КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ
Имрӯз, 31 октябри соли 2025 дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия — санади олии ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Конференсияро директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ӯ дар суханронии худ таъкид кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ пояи устувори давлатдории миллӣ, кафили адолати иҷтимоӣ ва ваҳдати ҷомеа мебошад.
Дар ҷараёни конференсия олимони маъруф — профессорон Имомов Ашӯрбой, Маҳмудзода Маҳкам, Бобоҷонзода Исрофил, Раҷабов Саидумар, Зоир Ҷӯрахон Маҳмудзода, Буризода Эмомалӣ ва Абдулҷалилов Абдуҷаббор бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд.
Мавзӯъҳо масъалаҳои муҳими таъсири Конститутсия ба низоми сиёсӣ-ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои конститутсионӣ, нақши Конститутсия дар рушди қонунгузорӣ ва илмҳои ҳуқуқиро дарбар гирифтанд.
Дар бахши мубоҳиса ва музокираҳо, иштирокчиён андешаҳои худро оид ба татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ зарурати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа, ҳамоҳангсозии меъёрҳои ҳуқуқии миллӣ бо қонунгузории байналмилалӣ ва таҳкими волоияти қонун иброз намуданд.
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки натиҷаҳои илмии конференсия барои такмили барномаҳои таълимӣ ва таҳияи тавсияҳои илмӣ-амалӣ истифода шаванд.
Дар анҷом, иштирокчиён таъкид намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдат ва адолати иҷтимоӣ дар тамоми марҳилаҳои рушди давлатдорӣ аҳаммияти хоса дошта, риоя ва татбиқи устувори меъёрҳои он заминаи асосии пешрафти давлати миллӣ мебошад.
