ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ТАБЛИҒГАРИ ФАРҲАНГИ СУЛҲ
Яке аз марҳилаҳои хело ҳассосу нозук ва дар айни замон тақдирсози миллати тоҷики мо ин давоми солҳои 90-уми асри сипаришуда мебошад. Бо таназзул ёфтани низоми Шӯравӣ собиқ давлатҳои иттифоқӣ роҳи мустақилияти усули давлатдориро пеш гирифтанд. Дар ин қатор Тоҷикистон низ дар остонаи солҳои 90-ум истиқлолияти хешро ба даст овард. Расидан ба ин таҳавуллоти таърихӣ, ки ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, бо гаронӣ ба даст омад. Агар дар он айём ба даст овардани истиқлолият осон ба назар намояд, вале ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар паи талоши бемантиқонаи афроди алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб, ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Хатари парокандашавии миллат ва суқути давлатдории он бармало эҳсос мегардид.
Нерӯҳои марказгурезу манфиатхоҳ таҳти шиорҳои авомфиребонаи хеш бо мақсади амалӣ сохтани ниятҳои нопоки худ бо ҳам дар муқовимат буданд. Кинаҷӯию хусуматварзӣ ва қасосгирию бадхоҳӣ хислати ҳамешагии ин гуна қувваҳо гардида буд. Ҳатто бархе аз чунин гуруҳҳо дар иртибот бо нерӯҳои хориҷии манфиатхоҳ дар паи тақсиму нобудкунии давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буданд. Махсусан, ҳодисаҳое, ки дар соли 1992 ба вуҷуд омаданд, ифшогари муаммоҳои дар боло зикршуда мебошанд.
Агар ба таърихи назар кунем, миллати куҳанбунёди тоҷик дар масири таърих азиятҳои зиёдеро аз дасти ғосибон кашидааст. Пас аз ҳазор соли бедавлатӣ тоҷикон соҳиби давлат шуданд. Истиқлолияти давлатӣ бо кашмакашҳои сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Оташи фитна дар кӯчаю ҷодаҳои давлати нав ба истиқлол расида аланга зада, хонаву анвои мардумро ба коми худ кашида, навҳаи модари ҷигарсузи тоҷикро ба само печонд ва телевизионҳои олам аз ҷанги шаҳрвандии кишвари тоҷик хабарҳо пахш мекарданд.
Таҳлили мунсифонаи раванди шаклгирии давлати муосири тоҷик муайян менамояд, ки мо баъди таҳияи ҳокимияти давлатӣ дар шароити ноороми ҷанги шаҳрвандӣ, ташаккули низомӣ ҳуқуқӣ, оташбаси ҷанги шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ, барқарор намудани иқтисодиёти миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дигар унсурҳои муҳимми ҳастии давлати миллии муосири тоҷик бевосита вобастагӣ дорад, ба амалкардҳои фарзанди содиқ, вафодор, қаҳрамон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дубора ба даст омад.
Тавре, ки сиёсатшиноси тоҷик С.С.Ятимов менависад: «Масъалаи шахс (раҳбар) ҳамчун субъекти сиёсӣ, мисли дигар паҳлуҳои воқеияти ҷамъиятӣ, ҷанбаҳои таҳқиқи публитсистӣ, бадеӣ, эстетикӣ ва ҳамзамон мардумӣ дорад. Аммо таъкид бояд кард, ки дар илми давлатшиносӣ раҳбарии сиёсӣ аз муҳимтарин масъалаи илмӣ, объекти омӯзиш ва арзёбӣ ба ҳисоб меравад. Муносиботи сиёсӣ маҷмӯи муносибатҳои ниҳоят мураккаби субъектҳои сиёсӣ дар доираи система, структура ва функсияҳои сиёсӣ мебошад.
Масъалаи раҳбарии сиёсӣ дар муддати зиёда аз панҷ ҳазор сол ва зиёдтар аз он, яъне аз замоне ки эҳсоси зарурати ҳатмии сохтани муассисаи барои ҷомеа ҳаётан муҳим, таҳти номи давлат (state) дар майнаи Homo Sapience (зуҳуроти соҳиби шуур) ба вуҷуд омад, пайдо гаштааст. Ин ангеза (лидери сиёсӣ) масъалаи (талаботи) шахсӣ, фардӣ, танҳо тамоюли марбути як нафар набуд ва нест. Он тақозои ҳаётан муҳимми давлат, миллат, аз умдатарин қонуният ва омили рушди ҷомеаи маданӣ мебошад. Тавре дида мешавад тайи ин 30 соли истиқлол дарвоқеъ корҳои зиёди созандагию ободкорӣ ба сомон расидаанд. Вале оё метавон, ки аз роҳи тайкарда хулоса накард ва барои фардо андеша наронд? Албатта, не. Дар қатори таҳлилу баррасӣ ва ислоҳи камбуду норасоиҳо, таҷриба собит менамояд, ки нақши қадршиносию шукргузории неъматҳо дар рушди давлатдорӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва қаҳрамонони миллат воситаи муассири рушд ва низоми давлатдорӣ дар ҳама давру замонҳо будааст».
Масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост. Агар ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат бошад, ӯ албатта, ба мақсад мерасад, дар акси ҳол не. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар шароите, ки садою нолаи модарон аз ҷонибҳо ба дуо баланд мешавад, даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб менамуд. Вале ин роҳи ягона буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки хостори созиш ва сулҳ набуданд, дар ҳарду ҷониб зиёд буданд. Роҳбари ҷавон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо сари зону нишастан назди рамзи озодии миллат – Парчами давлат бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.
Дар чунин айёми даргириҳо дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI – и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992) баргузор гардид. Дар ин анҷумани таърихӣ хушбахтона ақли закию хиради воло ғалаба намуд, ки фарзанди барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ба қавли устоди равоншод Лоиқ «Раҳми парвардигори мо омад», ки чунин шахсият дар он солҳои пурдаҳшат сарварии миллату давлати моро ба уҳда гирифт.
Пас аз ин маҷрои давлатдории тоҷикон роҳи навро пеш гирифт, ки ин роҳ роҳи ҳаёти дурахшон, роҳи саодат, роҳи адолат, роҳи созандагӣ, роҳи ваҳдат ва роҳи худшиносию меҳанпарастӣ буд. Аз ин рӯ ин иҷлосияро дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳақиқат нуқтаи таҳаввул ва омили сарнавиштсоз ҳисобидан мумкин аст.Аз ибтидо дар суханронию фаъолияти Президент маълум буд, ки ин шахс инсони фавқуллодаест, ки сухану кораш якест.
Дар он айёми пурфоҷиа, ки кам касон вазифаи роҳбарии давлатро ба уҳда мегирифтанд ӯ ягона чеҳрае буд, ки манфиатҳои худро пушти по зада барои ҳифзи манфиатҳои омма, ба хусус қишри осебдида талош меварзид. Замоне, ки ӯ дар ин ҷода гомҳои ҷиддию қавиирода мегузошт баъзе аз бо ном «дилсӯзони миллат» паи иҷрои орзуҳои «тиллоӣ»-и худ буданд. Эшон мехостанд аз ин парешонию саргардонӣ чизе барои худ созанд ё биситонанд.Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи ХVI маҳз ба масъалаи ба ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон ихтисос ёфта буданд.
Қонунҳо «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», ин ҳама дар асл баёнгари сиёсати роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ буданд, ки ба сулҳ ва ваҳдати мардуми кишвар бахшида шуда буданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданаш дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.
Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Аз ин гуфтаҳо ба таври возеҳу равшан бармеояд, ки ӯ аз рӯзҳои аввал ба хуби ин масъулиятро яъне масъулияти роҳбариро хуб дарк намуда, хизмат барои миллату давлатро қарзи виҷдонии худ мешуморид. Дар ин радиф файласуфи Чини қадим Конфутсий дуруст мефармояд, ки «Некон ба ҳукми виҷдон анҷоми вазифа мекунанд ва бадон ба хотири рутба ва мақом».
Аз он рӯзгор инак 35 сол сипарӣ шуд. Таҷрибаи солҳои минбаъда нишон дод, ки ин марди шариф бо талошҳои созандаи хеш тавонист ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро бо Ваҳдати миллӣ мубаддал созад. 27 июни соли 1997 баъди талошҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллат мо ба шароити сулҳу ваҳдат расидем. Ҳар фарди соҳибхирад имрӯз хуб дарк мекунад, ки Тоҷикистони мо таи ин муддат бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар тараққиёти ҳама соҳаҳо муваффақ гаштааст. Таъмини ваҳдату оромӣ дар мамлакат тақдири ояндаи давлатдории тоҷиконро мустаҳкам намуд.
Ҳақ ба ҷониби файласуфи олмонӣ Освалд Шпенглер аст, ки дар бораи чунин афрод мефармояд: «Мардони бузурги таърих сарнавишти миллатҳоро таъйин мекунанд».
Хушбахтона, баъди асрҳои бедавлатӣ офтоби бахт ба рӯи ин мардуми дар тӯли таърих азияткашида хандида, истиқлолияти сиёсиро ба даст оварданд. Истиқлолияти воқеии кишвар барои халқи тоҷик фарзанди фарзонаеро тӯҳфа намуд, ки ӯ ба захми миллат дору гардида, онро аз нав эҳё намуд.
Он абарманди Ватан, ки халқи моро раҳбар аст,
Хофизи номуси нанги тоҷдорон мешавад.
Чун кафили сулҳу ваҳдат ӯ ба майдон омада,
Қавми моро ифтихори давру даврон мешавад.
Эй Худованд бош нигаҳбонаш зи чашми душманон,
Бо чунин шоҳ тоҷи халқам боз дурахшон мешавад.
Зиёева З.И. ходими илмии Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИ
