КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ МАРКАЗИ СИНОШИНОСӢ ДАР ТАРҶУМА ВА ТАҲҚИҚИ ОСОРИ ИБНИ СИНО» ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСИИ АМИТ
Имрӯз 27.10.2026, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ бо ибтикори Маркази синошиносӣ ба хотири гиромидошти Ибни Сино ва 20 солагии таъсисёбии Маркази синошиносӣ конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино» баргузор гардид.
Дар кори конфренсия саравал директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод сухани табрикотӣ намуда, нақши Маркази синошиносиро дар омӯзиши афкор ва таълимоти Ибни Синоро дар замони бархурди тамаддунҳо муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуд. Маҳмадизода Нозим иброз намуданд, ки осори Ибни Сино дар рушди ҷаҳонбинии илмии ҷомеа бисёр нақши бузург доранд.
Дар кори конфренсия донишмандон ва олимони кишвар иштирок намуда, доир ба асолатӣ миллӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, ҷойгоҳи зан дар фалсафаи Ибни Сино маърузаҳо намуданд. Аз ҷумла, номзади илмҳои фалсафа Ҷонбобоев Сунатулло дар мавзуи «Возрождение интеллектуального наследия таджиков Центральной Азии: вклад Лидера нации, Президента Таджикистана Э. Рахмона (на примере наследия Абу Али ибн Сины)» суханронӣ намуда, нақши Пешвои миллатро дар таъсиси Маркази синошиносӣ дарҷ намуда, хидматҳои донишмандони саршиносро аз қабили Сулаймонов Саидраҳмон. Исоев Муҳаббат, Тоҷиддин Мардонӣ ва дигарон зикр намуданд.
Инчунин доктори илмҳои фалсафа Диноршоева Зарина дар мавзуи «Методологическое значение переводческой деятельности в историко-философском исследовании» суханронӣ намуда, ҳолатҳо ва усулҳои тарҷумаи осори фалсафӣ, хоссатан Ибни Синоро баррасӣ намуданд. Баъдан, яке аз тарҷумонҳои забардасти осори Ибни Сино Сулаймонов Саидраҳмон дар мавзуи «Нақши Маркази синошиносӣ дар шинохти мероси фалсафии Ибни Сино» суханронӣ намуда паҳн намудани осори Ибни Синоро дар рушди ҷаҳонбинии илмии ҷавонон, яке аз омилҳои аз байн рафтани тассубу хурофот ҳисобиданд.
Инчунин омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров Рофиева Насринисо дар бораи «Абуалӣ ибни Сино ва мақоми зан» ва номзади илмҳои фалсафа Ҳоҷиев Аҳмадҷон дар мавзуи «Корномаи миллии мутарҷими «Қонуни тиб»-и Абуалӣ ибни Сино» суханронӣ намуданд. Дар ҷамъбасти конфренсия саволу ҷавобҳо роҷеъ ба осору аҳволи Абуалӣ ибни Сино сурат гирифт.
Дар охир, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ д.и.ф., профессор Маҳмадизода Н.Д сухани ҷамъбастӣ намуда, ба гузоришгарон ва ҳозирин изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
