РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФУТБОЛ: ҶАНБАҲОИ ИҶТИМОӢ, НАЗАРИЯВӢ ВА ҲУҚУҚӢ
(бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол – 25 май)
Футбол ҳамчун яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар ҷаҳон на танҳо воситаи фароғат, балки унсури муҳими ҳамгироии иҷтимоӣ, таҳкими сулҳ, дӯстии халқҳо ва тарбияи ҷавонон ба шумор меравад. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ доштани футбол, ҷомеаи байналмилалӣ ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Саҳми муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиё дар таъин гардидани 25-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол хеле назаррас ва таърихӣ арзёбӣ мегардад. Маҳз бо ташаббуси ӯ ва дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пешниҳод дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шуда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Тибқи маълумоти расмӣ, пешниҳоди эълон намудани 25-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба Созмони Милали Муттаҳид манзур карда шуд. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 қатъномаи махсусро қабул намуд, ки мувофиқи он 25-уми май расман Рӯзи байналмилалии футбол эълон гардид. Ин сана ба муносибати 100-солагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол бо иштироки дастаҳо аз тамоми қитъаҳо, ки соли 1924 дар Бозиҳои олимпии Париж баргузор гардида буд, интихоб шуд.
Нақши муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин раванд дар чанд омил зоҳир мегардад:
- ӯ аввалин шуда зарурати таъсиси Рӯзи байналмилалии футболро дар сатҳи СММ матраҳ намуд ва ин иқдомро ҳамчун воситаи таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳо пешниҳод кард;
- бо роҳбарии ӯ Федератсияи футболи Тоҷикистон ва CAFA тавонистанд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба нақши футбол ҳамчун воситаи муколамаи фарҳангҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷалб намоянд;
- қабули қатъномаи СММ нишон дод, ки Тоҷикистон метавонад ташаббусҳои муҳими байналмилалиро пешниҳод ва пешбарӣ намояд. Ин иқдом обрӯ ва нуфузи байналмилалии кишварро дар соҳаи варзиш ва дипломатияи гуманитарӣ боло бурд;
- дар суханрониҳои худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намудааст, ки футбол на танҳо бозӣ, балки воситаи тарбияи ҷавонон, таҳкими дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ҳамчунин, моҳи майи соли 2025 дар қароргоҳи СММ аввалин маросими таҷлили Рӯзи байналмилалии футбол баргузор гардид, ки дар он муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ дар он ҷо нақши футболро дар таҳкими сулҳ, эҳтироми мутақобил ва ҳамкории байналмилалӣ махсус таъкид кард.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар таъини 25-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол яке аз намунаҳои муваффақи дипломатияи варзишии Тоҷикистон буда, аҳаммияти бузурги байналмилалӣ дорад.
Аз нуқтаи назари назариявӣ, футбол падидаи мураккаби иҷтимоӣ мебошад, ки ба ташаккули фарҳанги ҷомеа, рушди муносибатҳои байнидавлатӣ ва тарбияи ахлоқии инсон таъсири назаррас мерасонад. Олимони соҳаи сотсиология ва фалсафаи варзиш футболро ҳамчун механизми муттаҳидсозандаи ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Ин навъи варзиш метавонад:
- ҳисси ватандӯстиро тақвият диҳад;
- ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим ҷалб намояд;
- таҳаммулгароӣ ва эҳтироми байни миллатҳоро инкишоф диҳад;
- воситаи дипломатияи варзишӣ гардад.
Футбол имрӯз ба як институти иҷтимоӣ табдил ёфтааст, ки дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ саҳми муассир дорад.
Рӯзи байналмилалии футбол инчунин бо арзишҳои умумибашарӣ робитаи мустақим дорад. Футбол ғояҳои сулҳ; баробарӣ; адолат; эҳтироми ҳуқуқи инсон; ҳамбастагии байналмилалиро тарғиб менамояд. Аз ҳамин ҷиҳат, ин рӯз танҳо иди варзишӣ набуда, балки воситаи таблиғи фарҳанги сулҳ ва ҳамзистии осоишта низ мебошад.
Эътирофи Рӯзи байналмилалии футбол дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид аҳаммияти байналмилалӣ-ҳуқуқии футболро нишон медиҳад. Ин иқдом ба принсипҳои санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон; ҳуқуқ ба истироҳат ва иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ; рушди ҷисмонӣ ва маънавии инсон мутобиқ мебошад. Дар моддаи 24-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳуқуқи ҳар инсон ба истироҳат ва фароғат эътироф шудааст. Ҳамчунин, моддаи 31-и Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқи кӯдаконро ба бозӣ ва иштирок дар чорабиниҳои варзишӣ кафолат медиҳад.
Фаъолияти футбол дар ҷаҳон тавассути санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ танзим карда мешавад. Дар сатҳи байналмилалӣ нақши асосиро Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё иҷро менамоянд. Ин созмонҳо қоидаҳои ягонаи футбол, меъёрҳои баргузории мусобиқаҳо ва принсипҳои мубориза бо табъиз, коррупсия ва зӯровариро муайян мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳаи футбол дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дигар санадҳои меъёрии соҳаи варзиш ба танзим дароварда мешавад. Дар ин замина фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои рушди футбол, омода намудани варзишгарон ва иштироки Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муҳим мебошад.
Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар дастгирии ҷавонон ва рушди футбол дар Тоҷикистон бисёр муҳим ва муассир мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои рушду пешрафти футбол ҳамчун намуди оммавии варзиш заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Пешвои миллат дастгирии ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошад. Бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ оид ба сиёсати ҷавонон қабул гардида, барои таҳсил, варзиш, рушди истеъдод ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа имкониятҳои васеъ муҳайё шуданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва таъсиси сохторҳои махсуси давлатӣ дар ин самт далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба ҷавонон мебошад.
Дар соҳаи варзиш, махсусан футбол, саҳми Президенти кишвар хеле назаррас аст. Бо дастгирии бевоситаи ӯ дар саросари кишвар варзишгоҳҳо, майдончаҳои муосири футбол, мактабҳои варзишӣ ва марказҳои тайёр намудани варзишгарон сохта ва таҷдид гардиданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо инфрасохтори замонавии футбол ба вуҷуд оварда шуд, ки барои рушди футболи касбӣ ва оммавӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки варзиш воситаи муҳими тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон буда, онҳоро аз гаравидан ба экстремизм, ҷинояткорӣ ва дигар падидаҳои номатлуб ҳифз мекунад. Аз ин рӯ, рушди футбол ҳамчун бозии дӯстдоштатарини ҷавонон дар меҳвари сиёсати варзишии давлат қарор гирифтааст.
Бо дастгирии роҳбарияти олии давлат Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолияташро густариш дода, дастаҳои мунтахаби кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Махсусан, солҳои охир футболи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ пешрафти чашмрас дошта, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати пайгиронаи давлат дар соҳаи варзиш мебошанд.
Дар умум, сиёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва рушди футбол ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, боло бурдани обрӯи байналмилалии Тоҷикистон ва тарбияи насли ватандӯсту фаъол мусоидат менамояд.
Вобаста ба ин, дар шароити ҷаҳонишавӣ футбол ба воситаи муҳими дипломатияи варзишӣ табдил ёфтааст. Давлатҳо тавассути мусобиқаҳои байналмилалӣ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои фарҳангиро тақвият медиҳанд. Ин раванд махсусан барои таҳкими обрӯи байналмилалии давлатҳо аҳаммияти калон дорад.
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи байналмилалии футбол нишон медиҳад, ки кишвар дар рушди дипломатияи гуманитарӣ ва варзишӣ нақши фаъол дорад. Ин иқдом инчунин нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад.
Имрӯз футбол яке аз воситаҳои муҳими пешгирии ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон мебошад. Ҷалби наврасон ба варзиш ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ; таҳкими интизом; рушди масъулиятшиносӣ; эҳтиром ба қонун ва қоидаҳо мусоидат менамояд.
Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи байналмилалии футбол метавонад барои ташаккули ҷомеаи солим ва фаъоли шаҳрвандӣ заминаи муҳим гардад.
Ҳамин тариқ, Рӯзи байналмилалии футбол дорои аҳаммияти бузурги назариявӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин рӯз нақши футболро ҳамчун воситаи муттаҳидсозандаи ҷомеа, тарғибкунандаи сулҳ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ инъикос менамояд. Эътирофи байналмилалии ин рӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи эътирофи саҳми кишвар дар рушди дипломатияи варзишӣ ва арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Дар шароити муосир рушди футбол ва густариши фарҳанги варзишӣ метавонад барои таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва рушди ҷомеаи демократӣ саҳми назаррас гузорад.
Мирзозода П.З. – директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Бобоҷонзода И.Ҳ. – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқишиносӣ, профессор.
