НАҚШИ ИБНИ СИНО ДАР ТАШАККУЛИ АНДЕШАИ ФАЛСАФИИ ШАРҚУ ҒАРБ
22 октябри соли 2026 дар Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии Академияи илмҳои Ӯзбекистон конфронси байналмилалии «Ибни Сино намояндаи барҷастаи тафаккури фалсафии Ғарбу Шарқ» баргузор шуд. Ҳамоиш ба омӯзиши арзишҳои осори олими бузург ва таъсири он ба тамаддуни ҷаҳонӣ бахшида шуд.
Дар ин чорабинӣ аз Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ академик Кароматулло Олимов ва профессор Рамазон Назариев иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конфронс академик Кароматулло Олимов маърӯзаи худро дар мавзӯи «Ибни Сино: “Донишнома” Энсиклопедияи илмҳои фалсафӣ» ва профессор Рамазон Назариев маърӯза дар мавзӯи «Дар бораи масъалаҳои илмҳои табиатшиносӣ дар фалсафаи Ибни Сино» пешниҳод карданд.
Иштироки олимони тоҷик дар ин ҳамоиши байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба ва муаррифии дастовардҳои синошиносии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
