳои Москва, Ленинград, Бухоро, Сталинобод, Киев, Вилнюс ва ғайра конфренсияҳои илмӣ бахшида ба 1000-солагии Ибни Сино баргузор гардида, мақолаю гузоришҳо ба таъб расиданд.
Аз дастоварҳои муҳимми синошиносӣ дар ин сол мақолаи арзишманди донишманди тоҷик Баҳоуддиновро дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистан» аз 8 июли 1952 бо унвони «Великий таджикский мыслитель» ном бурдан метавон.
Таҷлили Ибни Сино бештар аз ҳама мамлакатҳои ҷаҳон – дар Эрон бо шукӯҳу ҷалол ва омодагиҳои бештари илмӣ ва амалӣ пешвоз гиритфта шуд. Аз иқдомоти мушаххасе, ки дар барномаи бузургдошти ҳазораи Ибни Сино дар Эрон метавон ёд кард, инҳоанд:
- Бинои нави оромгоҳи Ибни Сино.
- Табъу нашри нави осории форсии Ибни Сино.
- Таҳияи муҷассамаи Ибни Сино ва насаби он дар Ҳамадон.
- Таҳияи медалҳои ёдгорӣ ба муносибати ҷашни ҳазораи Ибни Сино.
- Таъсиси китобхонаи ба номи Ибни Сино дар Ҳамадон.
- Ташкили кунгурае аз ховаршиносон ва донишмандони ҷаҳон дар Теҳрон.
- Нашри мақолаҳо, китобҳо, рисолаҳо дар боби зиндагӣ, осор ва афкори Ибни Сино.
- Ҷалби ҳамкориҳои дигар кишварҳо дар таҷлили Ибни Сино.
Аз арзишмандтарин дастовардҳои ин ҳамоиши ҷаҳонии Ибни Сино маҷмӯаи мақолаҳо ва гузоришҳое мебошад, ки онҳоро донишманди шинохта Забеҳуллои Сафо дар ду ҷилд бо унвони «Ҷашни Ибни Сино» дар Теҳрон ба чоп расонд.
Дар миёни донишмандоне, ки дар Теҳрон дар ҷашни ҳазораи Ибни Сино аз Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд: Е.Э. Бертеле «Рубоиёти Ибни Сино», А. Каримов «Бархе ақоиди Ибни Сино дар бораи шимӣ», Я. Раҳмонов «Дар атрофи баъзе таълимоти пизишкии ҳакими кабир Ибни Сино», Б. Азимҷонов (Баррасии «Қунун»-и Ибни Сино дар Узбекистон), В.Н. Терновский «Басти андешаҳои Ибни Сино дар дониши пизишкии кунунии шӯравӣ» ва ғайра буданд.
Бо ташаббуси ЮНЕСКО соли 1980-и милодӣ дар аксари марказҳои илмии ҷаҳон баргузор гардида, соли 1980- соли Ибни Сино номида шуд ва аз ҳама кишварҳо ва марказҳои фарҳангии ҷаҳон дархост шуд, то бузургдошти ҳазораи мутафаккири бузургро сазовор чашн гиранд.
ЮНЕСКО танҳо бо соли 1980-ро соли Ибни Сино номгузорӣ кардан иктифо наварзида, балки дар маҷаллаи «Курер» («Паём») №33 органи созмони ЮНЕСКО, ки дар кишварҳои мухталиф ба забонҳои гуногун нашр мегардад, як силсила мақолоҳоро, ки аз ҷониби донишмандони ҷаҳон омада гардида буданд, ба нашр расонд, ки намунае аз онҳо ба ин қарор аст: М.С. Осимӣ «Авиценна в контексте мировой цивилизации» (СССР), Х.М.Саид «Канон не на одно столетие» (Пакистан), Аруа «По советом Авиценны» (Алжир), И. Мадкур «Аш-шифа» - энциклопедия мироздания (Египет), Р. Доварӣ «Философ о котором спорят» (Иран), С.Г. Ногалес «От Ибни Сины к Авиценне» (Испания), А.С. Садыков «На плечах Авиценны» (СССР), А.С. Энвер «Загадка звёзд» (Туркия).
Ба ҳамин муносибат дар Димишқ (Сурия) маҷаллаи «ат-Турос ал-арабӣ» дар шумораи 5-6 хоси худ ва изофаҳо ба ҳамин шумора мақолаҳои арзишманди донишманди шинохта: И.Мадкур «Ибни Сино байни Шарқу Ғарб», Ҷ.Ш. Қановатӣ «Мақому мартабаи Ибни Сино дар пешрафти улум», Ғ. Финонус «Фалсафаи вуҷуд дар Ибни Сино», Т. Шайхуларз «Мафҳуми илм дар Ибни Сино», Ф. Акил «Ибни Сино ё меъроҷи нафс», М. Ҷавод «Ҷанбаи фарҳангии замони Ибни Сино», Н. Неъматов «Ҷанбаи иқтисодии замони Ибни Сино» ва гайраро ба чоп расонд. Дар изофаҳои ҳамин шумора суолҳои ал-Берунӣ ва посухҳои Ибни Сино ба онҳо низ ба чоп расиданд, ки ақидаи донишманди физиёдон Абдурразоқ Қаддура ин мукотибаи ду донишманди асримиёнагии ислом, аз ҷиҳати аҳаммият ва арзишнокии хеш барои он замон, ба мукотибаи физиёдони машҳури муосир Энштейн ва Нилс Бор доир ба масоили механикаи квантӣ шабоҳат дошт.
Баъди ин гузориши мухтасар бубинем, ки бузургдошти Ибни Сино дар ватани худи ӯ ба чӣ сурат баргузор шуд ва кадом чорабиниҳо пешниҳод шуда, то имрӯз чӣ корҳое дар ин ҷода ба сомон расидаанд ва кадом корҳоро дар оянда ба анҷом расонд.
Мувофиқи барномаи ҷашнӣ дар шаҳрҳои Москва, Бухоро ва Душанбе чанд чорабиниҳои ҷашнӣ гузаронида шуд ва арзишмандтарин дастовардҳои ин бузургдошт нашри ин осори мунтахаби мутафаккир ба забони русӣ дар матбааи «Наука»-и Москва, «Рисолаи саргузашт», «Донишнома», «Ишорот ва танбеҳот» ва «Китоби нафс» аст.
Ғайр аз ин мувофиқи барномаи ҷашнӣ мебоист, тарҷумаи осори ӯ дар 10 муҷаллад дар солҳои баъдина ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва ба чоп омода мегашт. Мутаассифона, ба сабаби барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин иқдом амалӣ нагашт.
Мақола ва гузоришҳои илмӣ доир ба ҳазораи мутафаккир дар маҷмӯаи ба номи «Торжество разума» соли 1988 аз тарафи нашриёти «Дониш» ба чоп расид.
Ҷои ёдоварист, ки дар муддати чанд сол баъди ҷашн се ҷилди осори мунтахаби Ибни Сино дар солҳои 1981 (ч.1), 1985 (ҷ.20, ва 1992 (ҷ.З) аз тарафи кормандони Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷума ва таҳия карда ба чоп расонда шуд.
Аз таҳқиқотҳои муҳими ин солҳо метавон монографияҳои донишмандон А.В. Сагадеев «Ибни Сино», М., 1980 ва М. Диноршоев «Натурфилософия Ибни Синьп», Душанбе, 1985 ва мақолаю рисолаҳои алоҳидаро номид, ки зикри ҳамаи онҳо аз имкон берун аст.
Бояд ишорат кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар январи 2005 дар шаҳри Ҳамадон, ҳамоиши байналмилалии Ибни Синоро ба муносибати 1025-солгарди ӯ баргузор кард, ки дар он паҳлӯҳои мухталифи фалсафа, ирфон, тиб, равоншиносӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносии ӯ дар суханрониҳои донишмандон мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Аз иқдомоти муҳими дигаре, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои бузургдошти Ибни Сино дар ин ҳамоиш қадр кард, таъсиси «Фонди байналмилалии Ибни Сино» мебошад.
Баъди пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон имконоти таҳқиқ, тарҷума ва табъу нашри ҳар гуна масоили илмӣ аз миён рафт.
Вале бо барқарор гардидани сулҳу салоҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ва бозгашт ба эҳёи фарҳанг ва илм дар ҷумҳурӣ имконоти нави пешбурди илм ба миён омад ва осори Ибни Сино «Нафаси тоза» кашид.
Дар шароити бозёфти неъмати истиқлол Тоҷикистон аз нав ба илму фарҳанг ва ҳувияти миллии хеш аз роҳи эҳёи мероси ниёгон, ба гузаштаи худ - чун зербино ва заминаи пешбурди ояндаи хеш - назар кард.
Ҷои ёдоварист, ки бояд дарки масъулиятшиносӣ дар назди халку давлат, бо ташаббуси шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Хукумати Тоҷикистон қарор гирифтааст, ба муносибати 1025-солагии Ибни Сино осори фалсафӣ ва тиббии Ибни Синоро умуман дар 15 ҷилд имсол ва дар солҳои баъд ба чоп омода сохта, ҳамоиши илмии байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ба ин муносибат баргузор гардад.
Дар чорчӯбаи ин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол тасмим гирифта шудааст, ки осори фалсафии Шайхурраис дар чаҳор ҷилд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастраси муҳаққиқон ва хонандагон гардонда шавад. Масъулияти тарҷума, таҳия ва табъу нашри онҳо ба ӯхҳдаи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ тузотша шудааст. Илова бар табъу нашри осори чаҳорҷилдаи мазкур, дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳо қарор шудааст, ки монографияи махсус «Тибби замони Ибни Сино» (маҷмӯаи мақолаҳо), китобу рисолаҳои махсус доир ба фалсафа, тиб, забоншиносӣ ва равоншиносии ӯ аз ҷониби донишмандони ҷумҳурӣ омода гардад.
Ҳамчунин ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ташаббуси оқои Қаҳрамон Сулаймонӣ тасмим гирифтааст асари бисёр муъҷаз ва пурмуҳтавои Ибни Сино «ал-Ҳидоя»-ро, ки аз арабӣ тарҷума гардидааст, ба забони форси (тоҷикӣ) ба табъ расонад.
Дар ҳошияи чорабиниҳое, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои бузургдошт ва табъу нашри осори бузургони гузашта гом ниҳодаанд, мехостам, чанд андешаи худро дар ин замина баён созам:
- Ба ақидаи банда аз он ҷо ки Ибни Сино дар саргаҳи ҷунбиши афкори милли мо қарор дорад ва ҳама ҳақ ва хоҳиши ифтихори миллиро аз ӯ дорем, таваҷҷуҳ ва чорабиниҳои мушаххас барои омӯзиши фаррохтар ва пурратари мероси ӯ чун бародарони қазоқ, ки дар институти фалсафаи худ шуъбаи Форобишиносӣ доронд, мо низ шуъбаи махсуси синошиносӣ созмон диҳем, ёдовар шудани танҳо ин нукта кофист, ки Ибни Сино ба истиснои дигар хидматҳои илмиаш барои башарият ва тоҷикон - ӯ асосгузори забони илм ва фалсафаи забони адабии форси (тоҷикӣ) - яке аз унсури ваҳдат аст ва ҳастии миллат аст. Ногуфта намонад, ки чунин фонди Ибни Сино дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон созмон дода шудааст.
- Аз масъалаҳои муҳими таърихӣ, илмӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва миллӣ омӯхтан, бозгардон кардан ва таҳияву пахш кардани мероси ниёгон аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ аст. Ногуфта намондад, ки сатҳи омӯзиши академии мероси ниёгон ё худ ба тарзи дигар арабшиносӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз замони шӯравӣ пастар ва ҷавобгӯи давру замон ва равандҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ нест. Ҳар чанд дар байни барҳе аз зиёиёни тоҷик тақвияти арабшинисӣ назари чандон хушоянд надорад, вале бе омӯзиши забони осори ниёгон, ки зиёда аз 50 дарсади мероси илм ва фалсафаи он ба забони арабӣ навишта шудааст, аз имкон берун аст. Гузашта аз ин, зиёда аз 40 дарсади лексикаи забони муосири тоҷикӣ калимаҳои арабиро ташкил медиҳад, ки таҳқиқ ва баррасии онҳо ҳам ҷанбаи таърихӣ ва фалсафӣ ва аз ҳама муҳим забоншиносӣ дорад.
- Дар рӯзҳои ҷашни 1025-солгарди Ибни Сино ба як масъалаи муҳим ва сарнавиштсоз диққати асосиро ба як масъала ҷалб кардан мехоҳам, ки он ҳам вазъи мағоза ва дӯконҳои китобфурӯшии пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе мебошад. Имрӯз қариб ҳамаи мағозаҳои тиҷоратӣ ва дигар муассисаҳо табдил ёфта, дар шаҳр мағозаҳои «сайёр» дар кӯча ва хиёбонҳо аз сабаби надоштани ҷой арзи ҳастӣ карданд. Дар тамоми кишварҳои мутамаддин муносибат ба китоб махсус аст, зеро ҳозира ва ояндаи мо вобаста ба он аст, ки мо то кадом андоза ба китоб ва ташвику тарғиби он барои сохтани ҷомеаи фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Хулоса, мо дар рӯзҳои ҷашнгирии 1045-солагии Ибни Сино, шахсият ва чеҳраи шинохтаи ҷаҳонӣ ва миллӣ қарор дорем ва медонем, ки ин марди қавиирода, устувор, бедордил, ватанпараст, ҷӯянда, пӯё ва донишманди асили миллӣ, ба сабаби матонат ва ҷасорати худ ба қуллаҳои баланди илми ҷаҳонӣ расида, дар Шарку Ғарб мавриди эхтиром ва бузургӣ қарор гирифт, месазад, аз зиндагиномаи ӯ дарси ибрат ва сабақ омӯхта, барои бештар зинда ва ҷовидон гардонидани номи ӯ ва мероси гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ ва адабияш аз хурду калон. олиму муаллим ва сиёсатмадору бозаргон ҳиссаи худро гузорем. Мероси Ибни Сино ва шахсияти ӯ назди миллати мо масъул- иятнокии бештар ва қадршиносии зиёдтарро тақозо дорад.
Сулаймонов Саидраҳмон – д.и.филологӣ,
профессор, сарходими илмии Маркази
синошиносии ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ