СИЯҲГӮШ – РАМЗИ ГУЛИ МИЛЛӢ
Гул зеботарин муъҷизаи табиат, атокунандаи зебоию тароват, болидагардонандаи табъи инсон, бахусус бедоркунандаи завқи эстетикии бонувон аст. Гули сиёҳгӯш (маъруф бо номи гули Сиёвуш) дар фарҳанг ва адабиёти тоҷик ҳамчун рамзи зебоии табиат, бедории баҳор ва эҳё шудан эътироф мешавад. Аввалин гули баҳорӣ аст, ки ҳамчун гули наврӯзӣ — аз фарорасии ҷашни Наврӯз дарак медиҳад. Дар баробари лола, ин гули кӯҳӣ нишонаи ҷавонмардӣ, покӣ ва пирӯзии ҳаёт бар зулмот маҳсуб меёбад.
Маъно ва рамзҳои асосии онро аввалан, эҳё ва тозагӣ ҳамчун паёмовари аввали фасли баҳор, рамзи бедории табиат аз хоби зимистона ва расидани айёми наврӯзӣ ташкил медиҳад. Дуюм, покандешӣ ва ҷавонмардӣ, ки дар асотир ва фолклори тоҷик, чун бо номи қаҳрамони асотирии «Сиёвуш» пайванд мехӯрад, рамзи бегуноҳӣ, муҳаббати пок ва шуҷоат дониста мешавад. Сеюм, зебоии табиат ва меҳр. Ин гули зарифу нозук, ки муҳити кӯҳиро меписандад, рамзи назокат, зебоии табиӣ ва паёми шодӣ ба дилҳо мебошад. Аз ин рӯ, таърихи пайдоиши ин гул ба таърихи пайдоиши Наврӯз, ки дарак аз оғози зиндагии нав медиҳад, тавъам аст. Зеро мардумро аз фарорасии Наврӯз дарак медиҳад.
Дигар ин ки тибқи ривоятҳо ва маълумоти дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ мавҷудбуда маълум метавон кард, ки мардум ин гулро ба хотири пос доштани ному хотираи неки Сиёвуш — «хуни Сиёвуш» номиданд ва ҳар баҳор ҳангоми сабзидани он маросими «Сайри гули сурх»-ро барпо мекарданд. Дар байни тоҷикон пас аз шукуфтани гули сиёҳгӯш (Сиёвуш) хурдсолон ва наврасон маросими «Гулгардонӣ»-ро баргузор менамоянд, ки ин барои пос доштани хотираи Сиёвуш аст. Дар суннати мардумии «Гулгардонӣ» кӯдакон ҳамин гулро аз дашту даман ва кӯҳсорон чида, ба хонаҳо меоварданд ва ба калонсолон тақдим намуда, муждаи оғози баҳорро мерасонданд. Соҳибхонаҳо ва бузургсолон бошанд, гули сиёҳгӯшро ба даст гирифта, ба чашм молида, шукрона мекарданд, ки ба баҳори нав расиданд. Мардум аз рӯйи таомули аҷдодӣ ба онҳо шодиёна, аз қабили ширинӣ, тухм, қурут ва хушкмева медоданд.
Маросими гулгардонӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва байни тоҷикони Осиёи Марказӣ аз қадим то имрӯз маҳбубияти хоса дорад. Бо мақсади таҳкими худшиносӣ ва ҳифзи табиат, гулҳои нодири эндемикии Тоҷикистон, ба монанди лола ва сиёҳгӯш, ҳамчун рамзҳои табиати миллӣ эътироф шуда, дар Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешаванд.
Хусусан, гули сиёҳгӯш аз қадим дар фарҳангу адабиёти тоҷик мақоми муқаддас дошта, рамзи покӣ, эҳёи табиат, зебоӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад. Он ҳамчун нигини пурҷилои кӯҳсори мо метавонад ба таври шоиста муаррифгари табиати нотакрори кишвар, пайки фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ва зиндашавии табиат бошад. Аз ин рӯ, интихоби гули сиёҳгӯш ҳамчун рамзи гули миллӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шудааст, ташаббуси наҷиб буда, боиси дастгирӣ ва эътироф аст. Чунки он маншаи ташаккули фарҳанги зебоипарастии мардуми тоҷикро аз қадим то ба имрӯз бозтобӣ медорад.
Шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
