НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 соҳиби як рӯйдоди муҳим ва хотирмони таърихӣ яъне 35- умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мегардад, ки ин сана бо тантанаҳои бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Дар ин давраи калидии рушди таърихӣ, ҷавонон на танҳо ҳамқадами замони соҳибихтиёрӣ, балки ҳамчун омили калидии пешрафт, муҳофизи арзишҳои миллӣ ва тарроҳони фардои дурахшони кишвар эътироф мешаванд. Аз ин рӯ, таҳқиқу баррасии мавқеи ин қишри фаъоли ҷомеа дар устувор намудани рукнҳои давлатдорӣ аз муҳимтарин масоили илмӣ ба шумор меравад, зеро маҳз ҷаҳонбинии созанда ва иқтидори зеҳнии насли ҷавон уфуқҳои рушди сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.
Истиқлолияти сиёсӣ волотарин дастовард, сарвати бебаҳои умумимиллӣ ва нуқтаи авҷи таҳаввулоти таърихии ҳар як халқу миллат маҳсуб меёбад. Барои ҷомеаи Тоҷикистон касби соҳибихтиёрӣ дар соли 1991 заминаи воқеии эҳёи анъанаҳои давлатдорӣ, эътирофи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва шурӯи марҳалаи нави рушди мустақил гардид. Маълум аст, ки раванди дастёбӣ ба озодии сиёсӣ барои ҳар як миллат аз тай намудани роҳҳои печдору мураккаби таърихӣ вобаста аст. Даврони соҳибистиқлолӣ барои халқи тоҷик имконияти беназиреро ҷиҳати гузариш аз марҳалаи буҳронӣ ва эҳёи унсурҳои ҳувияти миллӣ, аз ҷумла забони модарӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хотираи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ фароҳам овард.
Дар зарфи 35 соли соҳибихтиёрӣ, дар фазои озоди сиёсӣ ва фарҳангӣ насли комилан наве ба камол расид, ки ҷаҳонбинии он аз қолабҳои мафкуравии гузашта озод аст. Ин ҷавонон бо дарки амиқи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва эҳтироми арзишҳои дунявӣ ташаккул ёфтаанд. Бо дарки амиқи ин неъмат, ҳар як фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон, бояд бидонад, ки сулҳу субот ва озодии бадастомада бо чӣ гуна арзиши гарон муяссар шуд
Дар шароити муосири асри XXI, таъмини соҳибихтиёрии воқеии давлатҳо бо сатҳи рушди илм ва технологияҳои инноватсионӣ робитаи зич дорад. Дар ин замина, ташаббуси стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» барои насли ҷавон заминаҳои мусоиди ҳуқуқию сохториро ҷиҳати азхудкунии рақамисозӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва самтҳои мухталифи инноватсионӣ фароҳам овард.
Имрӯз ҷавонони соҳибмаърифат ва пажӯҳишгарони тоҷик дар мусобиқаву ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ ҳамчун намояндагони сазовори кишвари худ баромад намуда, бо дастовардҳои зеҳнӣ ва тарҳҳои инноватсионии хеш дар устуворсозии амнияти иқтисодӣ ва технологӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Аз ин рӯ, тавсеаи уфуқҳои илмҳои дақиқ ва татбиқи амалии технологияҳои нави замон, аз ҷумла барномасозӣ, киберамният ва зеҳни сунъӣ, омили калидӣ ва кафили асосии устувории стратегии давлат дар оянда арзёбӣ мегардад.
Нигоҳдории устувори дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ раванди давомдор буда, аз ҳар як фарди ҷомеа масъулияти баланди умумимиллиро тақозо менамояд. Дар шароити муосири љањонишавї, ки гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва созмонҳои манфиатхоҳи геополитикӣ фазои маҷозиву иттилоотиро ба майдони асосии муқовиматҳои мафкуравӣ табдил додаанд, таъмини амнияти миллии кишвар мустақиман ба сатҳи ҷаҳонбинӣ ва тафаккури интиқодии насли ҷавон вобастагӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷараёнҳои тундрав бо истифода аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то шуури сиёсии ҷавононро деформатсия намуда, онҳоро ба самтҳои харобкор сафарбар созанд.
Дар замони мо усулҳои таҳдид ба Истиқлолияти давлатӣ дигар шудаанд. Имрӯз муборизаҳо бештар дар фазои интернет ва шабакаҳои иттилоотӣ сурат мегиранд. Ҳадафи асосии гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва тундрав ин аст, ки фикру андешаи одамонро вайрон кунанд ва онҳоро аз фарҳангу худрасии миллиашон дур созанд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз усулҳои нави психологӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бештар ба ҷавонон таъсир расондан мехоҳанд. Барои ҳамин, ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон бояд на танҳо сиёсатро хуб фаҳманд, балки ҳар як маълумоти интернетиро дуруст таҳлил карда тавонанд. Танҳо бо ҳамин роҳ онҳо метавонанд фикри худро аз таъсири ғояҳои харобкор ҳифз кунанд ва мавқеи устувор дошта бошанд.
Муқовимати стратегӣ ба чунин таҳдидҳо танҳо бо усулҳои маъмурии мудофиавӣ маҳдуд намешавад. Он ташаккули сиёсати фаъоли ҳуҷуми иттилоотиро аз ҷониби насли ҷавони соҳибилм талаб мекунад. Ҷавонони муосир бояд қобилият дошта бошанд, ки дар фазои маҷозӣ мундариҷаи созандаи миллиро тавлид кунанд, арзишҳои таърихию фарҳангиро тарғиб намоянд ва ба ин восита таблиғоти заҳролуди хориҷиро безарар созанд. Аз ин рӯ, азхудкунии фанҳои дақиқ, технологияҳои муосири барномасозӣ ва усулҳои амнияти киберӣ барои ҷавонони имрӯза як зарурати ҳаётан муҳим ва қисми ҷудошавандаи ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин замина, таҳкими «ҳисси масъулияти ватандӯстӣ» дар шуури ҷавонон бояд аз доираи шиорҳои назариявӣ ба марҳалаи амалияи илмию технологӣ гузарад. Мусаллаҳ шудан ба донишҳои муосир ва тафаккури солим, сипари пуриқтидорест, ки устувории мафкуравии ҷомеаро дар баробари фишорҳои глобалӣ кафолат медиҳад. Маҳз ҳамин омили зеҳнӣ замина мегузорад, ки дастовардҳои 35 соли соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихӣ барои наслҳои оянда бегард ва устувор нигоҳ дошта шаванд.
Дар ин заминаи мураккаб, ташаккули маърифати устувори сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун сипари боэътимоди идеологӣ ва унсури мудофиавии ҷомеа баромад мекунад. Насли соҳибмаърифат ва дорои тафаккури мантиқӣ ба таъсири таблиғоти ғояҳои бегона ва ҷараёнҳои иртиҷоӣ афтода наметавонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба хурофотпарастӣ ва ақидаҳои маҳз тавассути тарғиби арзишҳои созандаи илмӣ ва рушди тафаккури солим дар ҷомеа имконпазир мегардад. Масъулияти шаҳрвандӣ танҳо бо изҳори назарҳои назариявӣ маҳдуд нашуда, балки дар амал — тавассути эҳтироми қонунгузории амалкунанда, арҷгузорӣ ба рукнҳои конститутсионӣ, фаъолияти софдилона ва саҳми воқеӣ дар ободонию пешрафти сарзамини хеш таҷассум меёбад.
Таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо марҳалаи ҷамъбасти дастовардҳои таърихии кишвар, балки заминагузори уфуқҳои нави рушди стратегӣ маҳсуб меёбад. Ҳарчанд соҳибихтиёрии сиёсӣ ҳамчун падидаи беназири таърихӣ ба миллати мо насиб гардида бошад ҳам, ҳифз ва устувор намудани пояҳои он дар шароити муосири асри XXI вазифаи меҳварии ҳар як шаҳрванди дорои ҳувияти миллию сиёсӣ, бахусус насли ҷавон касб мекунад. Дурнамои рушди устувори давлатдорӣ ба фаъолияти ҷавононе вобаста аст, ки дорои ҷаҳонбинии илмӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошанд. Дар ниҳоят, маҳз тавассути кӯшишҳои муштараки созанда, азхудкунии заминаҳои назариявию амалии илм ва тафаккури инноватсионӣ устувории дарозмуддати ин дастоварди муқаддаси миллиро таъмин намудан имконпазир аст.
Содиқова Зарангез Абдувалиевна, аспиранти Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
