ҲИКМАТИ ИНСОНШИНОСӢ ДАР ОСОРИ МУҲАҚҚИҚОНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ
(In the world of science and education. International scientific centre “Endless light in science”. - Almaty, Kazakhstan, 15 january 2025. – С. 201-215).
Саид Нуриддин Саид (1956), узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор ва шахсияти намоёни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, дар таърихи фалсафаи тоҷик ҳамчун пажӯҳишгари неруҳои моҳиятии инсон, муаллифи таҳқиқоти муқоисавии таълимоти Ибни Сино ва Арасту дар масъалаи инсон, инчунин таҳлилгари масъалаҳои калидии фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавқеи намоён дорад.
Нуриддин Саид аз зумраи файласуфони тавонои муосири тоҷик мебошад, ки бо истифода аз манбаъҳои амиқи илмӣ ва адабиёти бунёдии фалсафа ба пажӯҳиши масъала ҳои мубрам, ба вижа ҳикмати инсоншиносӣ, машғул гардидааст. Дар таҳқиқоти худ ӯ ҷанбаҳои гуногунпаҳлуи инсоншиносиро мавриди омӯзиш қарор дода, бо истифода аз шеваҳои мутобиқсозӣ байни андешаҳои Ғарб ва Шарқ як қатор асарҳои илмии пурмуҳтаво, аз ҷумла рисолаҳо ва мақолаҳо, эҷод намудааст.
Қобилияти табиӣ ва фитрии ӯ дар пажӯҳиш ва муқоисаи назарияҳои мухталифи таърихи фалсафа имконият додааст, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ ва гуманитарӣ андешаҳои ноб ва мантиқии худро ба таври муассир баён намояд. Ӯ тавассути корҳои илмии худ тавонистааст, ки шеваи таҳлили татбиқии хосро дар омӯзиши масъалаҳои фалсафӣ ба майдони илм ворид созад, ки ин кори ӯро дар рушди илми фалсафаи тоҷик беандоза муҳим мегардонад.
Зиндагӣ ба профессор Нуриддин Саид ҳофизаи фавқулода ва заковати нодир ато намуда, ҳамзамон қалби шаффофу меҳрубон ва табиати нозук ва инсондӯстона эҳдо кардааст. Ин хислатҳо, ки дар гуфтор, пиндор ва рафтори ӯ айёнанд, ҳаргиз нагузоштаанд, ки дар рӯёрӯӣ бо мушкилоти пурпечутоби зиндагӣ ӯ манфиатҳои шахсии худро аз дигарон боло гузорад. Чунин ахлоқ ва равиш танҳо хоси шахсиятҳои поксиришт ва асил буда, далели раднопазири башардӯстии онҳост. Пажӯҳиш ва таҳлили татбиқии мушкилоти инсон, махсусан масъалаи қобилият дар фалсафа, яке аз самтҳои калидии фаъолияти илмии профессор Нуриддин Саид маҳсуб меёбад. Дар тӯли солҳои зиёд, ӯ бо таваҷҷуҳ ва садоқати илмӣ ба ин мавзӯъ машғул буда, таҳқиқоти амиқ ва пурмаҳсул анҷом додааст.
Таълифоти илмӣ-таҳқиқотии профессор Нуриддин Саид, аз ҷумла монографияҳо ва силсилаи мақолаҳои ӯ, ба таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни масъалаи инсон ва қобилияти ӯ равона шудаанд. Аз ҷумла, асарҳои ӯ: «Масоили қобилият дар таърихи фалсафа (дар асоси маводи фалсафаи ғарбӣ-аврупоӣ)» (1996); «Муаммои инсон дар илми ҳикмат: маҷмуи мақолаҳо» (1999); «Муаммои инсон дар фалсафа» (2003); «Инсон, моҳият ва нерӯҳои моҳиятии ӯ дар фалсафаи Арасту ва Ибни Сино» (2008); «Таҳлили татбиқии таълимоти Арасту ва Ибни Сино доир ба инсон» (2009).
Ҳамчунин, мақолаҳои илмии ӯ, аз қабили: «Доир ба масоили қобилият дар фалсафаи атиқа» (1990); «Рози масоили қобилияти инсонӣ» (2002); «Масоили пайдоиш ва ташаккули инсон дар фалсафа» (2009); «Масоили таносуби байни нафс ва тан дар фалсафаи Арасту ва Ибни Сино» (2009); «Моҳият ва таъиноти инсон дар фалсафаи Арасту» (2009).
Дар ин осор, паҳлуҳои мухталифи розу асрори нерӯҳои моҳиятии инсон бо таҳқиқоти ҳамаҷониба ва густурдаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Ин таҳқиқот ба рушди фаҳмиши фалсафии инсон ва нерӯҳои зоҳириву ботинии ӯ мусоидат намуда, заминаи назариявӣ барои омӯзиши минбаъдаи ин мавзӯъро фароҳам овардаанд.
Мувофиқи натиҷагириҳои профессор Нуриддин Саид, қобилият на аз тарафи Худованд аст, ки миёни одамон ба таври баробар тақсим шуда бошад. Баръакс, қобилияти инсон як падидаи таърихан мушаххас буда, дар заминаи шароит ва омилҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбад ва дар раванди таҳаввули таърихӣ мазмун ва моҳияти худро пайдо мекунад. Аз ин рӯ, қобилияти инсонро наметавон танҳо бо истилоҳоти маҳдуд, монанди "нишонаҳо", арзёбӣ намуд. Қобилияти инсон, хусусан он ҷиҳати иҷтимоӣ-амалӣ, ки дар фаъолияти ҳаётии ӯ ифода меёбад, хислати сифатан олӣ ва иҷтимоии махсус пайдо мекунад, ки аз хусусиятҳои биологӣ-табиии он фарқ мекунад.
Мулоҳизаҳои профессор Нуриддин Саид дар ин замина қобили дастгирӣ ва ҳамраъйист, зеро ӯ бо омӯзиш ва таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи муҳимтарин сарчашмаҳои илмӣ ва адабиёти бунёдии инсоншиносӣ ба чунин хулосаҳои асоснок расидааст. Ӯ таносуби ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва биологии қобилияти инсонро дақиқ таҳлил намуда, чунин натиҷагирӣ кардааст, ки меъёри олии инкишофи қобилият ва ҳатто пешрафти ҷомеа дар умум бо сатҳи рушди нерӯҳои тавлидотӣ иртиботи зич дорад. Мувофиқи андешаи ӯ, маҳз дар чунин шароитҳо, мутобиқ ба талаботи ҷомеа, шахсиятҳои истеъдодманд ва нобиғаҳои фарзона зуҳур мекунанд, ки барои пешрафти фарҳангӣ, илмӣ ва иқтисодии ҷомеа саҳми муҳим мегузоранд.
Профессор Нуриддин Саид борҳо таъкид менамояд, ки миёни ҷанбаҳои биологӣ ва иҷтимоии қобилияти инсон таносуби ногусастанӣ ва қавӣ вуҷуд дорад. Ин ҳамбастагӣ на танҳо дар ташаккул ва рушди қобилияти инфиродӣ нақш мебозад, балки заминаи асосии таҳаввулоти иҷтимоиву таърихиро ташкил медиҳад. Ин дидгоҳ на танҳо арзиши назариявӣ, балки аҳамияти амалӣ низ дошта, имкони баррасии ҳамаҷонибаи қобилияти инсонро фароҳам месозад.
Яке аз самтҳои калидии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии профессор Саид Нуриддин Саид таҳлили татбиқии таълимоти фалсафии Арасту ва Ибни Сино дар масъалаи инсонро ташкил медиҳад. Дар ин замина, ӯ масоили муҳим ва усули принсипии таҳлили татбиқии таълимоти ин ду файласуфи бузургро мавриди омӯзиши амиқ қарор додааст.
Аз ҷумла, пажӯҳишҳои ӯ масъалаҳои зеринро фаро мегиранд:
- Принсипҳои асосии таҳлили татбиқии таълимоти фалсафии Арасту ва Ибни Сино;
- Аҳамияти назариявӣ-маърифатии ин таҳлил дар шинохти инсон ва неруҳои моҳиятии он;
- Заминаҳои ҷамъиятӣ-таърихӣ ва сарчашмаҳои назариявии таълимоти ин файласуфон дар бораи инсон ва неруҳои моҳиятии он;
- Умумиятҳо ва тафовутҳо дар назариётҳои Арасту ва Ибни Сино дар масъалаи неруҳои моҳиятии инсон;
- Баррасии таносуби байни нафс ва тан дар таълимоти онҳо;
- Мушкилоти пайдоиш ва ташаккули инсон дар фалсафаи Арасту ва Ибни Сино;
- Самтҳои гуногуни неруҳои моҳиятии инсон дар фалсафаи онҳо, аз ҷумла моҳият ва таъиноти инсон;
- Қобилияти инсонӣ ва ҷанбаҳои гуногуни он дар таълимоти ин ду файласуфи ҷаҳонӣ.
Ин таҳқиқоти ҳамаҷониба ва густурда, ки бар заминаи таҳлили муқоисавӣ анҷом дода шудаанд, аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дошта, на танҳо ба шинохти амиқтари масъалаҳои инсоншиносӣ мусоидат менамоянд, балки заминаҳои нав барои пажӯҳишҳои минбаъда фароҳам меоранд. Таҳлилҳои профессор Саид Нуриддин Саид ба таври амиқ ва ҷиддӣ ҳам умумиятҳои назариявӣ ва ҳам фарқиятҳои асосии андешаҳои Арасту ва Ибни Синоро[6] дар робита ба неруҳои моҳиятии инсон равшан месозанд ва саҳми муҳим дар фаҳмиши фалсафии инсон дар Шарқу Ғарб мегузоранд.
Зимни таҳқиқоти амиқ ва ҳамаҷонибааш муаллиф ба як қатор бозёфтҳо ва дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гаштааст, ки дар рушди фалсафаи муосир нақши бориз гузоштаанд. Ин дастовардҳо, аз ҷумла, масоили зайлро дар бар мегиранд:
- Таҳқиқи принсипҳои методологии таҳлили татбиқии таълимоти фалсафии Арасту ва Ибни Сино;
- Таҳлили заминаҳои ҷамъиятӣ-таърихӣ ва сарчашмаҳои назариявии таълимоти Арасту ва Ибни Сино доир ба инсон;
- Таҳлили ниҳодии иҷтимоӣ-фалсафии ақоиди Арасту ва Ибни Сино дар масъалаи инсон ва неруҳои моҳиятии он;
- Ошкорсозии заминаҳо, маншаъҳо ва хусусиятҳои назарияҳои биологингарӣ, иҷтимоингарӣ ва биоиҷтимоингарӣ оид ба инсон ва муайян намудани иртиботи онҳо бо инсоншиносии Арасту ва Ибни Сино;
- Муайянсозии сарчашмаҳои назариявии фалсафаи Арасту дар масъалаи инсон;
- Ошкор намудани сарчашмаҳои назариявии таълимоти Ибни Сино доир ба инсон;
- Таҳлили ҳамаҷонибаи масъалаи инсон ва неруҳои моҳиятии он аз дидгоҳи Арасту ва Ибни Сино;
- Ошкорсозии умумиятҳо ва тафовутҳои назариявии таълимоти Арасту ва Ибни Сино дар масъалаи инсон ва неруҳои моҳиятии он;
- Муайян намудани таносуби байни нафс ва тан дар фалсафаи Арасту ва Ибни Сино;
- Баррасии мушкилоти пайдоиш ва ташаккули инсон дар таълимоти ин ду файласуф;
- Таҳлили баррасиҳои гуногун дар мавриди қобилияти инсонӣ дар фалсафаи Арасту ва Ибни Сино.
Ин пажӯҳишҳои ҳамаҷониба на танҳо ба ошкорсозии робитаҳои назариявии миёни ақоиди Арасту ва Ибни Сино мусоидат намудаанд, балки дар шинохти масъалаҳои умда ва фарогири инсоншиносӣ саҳми бузург гузоштаанд. Натиҷаҳои бадастомада на танҳо аҳамияти назариявӣ доранд, балки барои таҳқиқоти минбаъда дар соҳаҳои фалсафа, таърихи афкор ва инсоншиносӣ заминаҳои нав фароҳам овардаанд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси бевоситаи профессор Саид Нуриддин Саид, дар давраи ректории ӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон китоби дарсии дуқисмаи фалсафа таҳти унвонҳои «Таърихи фалсафа» ва «Фалсафа», бо ҷалби мутахассисони барҷастаи соҳа, соли 2011 нашр гардид. Ин иқдом дар бартараф намудани бисёр мушкилоти таълимии донишҷӯён нақши муассир гузошт ва ба рушди муҳтавои таълим дар самти фалсафа саҳми арзанда бахшид. Ҷанбаи муҳимтарини фаъолияти серҷабҳаи профессор Саид Нуриддин Саид қобилияти фавқулоддаи ташкилотчигии ӯ мебошад, ки ба фаъолияти ӯ ҳамчун як ходими шоиставу масъули давлатӣ ва ҷамъиятӣ ранги хоса мебахшад.
Нуриддин Саид ҳамчун шахсияти барҷастаи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дар пешбурди соҳаҳои маориф ва илм, инчунин дар рушди телевизион ва радиои тоҷик, ба комёбиҳои назаррасе ноил гардидааст. Вай дар татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм нақши бориз бозида, бо ташаббусҳои созандаи худ заминаҳои муҳими рушдро фароҳам овардааст.
Комилов Далер Рустамович
Саидзода Аҳмадшо Раҳматшо
