КОНСТИТУТСИЯ РАМЗИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ
Конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, сарчашмаи асосии ҳуқуқии таҳия ва қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ташкил медиҳад. Баланд бардоштани эътибори Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун ба сифати санади асосии таҳкимгар ва такмилдиҳандаи ҳаёти ҷомеа баромад менамояд. Дар ин замина, аҳаммияти Конститутсия хамчун санади бунёдии давлатдорӣ бо нақши он дар таъмини устувории низоми сиёсӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани заминаҳои институтсионалии рушди ҷомеа алоқаманд мебошад.
Ҳамчунин, Конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳаммияти махсуси давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ, инчунин дигар масъалаҳои асосии вобаста ба ташкили ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъияти муайян ва танзим мегарданд. Ан ин рӯ, Конститутсия на танҳо асоси ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ниҳодҳои он, балки воситаи муҳимми таъмини суботи сиёсӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Воқеан ҳам, имрӯз Конститутсия қонуни асосии қариб ҳар давлати муосири мутамаддин мебошад. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститутсионӣ дарҷ мегарданд. Чунки дар конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолият инъикос ёфтааст. Конститутсия қоидаҳо, меъёр ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсӣ қабул гардид ва эътибор пайдо намуд. Воқеан ҳам, Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян кардани муносибати байни шаҳрванд ва давлат, инчунин танзимкунандаи сохтори қудратии давлатдорӣ - асоси сохти конститутсионӣ мебошад. Аз ин рӯ, боби аввали конститутсияи Тоҷикистон «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном гирифта, моҳияти давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ тавсиф мегардад. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ пазируфта мешавад.
Мақоми забони русӣ ва забонҳои маҳаллӣ муқаррар шудаанд. Рамзҳои давлатӣ ва мақоми пойтахт мушаххас гардидаанд. Арзиши олӣ пайдо намудани худи инсон, ҳуқуқу озодиҳои вай ва дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ҷойгоҳи хосаро пайдо намудаанд. Халқ манбаи ягона ва ҳар гуна ҳокимият (моддаи 6) эътироф гардида, масъалаҳои бевоситаи марбути он мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтаанд.
Дар Конститутсия дахлнопазирии сарҳад ва тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар (моддаи 7) таъкид гардида, дар заминаи плюрализми сиёсӣ амал намудан, фаъолият намудани тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар гардидаанд.
Муносибати Тоҷикистон бо акторҳои дигари сиёсати ҷаҳонӣ муқаррар карда шудаанд. Санадҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳукуқии кишвар пазируфта мешаванд ва аввалияти онҳо эътибори хосаро касб намудаанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон дар маркази диққат қарор дода шудааст. Ҳамкории самарабахш бо давлатҳои дигар яке аз ҳадафҳои асосии кишварро ташкил медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин санади муҳим чунин қайд менамоянд: «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.
Ин санади таърихӣ ва сарнавиштсоз барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории навини тоҷикон, ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард».
Муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, то ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳонӣ муосир ворид шавад ва халқи он ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Боиси ифтихор аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ аз ҷумлаи панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо эътироф гардидааст.
Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсия анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд: «Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ин санади муқаддаси давлати соҳибихтиёр истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, шакли идораи давлатро муайян намуд.
Конститутсия, ҳамчунин, барои ташкил ва таҳкими низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва омили таъминкунандаи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гардид. Ин санади таърихӣ, инчунин, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро муайян намуда, низоми мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар кард ва механизми амалигардонии онҳоро кафолат дод».
Воқеан ҳам Конститутсия санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.
Ҳамин тариқ, Конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҳар як кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай таъмин мегардад. Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад. Аз ин рӯ, риояи муқаррароти Конститутсия ва эҳтиром ба қонунгузории амалкунандаи кишвар аз шартҳои муҳимми таҳкими қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва рушди фарҳанги хуқуқии ҷомеа ба шумор меравад.
Қодирова З.Б. ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини
Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
