ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ФАЛСАФА, ПРОФЕССОР МАҲМАДИЗОДА НОЗИМ ДАВЛАТМУРОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНН
Ҳамкасбони гиромӣ, устодони муҳтарам, муҳаққиқон, кормандон ва донишмандони азиз!
Бо камоли эҳтирому ифтихор Шуморо ба ифтихори яке аз муқаддастарин ва гиромитарин рамзҳои давлатдории навини тоҷикон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям.
Ин ҷашни миллӣ на танҳо таҷдиди хотираи таърихист, балки рамзи худшиносӣ, давлатсозӣ, ваҳдату бунёдкорӣ ва рӯҳи созандагии миллат хоҳад буд.
Парчами давлатӣ ба сифати рамзи соҳибихтиёрии давлат, муттаҳидсозандаи миллат ва оинаи равшани фарҳанги пурғановати тоҷикон маънидод шуда, моро ба ваҳдат, масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватан ҳидоят мекунад.
Зери ҳамин парчами муқаддас мардуми шарафманди мо роҳи давлати соҳибистиқлолро паймуда, дар ҳама арсаҳо сиёсат, маърифат, илм, иқтисод ва фарҳанг ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.
Имрӯз, ки Тоҷикистон қадам ба марҳалаи сифатан нави рушди миллӣ ва ҷаҳони муосир гузоштааст, парчами давлатӣ на танҳо рамзи рамзҳо, балки баёни иродаи қавӣ, ифтихори ватандорӣ ва нақши созандаи миллат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ низ зери ин парчами шарафманд фаъолият намуда, барои таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди фикри сиёсӣ, боло бурдани сатҳи худшиносии ҷамъиятӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлат саҳми назарраси хешро гузошта истодааст.
Бовар дорем, ки минбаъд низ бо масъулияти баланди илмӣ ва ватандӯстӣ дар рушду пешрафти илми ҷомеашиносӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми шоиста мегузорем.
Ба ин муносибати муборак ба ҳар яки Шумо тандурустӣ, фаъолияти пурбор, пешравиҳои илмиву эҷодӣ, оромиву осоиш ва ба Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона таманно дорам.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад!
Бо камоли эҳтиром, Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод
