МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ МАОРИФ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУЛҲУ ИСТИҚЛОЛ ТО ДОНИШ, ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
31 августи соли 2026 дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, дар маросими Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ суханронӣ карданд. Ин мулоқот аз нигоҳи мазмун на танҳо як чорабинии анъанавии оғози соли нави таҳсил, балки баррасии муҳимми самтҳои стратегии рушди минбаъдаи маориф, илм ва тарбияи насли ҷавон ба ҳисоб меравад. Мазмуни суханронии Сарвари давлат нишон медиҳад, ки дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон масъалаи маориф аз доираи танҳо як соҳаи иҷтимоӣ берун рафта, ба омили стратегӣ ва заминаи асосии рушди иқтисодӣ, илмӣ, технологӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар табдил меёбад.
Дар шароити тағйирёбии босуръати ҷаҳон, рақобати технологӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва афзоиши талабот ба мутахассисони дорои донишҳои муосир, сатҳу сифати маориф бевосита ба иқтидори давлат ва рақобатпазирии он вобаста мебошад. Аз ин рӯ, марҳилаи нави рушди маориф тақозо менамояд, ки аз модели таҳсилоти танҳо донишмеҳвар ба низоми дониш, малака, касб, эҷодкорӣ, навоварӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ гузариш ба амал ояд.
Яке аз андешаҳои меҳварии суханронии Пешвои миллат робитаи мустақими сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ ва рушди маориф мебошад.
Дар ҳақиқат, таҷрибаи Тоҷикистон собит месозад, ки рушди устувори маориф бе муҳити орому осоишта ва суботи сиёсӣ имконнопазир аст. Мактаб, донишгоҳ, марказҳои илмӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ танҳо дар фазои сулҳ метавонанд вазифаи асосии худро, яъне тарбияи инсон ва омода намудани мутахассисони ояндаро самаранок иҷро намоянд. Дар суханронӣ таъкид гардид, ки дастовардҳои соҳаи маориф маҳз самараи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Ин андеша аҳамияти амиқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад. Зеро мактабу донишгоҳ танҳо муассисаи таълимӣ нестанд; онҳо муҳити ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ, фарҳанги шаҳрвандӣ ва муносибати насли ҷавон ба Ватан мебошанд.
Аз ин рӯ, Дарси сулҳ дар оғози соли таҳсил бояд барои ҳар як хонанда ва донишҷӯ дарси маърифати таърихӣ бошад: сулҳ арзиши бузургест, ки барои ҳифз ва таҳкими он дониш, маърифат, таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ зарур аст. Дар давоми солҳои истиқлолият дар соҳаи маорифи Тоҷикистон корҳои зиёди созандагӣ анҷом дода шудаанд. Мувофиқи маълумоти дар суханронии Пешвои миллат пешниҳодшуда, дар солҳои истиқлолият дар мамлакат 4135 бинои муассисаҳои таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст сохта ва ба истифода дода шудааст. Барои соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ зиёда аз 70 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 10 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар марҳилаи аввал вазифаи муҳимми сиёсати давлатӣ фароҳам овардани инфрасохтори зарурии таълимӣ буд. Аммо марҳилаи нави рушди маориф дигар танҳо бо зиёд намудани шумораи муассисаҳо ва ҷойҳои нишаст маҳдуд намешавад. Масъалаи асосӣ акнун сифати таҳсилот мебошад. Яъне, мактаби муосир бояд муҳити рақобатпазир ва эҷодкорона фароҳам оварда ба хонанда донишҳои замонавӣ диҳад ва малакаҳои таҳлилӣ ва мустақилона фикр карданро инкишоф диҳад, дар ин қатор хонанда аз технологияҳои рақами хуб истифода карда тавонад ва ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиӣ таваҷҷуҳи бештар диҳад, хонандаро ба интихоби дурусти касб омода созад ва ниҳоят фарҳанги шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро ташаккул диҳад. Ҳамин тағйирот моҳияти марҳилаи нави рушди маорифро ташкил медиҳад.
Яке аз масъалаҳои асосии мулоқоти 31 августи соли 2026 баланд бардоштани сифати таҳсилот буд. Сифати маориф аз якчанд омил вобаста мебошад: сатҳи касбии омӯзгор, мазмун ва сифати китобҳои дарсӣ, усулҳои таълим, муҳити таълимӣ, технологияҳои муосир, муносибати оила ба таълиму тарбия ва фаъолияти худи хонанда. Дар суханронӣ зарурати такмили маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи усулҳои пешқадами таълиму тарбия, таҳия ва нашри китобҳои дарсии насли нав, дастурҳои методӣ ва таъмин намудани муассисаҳо бо адабиёти илмӣ ва таълимӣ таъкид гардид. Ин масъала махсусан муҳим аст, зеро омӯзгори асри XXI танҳо интиқолдиҳандаи дониш нест. Ӯ бояд роҳнамо, мушовир, таҳлилгар ва ташаккулдиҳандаи қобилияти эҷодии хонанда бошад. Аз ин рӯ, рушди низоми бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон бояд яке аз самтҳои калидии сиёсати маориф боқӣ монад.
Хусусияти муҳимми марҳилаи нави рушди маориф дар он ифода меёбад, ки таълим бояд ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва технологияи муосир ҷавобгӯ бошад. Дар суханронии Пешвои миллат ба афзоиши талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳаҳои киберамният, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Ин масъала барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Ҷаҳони муосир ба марҳилаи иқтисоди донишбунёд ва рақамӣ ворид шудааст. Дар чунин шароит кишварҳое рақобатпазир хоҳанд буд, ки барои омода намудани мутахассисони дорои донишҳои технологӣ ва қобилияти навоварӣ сармоягузорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимӣ бояд ба муҳити рушди технологияҳои рақамӣ табдил ёбанд. Омӯзиши барномасозӣ, робототехника, зеҳни сунъӣ, киберамният, таҳлили додаҳо ва дигар самтҳои технологӣ бояд тадриҷан ба талаботи воқеии иқтисоди миллӣ мутобиқ карда шаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми суханронии Пешвои миллат зарурати тағйир додани муносибат ба мафҳуми таҳсилот ва диплом мебошад. Мақсади ниҳоии таҳсилот танҳо гирифтани шаҳодатнома ё диплом нест. Мақсади асосӣ ташаккули мутахассиси воқеӣ мебошад. яъне шахсе, ки дониш, касб, малака, таҷриба, масъулият ва қобилияти ҳалли масъалаҳои амалиро дошта бошад. Ин масъала бо талаботи бозори меҳнат робитаи мустақим дорад. Муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олӣ бояд ихтисосҳоро бо эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ҳамоҳанг созанд. Дар ҳамин замина, дар мулоқот ба рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, қабули Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026–2029 ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунаромӯзӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ин равиш имконият медиҳад, ки ҷавонон на танҳо соҳиби маълумот, балки соҳиби касб ва малакаи воқеии меҳнатӣ гарданд.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳо таваҷҷуҳ ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Барои иқтисоди муосир мутахассисони соҳаҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва муҳандисӣ заруранд. Бе чунин кадрҳо рушди энергетика, саноат, технологияҳои рақамӣ, тибби муосир ва дигар соҳаҳои стратегӣ душвор аст. Аз ин рӯ, дар суханронии Пешвои миллат ба таҳияи усулҳои инноватсионии таълими фанҳо, махсусан фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ, бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ таваҷуҳ зоҳир гардид. Ин раванд бояд аз зинаҳои аввали таълим оғоз шавад. Хонанда бояд на танҳо формула ё таърифро азёд кунад, балки мантиқ, таҳлил, таҷриба ва ҳалли масъалаҳоро омӯзад.
Дар марҳилаи рақамикунонӣ арзиши китоб коҳиш наёфтааст. Баръакс, дар шароити афзоиши ҳаҷми иттилоот қобилияти интихоби маълумоти дуруст ва таҳлил кардани он аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Дар суханронии Рӯзи дониш китоб, илм ва маърифат ҳамчун омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа арзёбӣ гардиданд. Аз ин рӯ, рушди фарҳанги мутолиа бояд яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таълимӣ бошад. Хонандаи муосир бояд ҳам китобҳои дарсӣ ва ҳам адабиёти илмӣ, бадеӣ ва фарҳангиро мутолиа намояд. Мутолиа қобилияти тафаккур, захираи луғавӣ, ҷаҳонбинӣ ва малакаи таҳлилиро инкишоф медиҳад.
Маориф аз тарбия ҷудо нест. Ҳадафи мактаб танҳо таълим додани фанҳо нест, он бояд шахсияти комилро низ ташаккул диҳад. Дар суханронии Пешвои миллат ба он таъкид гардид, ки давлати қавӣ ба ҷавононе такя мекунад, ки дорои дониш, касб, ҳунар, маҳорату малака, фарҳанги баланд, ахлоқ ва ҳисси ватандӯстӣ мебошанд. Ин андеша барои дарки моҳияти маориф аҳаммияти махсус дорад. Мутахассиси баландихтисос бояд ҳамзамон шахси масъулиятшинос, ватандӯст, дорои ахлоқи баланд ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа бошад. Аз ин лиҳоз, тарбияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих, забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ, сулҳу ваҳдат ва арзишҳои шаҳрвандӣ бояд дар тамоми раванди таълим ҷойгоҳи муҳим дошта бошад.
Маънии асосии «Дарси сулҳ» дар оғози соли таҳсил маҳз дар пайванди сулҳ, дониш ва ояндаи давлат ифода меёбад. Сулҳ шароити таҳсилро фароҳам меорад, маориф бошад, барои ҳифзи сулҳ заминаи маънавӣ ва зеҳнӣ месозад. Ҷомеаи босавод ва дорои тафаккури интиқодӣ бештар қобилияти шинохти таҳдидҳои иттилоотӣ, дезинформатсия ва ифротгароиро дорад. Аз ин рӯ, таҳкими маориф яке аз воситаҳои муҳими пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар ҳамин замина, ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда», ки моҳи июни соли 2026 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Пешвои миллат ин қарорро ҳамчун далели талошҳои пайвастаи Тоҷикистон барои ҳифзи сулҳу оромӣ дар ҷаҳон арзёбӣ намуданд.
Аз муҳтавои суханронии Пешво миллат, муҳтарам Э. Раҳмон дар 31 августи соли 2026 метавон як қатор вазифаҳои калидии марҳилаи нави рушди маорифро ҷудо намуд; аввал ин баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини рақобатпазирии низоми маориф, дуюм бошад ин такмили пайвастаи маҳорати касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо, сеюм, таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва мутобиқ
намудани мазмуни таълим ба талаботи замони муосир, чорум бошад ин рушди таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия, панҷум ин рушди таҳсилоти касбӣ ва мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнати замони муосир, шашум ин густариш додани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳафтум ин рушди технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, киберамният ва зеҳни сунъӣ, ҳаштум ин таҳким додани робитаи маориф, илм ва истеҳсолот, нӯҳум бошад тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат, касбдор, ватандӯст ва дорои фарҳанги баланди шаҳрвандӣ, ва дар охир ин таҳкими фарҳанги сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар муҳити таълимӣ.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз 31 августи соли 2026 аз нигоҳи мазмун як барномаи муҳимми рушди минбаъдаи соҳаи маорифро муаррифӣ намуд. Дар маркази он масъалаи гузариш аз рушди миқдорӣ ба рушди сифатӣ, аз таълими анъанавӣ ба таҳсилоти инноватсионӣ ва аз дипломмеҳварӣ ба мутахассисмеҳварӣ қарор дорад. Марҳилаи нави рушди Тоҷикистон тақозо мекунад, ки маориф ба талаботи иқтисоди рақамӣ, илм ва технологияҳои муосир мутобиқ гардад. Зеро сармояи асосии давлат дар асри XXI на танҳо захираҳои табиӣ, балки дониш, қобилияти инсонӣ, илм, технология ва кадрҳои соҳибихтисос мебошанд. Аз ин нуқтаи назар, мактаб ва донишгоҳ бояд на танҳо ҷойи гирифтани дониш, балки маркази ташаккули шахсияти нави соҳибмаърифат, касбдон, эҷодкор, технологӣ, ватандӯст ва масъулиятшинос бошанд.
Дарси сулҳи соли 2026 моро водор месозад, ки робитаи байни сулҳ ва дониш, истиқлолият ва маориф, илм ва рушди миллӣ, технология ва ояндаи давлатро амиқтар дарк намоем. Ҳамин тариқ, агар сулҳ заминаи рушди маориф бошад, пас маорифи босифат ва насли донишманду соҳибкасб кафолати ҳифзи сулҳ, таҳкими истиқлолият ва идомаи рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Бедилзода Ҳ.- мудири шуъбаи ИФС ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ
