НАҚШИ ОИЛА ДАР РУШДИ ҶОМЕА
Оила ҳамчун ниҳоди бунёдӣ ва пойдевори асосии ташаккули инсон, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Ҳар як шахс дар ин муҳити иҷтимоии хурд ба воя расида, ҳамчун сармояи рушди ҷомеа ва давлат ба камол мерасад. Маҳз дар муҳити оилавӣ инсон ба ҳайси шахсият ташаккул ёфта, ба низоми муносибатҳои иҷтимоӣ ворид мегардад.
Аз ин рӯ, ташаккули шахс, рушди устувори ҷомеа пеш аз ҳама ба сатҳи рушд, устуворӣ ва фарҳанги оила вобаста мебошад. Зеро ҳамчун муҳити асосии иҷтимоишавии шахс ба ҳисоб рафта, дар ташаккулёбии сармояи инсонӣ вазифаи иҷтимоикунонии шахс, нақши хеле назаррас дорад.
Иҷтимоишавӣ раванде мебошад, ки тавассути он шахс меъёрҳо, арзишҳо ва қоидаҳои рафтори иҷтимоиро аз худ мекунад. Ин раванд пеш аз ҳама дар оила оғоз меёбад. Дар баробари ин кӯдак дар муҳити оила забон меомӯзад, тарзи муоширатро дарк мекунад ва меъёрҳои «хуб» ва «бад»-ро фарқ менамояд. Арзишҳои ахлоқӣ, бамонанди ростқавлӣ, инсоф, масъулият, сабр ва меҳрубонӣ ва ғайра маҳз дар муҳити оила ташаккул меёбанд.
Тарбияи насли солим аз муҳити оилавӣ шуруъ шуда, ҷомеаи солим аз оилаи солим вобаста аст. Дар ин маврид Пешвои миллат зимни ироаи Паёми солонаашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ ва зиёиёни кишвар гуфта буданд, ки “Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад”.
Дар ҳақиқат оила ҳамчун «мактаби ахлоқ» амал мекунад ва муҳимтарин арзишҳои ахлоқӣ дар муҳити оилавӣ омӯзиш дода мешавад. Масалан, агар дар оила ростқавлӣ қадр карда шавад, фарзанд дар оянда низ дар муносибатҳои корӣ ва иҷтимоӣ ростқавл мемонад. Ё ин, ки дар оилаҳое, ки китобхонӣ ташвиқ карда мешавад, кӯдакон бештар ба илм ва дониш шавқ пайдо мекунанд.
Оила ҳамчун механизми интиқолдиҳандаи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзи забон, фарҳанг ва анъанаҳо бе оила ғайриимкон аст. Дар Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ҳамчун интиқолдиҳандаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар нигоҳдошти беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллӣ дониста шуда, маҳз аз ҳамин сабаб, дар татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақши оилаҳо муҳим арзёбӣ шудааст.
Аз ин хотир оиларо воситаи асосии интиқоли мероси фарҳангӣ аз насл ба насл медонанд. Масалан, дар оилаҳои тоҷикӣ анъанаҳои Наврӯз ва дигар суннатҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва таомҳои суннатӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ин раванд ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиро тақвият медиҳад.Оила на танҳо воҳиди иҷтимоӣ, балки воҳиди иқтисодӣ низ мебошад. Он дар истеҳсол, истеъмол ва тақсими неъматҳо иштирок мекунад.
Дар муҳити оилавӣ пеш аз ҳама нақши занон бузург буда, онҳо ҳамчун унсури асосии ташаккули оилаҳо маънидод карда мешаванд. Аз ин хотир дастгирии занон ин дастгирии оила ва ҷомеаву давлат маҳсуб меёбад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки санаи 28.12.2024 ба Маҷлиси Олӣ ва зиёиёни кишвар ироа гардид, Пешвои миллат таъкид карданд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”.
Дар ҳақиқат мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ боло рафта, дар сиёсати давлатӣ ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.Бояд гуфт, ки оила ва суботи иҷтимоӣ бо ҳам тавъам буда, оилаҳои устувор асоси суботи ҷомеаро ташкил медиҳанд. Оилаҳо сатҳи ҷинояткорӣ, бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоиро коҳиш медиҳанд. Масалан, тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҷавононе, ки дар оилаҳои солим ба воя мерасанд, ба рафторҳои хатарнок ё ҷинояткорӣ рӯ намеоранд.
Дар ҷомеаи тоҷикӣ низ оилаҳои суннатӣ бо назорати сахт ва дастгирии равонӣ ба тарбияи дурусти фарзандон мусоидат мекунанд. Ин омил ба нигоҳ доштани тартибот ва амнияти иҷтимоӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ оила бо як қатор мушкилот, аз қабили муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсири технологияҳо, тағйири арзишҳо ва ғайра рӯ ба рӯ гардидааст.
Масалан, муҳоҷирати меҳнатӣ дар Тоҷикистон боис мешавад, ки фарзандон, ё волидайн муддати дароз аз ҳам дур бошанд. Ин метавонад ба тарбияи фарзанд ва халалдор гардидани муҳити оилавӣ таъсир расонад. Аз тарафи дигар, технологияҳои муосир (интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ) метавонанд ҳам имконият ва ҳам хатар эҷод кунанд. Дар чунин шароит падару модар, дар тарбияи фарзанд ва бунёди оилаи солим бояд масъулияти пештар эҳсос карда, барои мутобиқшавии фарзандон ба шароити нав ва нигоҳ доштани арзишҳои ахлоқӣ ва инсонӣ дар муҳити оилавӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Хулоса оила пояи асосии рушди ҷомеа ва давлат буда, дар ташаккули шахсият, ҳифзи фарҳанг, рушди иқтисодӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Ҷомеае, ки ба таҳкими оила аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, метавонад ба пешрафти устувор ноил гардад.
Аз ин хотир зарур аст, ки барои ташаккули оилаи солим ва дар ин замина рушди ҷомеа ва давлат пеш аз ҳама волидон, мактабу маориф, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва умуман ҳар як нафар вазифаҳои худро содиқона иҷро намуда, дар амалишавии барнома ва стратегияҳои давлатӣ, ки дар самти ташаккули институти оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, саҳмгузор бошанд.
Сафарова Бону Қурбоновна - ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи иҷтимоии
Институти фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
