Skip to main content

РАҚОБАТИ ЗЕҲНҲО ДАР НАВРӮЗ

Бо фарорасии ҷашни бостонии Наврӯз, ки ҳамчун рамзи эҳёи табиат, тозагии маънавӣ, навсозии зиндагӣ ва оғози марҳилаи тоза дар ҳаёти инсон шинохта мешавад, дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ фазои идона ва саршор аз шодию нишот ҳукмфармо гардид.

Ба ифтихори ин ҷашни фархунда мусобиқаи варзишии зеҳнӣ аз намуди шоҳмот ва шашка баргузор карда шуд, ки ҳадафи он таҳкими неруи зеҳнӣ, густариши фарҳанги варзиш ва баланд бардоштани рӯҳияи ҳамкорӣ миёни кормандон буд.

Дар мусобиқа роҳбарияти институт, кормандони илмӣ, муҳаққиқон ва олимони ҷавон фаъолона ширкат варзида, бо ҳисси баланди масъулият ва эҳтиром ба арзишҳои варзишӣ дар фазои рақобати солим қувваозмоӣ намуданд. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш ба харҷ доданд, то тавоноии зеҳнӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва қобилияти қабули қарорҳои стратегиро ба намоиш гузорад.

Раванди мусобиқа бо шавқу ҳаваси зиёд ва дар руҳияи адолат, ростқавлӣ ва эҳтироми мутақобила баргузор гардида, иштирокчиён сатҳи баланди тамаркуз, сабру таҳаммул, зеҳни тез ва малакаҳои мантиқиро нишон доданд.

Бозии шоҳмот ва шашка, ҳамчун намунаи варзишҳои зеҳнӣ, имконият фароҳам овард, ки иштирокчиён на танҳо рақобат кунанд, балки ҷаҳонбинии худро ғанӣ гардонанд.

Ин гуна чорабиниҳо махсусан дар айёми Наврӯз аҳамияти хос доранд, зеро онҳо бо арзишҳои инсондӯстӣ, ваҳдат, эҳтиром ба ҳамдигар ва ҳамгироӣ ҳамоҳанг мебошанд. Мусобиқаи мазкур на танҳо як чорабинии варзишӣ, балки як майдони воқеии ташаккули шахсият, рушди тафаккури интиқодӣ ва тарбияи ахлоқии кормандон ва ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Қобили таъкид аст, ки ташкили чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои илмӣ на танҳо барои истироҳати маънавӣ, балки барои таҳкими робитаҳои касбӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва таҳкими рӯҳияи дастаҷамъӣ нақши муҳим мебозад.

Ҳамин тариқ, мусобиқаи зеҳнӣ дар фазои идонаи Наврӯз боз як намунаи равшани пайванди анъанаҳои миллӣ бо арзишҳои муосири илмӣ ва фарҳангӣ буда, дар самти ташаккули шахсияти комил ва зеҳни солим саҳми арзанда мегузорад.

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123