АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ҶАҲОНИИ СУЛҲ
Азбаски соли 1991 ба дунё омадаам, соли 1997, вақте ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ман ҳамагӣ шашсола будам. Аз сабаби хурдсолӣ шояд манзараҳои талхи ҷанги шаҳрвандиро бо чашмони худ надида бошам ва ё маънои воқеии низоъро дарк накарда бошам.
