КОНСТИТУТСИЯ – АРЗИШИ МУҲИММИ ИҶТИМОӢ
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи навро ба миён гузошт ва бо ин сабаб, дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ барои таҳияи лоиҳаи Конститутсия таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи махсус таъсис дода шуд. Комиссия таҷрибаи ҳуқуқии даврони шуравӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқиро омӯхта, бо назардошти иродаи мардум, талаботи нави иҷтимоии шаҳрвандон, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Маҳз қабули саривақтии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари аз байн рафтани кишвар ва миллати тоҷикро пешгирӣ намуд, асосҳои сохтори давлатӣ муайян гардиданд ва барои танзими паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ санадҳои меърӣ-ҳуқуқии зарурӣ қабул шуданд. Бо шарофати ин санади тақдирсоз пояҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон мустаҳкам гардиданд ва барои расидан ба Ваҳдати миллӣ замина гузошта шуд. Ҷомеа пайваста дар ҳолати тағйироту рушд аст, давра ба давра талабот ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ ба миён меоянд. Зарурати қонеъ гардонидани талабот ва муносибатҳои нави шаҳрвандони Тоҷикистон ба Конститусия ворид намудани тағйироту иловаҳоро талаб менамуданд, ки дар натиҷа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз беҳтарин ҳуҷҷати арзишманди ҳуқуқии ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, муҳимтарин арзиши иҷтимоӣ мебошад, зеро он барои ба тартиб даровардан ва танзим намудани муносибатҳои иҷтимоии байни шаҳрвандон, байни шаҳравандон ва ҳокимияти давлатӣ, байни шаҳрвандон ва ташкилоту институтутҳои иҷтимоӣ қабул шудааст. Мақсади ниҳоии қабули Конститутсия таъмини сулҳу ваҳдат ва амнияти миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини фазои мусоиди иҷтимоӣ барои ҳаёту фаъолияти одамон, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоёну арзандаи аҳолӣ ва аз ҳама муҳим ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии афроди осебпазиру эҳтиёҷманди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳори назар намуданд: “Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ин санади муқаддаси давлати соҳибихтиёр истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, шакли идораи давлатро муайян намуд.
Конститутсия, ҳамчунин, барои ташкил ва таҳкими низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва омили таъминкунандаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гардид. Ин санади таърихӣ, инчунин, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро муайян намуда, низоми мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар кард ва механизми амалигардонии онҳоро кафолат дод.
Бо гузашти сӣ сол аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯйи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад. Яъне бунёди ҷомеаи муосири озоду демократӣ, дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон, рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба мо маҳз дар натиҷаи татбиқи бомароми меъёру муқаррароти Конститутсия муяссар гардид”.
Дар моддаи якуми Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Давлати иҷтимоӣ баробарии ҳуқуқҳои иҷтимоии ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз хусусиятҳои фардӣ ва иҷтимоияшон кафолат медиҳад. Давлат ба ҳамаи шаҳрвандон таъминоти ҳадди ақали маош, кӯмаки суроғавӣ, нафақаи ҳадди ақал ва амсоли инро кафолат медиҳад. Одамони ташаббускор, фаъол ва қобилиятнок барои бо роҳи қонунӣ соҳиб шудан ба неъматҳо ва хизматрасониҳои зиёд имконият доранд. Дар баробари ин, давлат одамони эҳтиёманд ва оилаи онҳо тавассути кумакҳои иҷтимоӣ расонад дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ мусоидат менамояд.
Дар низоми қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи занон масъалаи ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии оила низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Масалан, дар моддаи 33-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ниҳоди муҳимми ҷамъиятӣ буда, давлат ҳимояи модару кӯдакро кафолат дода, “барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд”.
Ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ аз ҷумлаи муҳимтарин ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи моддаи 35-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст” .
Дигар ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиб будан ба манзили истиқоматӣ мебошад, ки дар моддаи 36-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст: “Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад”. Албатта, ин масъала барои Тоҷикистон аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аксарияти оилаҳои Тоҷикистон серфарзанд буда, дар ҳолати оиладор шудани фарзандон ба масъалаи таъмини манзили истиқоматӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо тамоми кушишҳоро ба харҷ медиҳанд, ки ин масъаларо мувофиқи имконият ҳал намоянд.
Нишондиҳандаи муҳимтарини некуаҳволии иҷтимоию иқтисодии кишвар вазъи тандурустии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, ки беҳтар намудани саломатии аҳолӣ на танҳо вазифаи тиббӣ, балки вазифаи иҷтимоӣ низ мебошад. Тандурустӣ ва саломатии аҳолӣ сарвати миллӣ ба ҳисоб меравад, ҳифз ва барқарорнамоии он барои рушди ҳар кишвар аҳаммияти калон дорад. Дар моддаи 38-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад”.
Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва саломатии миллат ба пешгирии афзоиши сатҳи бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок нигаронида шудааст. Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Муҳимтарин самти сиёсати давлатии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрон мебошад. Мувофиқи моддаи 39-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад”. Яке аз гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ шахсони маъюбиятдошта мебошанд, ки ҳифзи иҷтимоии онҳо мавриди таваҷҷуҳи ва ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Рушди соҳаи маорифи миллӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат ва таълиму тарбияи насли наврас мақоми афзалиятнокро соҳиб гардида, ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад”.
Ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ба таҳсил дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф, ин пеш аз ҳама, сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон мустаҳкам гардидаанд. Меъёрҳои ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудаанд. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин ишора шудааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Дар моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди қонунҳо дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст: «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Конститутсия ба сифати дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷомеа таъсир мерасонад, барои иҷтимоишавӣ, худмуайянкунии иҷтимоӣ, дар амал татбиқ намудани қобилияту маҳорати шахсӣ, пешрафти касбию шахсӣ, ҷойивазкунии иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи сазовор дар муҳити иҷтимоӣ, содир намудани рафтори муфиди иҷтимоӣ, пешгирии каҷрафториҳои иҷтимоӣ, ҳифз ва барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, рушди неру ва сармояи инсонӣ мусоидат карда метавонад. Тавассути Конститутсия ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандон имконпазир мегардад, онҳо ба меъёрҳои Конститутсия такя карда, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда метавонанд, роҳи рушди имрӯзаю ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия нишон дода шудааст.
Конститутсия талаботу манфиатҳои заминавӣ ва асосии тамоми табақаҳои иҷтимоии Тоҷикистонро таҷассум менамояд. Ҳамзамон, Конститутсия роҳнамои амалу фаъолияти тамоми субъектони муносибатҳои иҷтимоӣ новобаста аз мақоми иҷтимоӣ, вазъи иқтисодӣ ва эътиқоду сатҳи рушди шахсӣ буда, дар он аз ҳамаи шаҳрвандон қонунпазирӣ, риоя ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, содиқ будан ба Ватан, эътирофи ҳокимияти конститутсионӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд талаб карда мешавад. Ин санади ҳуқуқии сарнавиштсоз дар муайян намудани сиёсати ҳуқуқӣ ва асосҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва амнияти давлатӣ, ба танзим даровардани фазои ҳуқуқии кишвар ва аз ҳама муҳим нигоҳдошти якпорчагии давлатамон нақши хело бағоят бузург дорад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир дарки моҳияти конститутсия, сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Мувофиқи таҳқиқотҳои сотсиологӣ сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон дар маҷмуъ қаноатманкунанда нестанд. Аксарияти аҳолӣ дар сатҳи кофӣ ба мазмуни Конститутсия шинос нестанд ва бо ин сабаб, дар ҳолатҳои зарурӣ аз муқаррароти он истифода бурда наметавонанд. Як сабаби каҷрафторӣ ва гаравиши баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ маҳз паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва надонистани мазмуну моҳияти Конститутсия мебошад.
Дар таҳқиқоти сотсиологие, ки охири соли 2023 ва аввали соли 2024 аз ҷониби кормандони шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ бо ҳамкорӣ бо мутахассисони кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ дар мавзуи «Ватандӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳувияти миллӣ ва муқовимат ба муқобили экстремизм дар шароити ҷомеаи муосири Тоҷикистон» гузаронида шуд, 23,0%-и мусоҳибон пурра ва 53,6%-и дигар қисман Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хондаанд, ҳамзамон 21,6%-и мусоҳибон умуман ба ҳуҷҷати муҳимми ҳуқуқӣ шинос нестанд.
Аз ин рӯ, тарбияи ҳуқуқии шахс, баланд бардоштани сатҳи шуур ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимми омӯзгорон, аҳли зиё ва мақомоти масъули давлатӣ ба ҳисоб меравад. Баланд бардоштани сатҳи шуур ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон барои эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон чунин баён намуданд: «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз роҳҳои муҳимму самараноки таъмини волоияти қонун, риояву иҷрои бечунучарои он ва ҳамзамон бо ин, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад. Дар баробари иҷрои дигар вазифаҳои масъулиятнок мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Худи ҳаёт нишон медиҳад, ки баъзе шаҳрвандони кишвар маҳз бо сабаби надонистани талаботи қонун ба ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ медиҳанд. Дар шароити ҷаҳони имрӯза шаҳрвандон бояд дорои сатҳи баланди донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ бошанд, то ки вазъияти кунунии ҷаҳон ва минтақаро ҳамаҷониба дарк карда, мавқеи худро дуруст муайян карда тавонанд».
Хулоса, волоияти қонун, қонуният ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқ дар Конститутсия таҷассум ёфтааст. Тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва ба он мувофиқ мебошанд. Мо, донишҳои аввалини ҳуқуқиро аз Конститутсия дастрас менамоем, ба таври умумӣ аз Конститутсия дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсонию шаҳрвандӣ ва уҳдадориҳои асосии худ дар назди давлат ва ҷомеа огоҳ мешавем. Конститутсия муқаддасоти миллӣ мебошад, аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба Конститутсия, донистан, риоя ва иҷро намудани муқаррарот ва талаботи он қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.
Мирзода Фирӯз Сафаралӣ ходими калони илмии шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
