ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ВА АҲАМИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОН
Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз (17.06.2025с.) таҳти чунин унвон бо ташаббуси шуъбаи сиёсатшиносӣ ва шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар кори Конференсия ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён М., Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Н.Д. ва як қатор кормандони Институт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияро Директори Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин санаи фархунда яъне рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда қайд намуданд, ки воқеан ҳам ваҳдат ин беҳтарин неъмат, орзуву армони миллӣ, пояи таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат аз варати ҳалокат, заминаи рушди тоҷикон ҳаст ва хоҳад буд. Ваҳдат ва ризоияти миллии тоҷикон, ки соли равон 28-умин солгарди он бо шукуҳу шаҳомати хоса дар сарорсари кишвар ҷашн гирифта мешавад, мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буда, имрӯз мактаби сулҳофаринии тоҷикон мавриди омӯзиши оламиён ва созмонҳои байналмиллалӣ гардидааст, зеро танҳо бо роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли дилхоҳ кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ доштан мумкин аст.
Муовини директор доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Х.М. зимни суханронии худ қайд намуд, ки ваҳдати миллӣ роҳро ба сӯи давлатдории муосир ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ боз кард. Ба таъкиди ӯ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими ваҳдат, ба сулҳу салоҳи сартосарии кишвар мусоидат намуд.
Сипас, маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби д.и.с., профессор, узви вобастаи АМИТ, Муҳаммад А.Н. дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси пешрафти ҷомеа», ходими пешбари илмии шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ д.и.ф., профессор, Хидирзода М.У. дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими давлатдорӣ» мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ АМИТ д.и.ҳ, профессор Раҷабов С.О. дар мавзӯи «Фарҳанги сулҳ ва асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии он» мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии ИФСҲ АМИТ д.и.ҳ, профессор Бобоҷонзода И.Ҳ. дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва маънавии ваҳдати миллӣ», мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии ИФСҲ АМИТ н.и.с. Бедилзода Ҳ.К. дар мавзуи «Нақши ташкилотҳои байналмилалӣ дар раванди сулҳи тоҷикон» мудири шуъбаи сиёсатшиносии ИФСҲ АМИТ н.и.с., Муродов С.А. дар мавзуи «Нақши миёнарави расмӣ дар раванди музокироти байнитоҷикон» ва Рахимова Ш.А. Магистранти ИФСҲ АМИТ дар мавзуи «Вклад Лидера Нации, уважаемого Эмомали Рахмона в укреплении национального единства» шунида шуд.
Дар ҷамъбаст зикр гардид, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот имрӯз ба сифати арзиши олӣ, заминаи таҳкими истиқлолият ва омили калидии рушди иқтисоди миллӣ хизмат мекунад.

