Skip to main content

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСӢ БА НОМИ А. БАҲОВАДДИНОВИ АМИТ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ!

Муҳаққиқону омӯзгорони гиромӣ!

Аҳли илму маърифат!

Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром, ихлоси самимӣ ва арзи сипос аз заҳмату талошҳои созандаи Шумо, ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат ва зиндагии нав самимона табрику таҳният менамоям.

123123Наврӯз ҳамчун яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ, таҷассумгари арзишҳои олии инсонӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, эҳёи табиат ва оғози марҳилаи нави зиндагӣ мебошад.

Ин ҷашни фархунда инсонро ба тозагӣ, созандагӣ, накӯкорӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгон раҳнамун месозад. Наврӯз рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сармо ва ҳаёт бар хомӯшӣ буда, ба қалбҳо рӯҳи тоза, умед ба фардои нек ва илҳоми созанда мебахшад.

Дар айёми Наврӯз табиат зинда гардида, инсон низ бо андешаҳои нек ва ниятҳои созанда ба истиқболи зиндагии нав қадам мегузорад. Ин ҷашни муборак моро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ, таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ, эҳтироми якдигар ва эҳсоси масъулияти баланд даъват менамояд.

Анъанаҳои неки наврӯзӣ, аз қабили аёдати калонсолон, дастгирии ниёзмандон, ободониву тозагии муҳити зист ва таҳкими риштаҳои дӯстиву бародарӣ, аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз на танҳо мероси гаронбаҳои фарҳангӣ, балки омили муҳими таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо дар арсаи байналмилалӣ низ мебошад. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандона, Наврӯз дар кишвари мо бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, ба як омили муҳими ваҳдату ҳамбастагии миллӣ табдил ёфтааст.

Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ гиромӣ дошта шуда, Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва инсонгароӣ бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин фазои орому устувор имконият фароҳам меорад, ки наслҳои оянда дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба мероси фарҳангӣ тарбия ёбанд.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки тағйироти босуръат ва бархӯрди арзишҳо бештар эҳсос мегардад, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ аҳамияти хосса пайдо мекунад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо такя ба арзишҳои волои Наврӯз аз ҷумла инсонгароӣ, адолат, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми табиат дар таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа саҳми арзанда гузорем.Тавре бузургони илму маърифат таъкид намудаанд, рушду камоли ҷомеа аз сатҳи маърифати афроди он вобаста аст.

Аз ин лиҳоз, аҳли илму маориф ва зиёиёни кишвар бояд дар тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи созандагӣ ва худшиносӣ нақши муассир дошта бошанд.

Бо истифода аз ин фурсати фархунда ба ҳамаи Шумо муҳаққиқон, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон саломатии бардавом, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор, файзу баракат, ризқу рӯзии фаровон ва комёбиҳои нав орзумандам.

Бигзор Наврӯзи оламафрӯз ба ҳар як хонадони тоҷик нуру сафо, шодиву нишот, меҳру муҳаббат ва баракати бепоён оварад.Бигзор қалбҳо саршор аз умеду орзуҳои нек гардида, фазои ҷомеаи мо ҳамеша орому осуда ва пур аз суботу ваҳдат бошад.Бигзор ҳар рӯзи зиндагии мардуми азизамон чун Наврӯз зебову пурсаодат бошад.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак бод!

Бо камоли эҳтиром,

Директор, доктори илмҳои фалсафа, профессорМаҳмадизода Нозим Давлатмурод

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123